03 январи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия маҷлиси васеъи назди раиси ноҳия баргузор гардид. Рӯзномаи маҷлис иборат аз якчанд масъалаҳои муҳим, аз ҷумла Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат буд.
Дар маҷлис раиси ноҳия муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, муовинони раис, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба расондани мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд сурат гирифт.
Инчунин доир ба ин масъала қарори раиси ноҳия аз 02 январи соли 2024, №1 ба тасвиб расида, шахсони масъул дар гуруҳҳои таблиғотӣ шомил карда шуда, барои ба самъи аҳолии ноҳия расонидани мазмун ва муҳтавои Паём-Роҳнамо сафарбар карда шуданд.