Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ медиҳад, ки хонаи истиқоматии мазкур воқеъ дар кучаи Б. Раҳимзодаи Ҷамоати шаҳраки Ғарм моликияти коммуналии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт буда, соли 2009 ба шаҳрванд Маҷидова Ибодат Доруевна, соли тававллудаш 1967 бинобар сабаби надоштани манзили зист барои истиқомат дода шудааст. Маҷидова Ибодат 07 январи соли 2021 вафот кардааст. Маълумотномаи пешниҳоднамудаи Маҷидзода Мадина, ки гуё 29 июни соли 2021 бо розигии соҳиби манзил дар хонаи зикргардида ба қайд гирифта шудааст, асоси воқеӣ надорад, зеро дар ин давра шаҳрванд Маҷидова Ибодат дар қайди ҳаёт набуданд. Яъне Маҷидзода Мадина дар манзили мазкур ба қайд гирифта нашудааст.
Маҷидзода Мадина фарзанди бародари Маҷидова Ибодат мебошад ва бо ҳамроҳии аҳли оилаашон дар деҳаи Ниширёни Ҷамоати деҳоти Навдӣ зиндагӣ мекунад. Аҳли оилаи онҳо бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ таъмин мебошанд.
Бинобар сабабе, ки хонаи истиқоматии мавриди назар моликияти коммуналии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба ҳисоб рафта, таъиноти он барои оилаҳои дар ҳақиқат муҳтоҷ ва барои халқу миллат хизматкарда мебошад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифт, ки дар асоси мактуби Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 ноябри соли 2021, №31/24-174, онро ба оилаи сарбози шуҷоъ Абдуғанӣ Давлат, ки дар мубориза бо гуруҳҳои ҷинояткори террористӣ корнамоӣ нишон дода, ҳалок гардидааст ва аз лиҳози таъминот бо манзили истиқоматӣ танқисӣ мекашанд, таъмин намояд. Дар ин хусус амри раиси ноҳияи Рашт аз 16 июни соли 2022, №93 ба тасвиб расонида шудааст.