Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

Зери ин унвон санаи 20 марти соли 2024 дар толори масҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатииноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи фарҳанг ҷамъомад бо иштироки аҳли фарҳанги ноҳия доир гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо аҳли фарҳанги ноҳияро ба иди касбиашон табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки фарҳанг пайвандгари маънавии наслҳо буда, ҷавҳари ақлонӣ ва таърихи миллатро устувор мегардонад.
Ба Кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия, ки дар пешрафти соҳа саҳми босазо гузоштаанд бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва бахши фрҳанг сарфароз гардонида шуданд.