Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  МУҚИМӢ РАҲИМҶОН НАБИЗОДА БАХШИДА БА ҶАШНИ САДА

Фарорасии ҷашни бостонию мардумии Садаро ба кулли сокинони ноҳия табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадон дастурхони пур аз нозу неъмат, хайру баракат, хотирҷамъӣ ва дастоварду музаффариятҳои беназир таманно менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Сада 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байнидавлатии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар Ботсвана баргузор шуд, бо ташаббуси муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ ба ҳисоб рафта, мову шумо вазифадорем, ки ба он эҳтиром гузошта, ба саҳифаҳои расму оини миллиамон назар андӯхта, онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Аз ин ҷост, ки бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Сада дар қатори ҷашнҳои таърихӣ ва миллии тоҷикон – Наврӯз ва Меҳргону Тиргон аз нав эҳё гардид.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми як сол қаблии худ дар робита ба арзишу аҳамият ва нақши ин идҳои бостонӣ таъкид намуданд: “Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд”.

Дар осори илмию фарҳангии абармардони тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯбакр Муҳаммади Наршахӣ ва дигарон оид ба ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд. Тибқи ин маълумот моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ мардум онро аз қадим гиромӣ медоштанд.

Сада аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мо аст, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон қарор дорад ва дар фарҳангномаҳо ва осори назму насри пешиниёнамон зиёд ёд шудааст. Дар таърихи куҳани мардуми мо панҷ моҳ, яъне аз оғози моҳи обон то анҷоми моҳи исфандро фасли сармо ё зимистони бузург ном мебурданд. Ҷашни Сада оғози коҳиш ёфтани фасли сармо аст, яъне сад рӯз пас аз оғози ҳамин фасли сармо ва панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз то ҷашни Наврӯз ҷашни Сада ё ҷашни оташ таҷлил мегардид. Сада дар фарҳангномаҳо, аз ҷумла «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Алиакбари Деҳхудо ва фарҳангҳои дигар ғолибан ба маънии ҷашн аст, ки дар даҳуми моҳи баҳман, яъне сад рӯз пас аз оғози зимистони панҷмоҳа дар сарзамини ориёиҳо баргузор мешуд ва дар ин ҷашн мардум оташафрӯзӣ менамуданд.

Дар «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» омадааст, ки Сада мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ «сазақ» ва «садақ» шудааст, ҷашне мебошад, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ дар маросими хосса анҷом мегирад.

Абулқосим Фирдавсӣ бунёд ниҳодани ҷашни Садаро ба Ҳушанги Пешдодӣ марбут дониста, чигунагии пайдоиши ин ҷашнро дар «Шоҳнома» тасвир намудааст. Фишурдаи тасвири ӯ ин аст, ки Ҳушанг бо гурӯҳе сӯйи кӯҳ рафт ва мори сиёҳи бузург дид. Санге ҷониби мор андохт. Санг ба мор нарасид, вале ба санги дигар бархӯрд ва аз бархӯрди ду санг оташ берун ҷаст. Ҳарчанд мор кушта нашуд, вале рози пайдо намудани оташ ошкор шуд. Ҳушанг шукри Яздон ба ҷой овард ва оташро ба сифати «фурӯғи эзадӣ» қиблаву маҳалли парастиш қарор дод. Чун шаб фаро расид, оташе чун кӯҳ барафрӯхт ва бо ёрон гирди он оташ бода хурду шодмонӣ намуд ва ба ин тариқ ҷашни фархундаи Садаро бунёд ниҳод.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Он пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр (офтоб) истиқбол гирифта мешуд.

Аз ин рӯ, мардуми тоҷик иди Садаро чун рамзи оғози бедории табиат, омодагӣ ба мавсими кишту кор ва амалу нақшаҳои фаъолияти минбаъда, марҳилаи ҷадиди орзуҳои нек пешвоз мегиранд.

Мо ифтихор аз он дорем, ки ноҳияамон дар миқёси ҷумҳурӣ бо доштани боғҳои истеҳсоли меваҳои шаҳдрезу заминҳои киштбоби картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷои намунавиро ишғол менамояд.

Барои кишоварзони ноҳия ва тамоми деҳқонон шароитҳои мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия бо ҷалби бахши хусусию давлатӣ ва шарикони рушд ин соҳа ҳамеша дастгирӣ меёбад.

Имрӯзҳо, ки боришот нест, шинондани дарахтон, шудгори байни боғот, ба шакл даровардани дарахтон, ба саҳро баровардани поруҳои минералӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва дигар корҳои вобаста ба ин соҳа айни муддаост.

Ба ин хотир, аз мардуми меҳнатдӯсти ноҳия даъват менамоям, ки ҳар як рӯзро самаранок истифода намуда, таъмини иҷрои корҳои саҳроиро суръат бахшанд. Оид ба шинондани дарахтони ҳамешасабз ва кабудизоркунии майдонҳо дар назди идораву ташкилотҳо низ чораҳои лозимӣ андешанд.

Дар охир бори дигар сокинони ноҳия ва тамоми мардуми шарифи кишварро ба ин ҷашни муқаддас шодбош гуфта, боварии комил дорам, ки соли равон иди Сада файзу баракат ва фаровониро ба хонадони ҳар сокини кишвар армуғон оварда, ҳамагонро ба иҷрои амалҳои нек, ташаббусҳои тоза ва ободонию созандагӣ ҳидоят хоҳад намуд.