Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «СУРУДИ АЛЛА» ТАҲТИ УНВОНИ «АЛЛА-ИФШОГАРИ ОРЗУҲОИ МОДАР»

Бахши  фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни “Рӯзи модар” ва баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил, ки оила асоси пешрафт ва устувории давлат аст ва ба хотири арҷгузорӣ ба расму ойини миллӣ, мероси ниёгон, анъанаҳои миллии мардуми тоҷик ва густариши маънавиёти ҷомеа роҳандозӣ намудааст.
Дар ин росто  24.02.2024 дар  асоси нақша чорабиниҳои  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Рашт ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҷамоати шаҳраки Навобод озмӯни «Суруди Алла» баргузор гардид.
Дар озмун ба ҳайси ҳакамон иштирок доштанд муовини раиси ноҳия Хушмаҳмадзода  Фарзона, мудири шуъбаи кор бо занон  ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири бахши фарҳанги ноҳия Лоиқова Зумрат.
Сараввал муовини раиси ноҳия Хушмаҳмадзода  Фарзона  оид ба муносибатҳои байналмилалӣ  суханронӣ  намуда,  меҳмононро  хуш омадед гуфта, аз моҳияту шартҳои озмуни  мазкур ба ҳамагон маълумот дода, ба кори озмун барор хостанд.
Озмун ҳамасола дар арафаи  Рӯзи  модар ташкил ва баргузор мегардад. Дар озмун занону бонувон ва духтарон даъват карда мешаванд.
Озмуни “Суруди алла” бо фарогирии занону духтарони бахшҳои фарҳанг, китобхона, осорхона, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мактабҳои санъат ва мусиқӣ, ансамблҳои оилавӣ   дар ду давр сурат мегирад.
Даври аввали озмун дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз 1-ум то 28- уми феврал гузаронида шуда, даври дуюми озмун рӯзи 6-уми март дар маркази нояҳия  Рашт  баргузор мегардад.