Ҳамасола, 18-уми август бахшида ба иди касбии табибони Тоҷикистон, зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино ва ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гушаву канори мамлакат ҳамоишҳои бошукӯҳи идона доир гашта истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки касби табибӣ яке аз пешаҳои муҳимтарини инсонӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хоса дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз доранд. Зеро инсон дар рафти зиндагӣ ҳамеша бо бемориҳо рӯ ба рӯ мешавад ва ягона нафаре, ки дар чунин ҳолат ба дарди онҳо дармон шуда метавонад, ин табиб аст. Аз ин ҷост, ки мардум ба табибон ҳамчун наҷотбахши ҷони хеш муроҷиат мекунанд.
Бояд ёдовар шуд, ки маҳз зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи тандурустии мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тавонистанд бо ҷорӣ намудани як қатор усулҳои нави ташхис ва табобат сатҳи хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд.
Имрӯз низ Ҳукумати мамлакат ислоҳоти соҳаи тандурустиро идома дода, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, қабл аз ҳама, ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад.
Бо итминон метавон гуфт, ки самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз бахшҳои афзалиятноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад.
Сохтмони бинои наву замонавии Маркази «Модару кудак» ва таъмири асосии шуъбаҳои беморхонаи марказӣ, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бунёди даҳҳо марказҳои саломатию бунгоҳҳои хоса қарор дорад.
Ҳамаи ин дастовардҳо аз Шумо табибони ҳозиқ ҷорӣ намудани технологияҳои иноватсиониро дар фаъолияти муассисаҳои низоми тандурустӣ, баланд бардоштани савияи дониш, тахассус ва маҳорату малакаи касбиро тақозо менамоям.
Дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Ин аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони саховатпеша ва соҳибкорони маҳалӣ низ, ба иқдомҳои наҷибу хайрхоҳона даст зада, дар ободӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ноҳия саҳми худро мегузоранд.
Дар охир ҳамаи Шуморо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро ба рӯзи кормандони соҳаи тиб ва зодрӯзи мутаффакири бузургӣ ҷаҳонӣ Абуалӣ ибни Сино табрик гуфта, дар ҳифзи сиҳатии оммаи заҳматкаш барору комёбӣ хоҳонам.
Дар охир аз тарафи Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.