Санаи 15-уми июли соли 2023 вобаста ба иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 2023 таҳти №343/01 Намоиш-фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву адабии ноҳияи Рашт дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.
Чорабини дар Боғи кӯдакони ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хоса роҳандозӣ шуд, аз рафти чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Нурулло, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб дидан намуда, ба масъулини чорабинӣ баҳои баланд доданд.