Дар партави сиёсати ободкоронаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар беморхонаи марказии ноҳияи Рашт корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Ба сардии ҳаво нигоҳ накарда зиёда аз 150-нафар коргарон кору фаъолият доранд, ки дар муҳлати муайяншуда корҳои сохтмониро ба анҷом расонанд. Баҳри дар сатҳи баланд ва бо талаботи замон ҷавобгу сохтани ин бино раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси миллӣ– Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ҳамарӯза аз корҳои анҷомдодаи сохтмончиён бо хабар гашта, ба онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Мудири бахши иттилооти
МИҲД–и ноҳияи Рашт: Т. Хоҷаев