Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Қадрдонии раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба ғолибони даври  озмуни  Ҷумҳуриявӣ  «Илм- фуруғи маърифат»            


   Аз ҷониби раиси ноҳия ба ғолибони даври озмуни ҷумҳуриявии  «Илм фуруғи маърифат» ва омӯзгороне, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми бориз доранд ба ифтихорнома ва туҳфаҳои пули  қадрдонӣ карда шуданд.

     Аз ҷумла, хонандаи хатмкунандаи  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 Гулноз Азизова ки  дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм фуруғи маърифат» ҷой 2юмро дар соли 2023 ишғол намудааст   ба маблағи 1500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.        
Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси Асосгузори сул
ҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар ҳаводорони зиёдеро ба ҳам оварда, дар муаррифии чеҳраҳои китобхон, донишманд, суханвар ва эҷодкор нақши боризе гузошта истодааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон, падару модарон, хонандагону омӯзгорон, донишҷӯёну намояндагони касбу кори гуногун ҷиҳати дастгирии ташаббуси Пешвои миллат тамоми неруи зеҳнии худро равона карда, дар чор зинаи озмун донишу маҳорати худро муаррифӣ намуданд.