Баъди истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро, ки дар он ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишѓол менамоянд, пеша намуд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин муқаррарот сониян дар боби 2 –юми Конститутсияи мамлакат, ки комилан ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, кушода мегарданд.
Ҳамзамон, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ифодакунандаи муносибати давлат бо инсон мебошад. Ба қавле онҳо муносибатҳои амӯдиеро мемонанд, ки ба таври мустасно танҳо миёни давлат ва шахс ба вуҷуд меоянд. Дар ин замина кўшишҳои татбиқи методологияи дигар ва истифодаи ифодаи ҳуқуқи инсон чун муносибатҳои байни одамон (яъне амали уфуқии ин ҳуқуқҳо) натиҷаи дилхоҳ дода натавонист. Зеро муносибатҳои уфуқӣ байни одамон – иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ аллакай аз ҷониби дигар соҳаҳои ҳуқуқ танзим гаштааст. Дар сурати эътирофи ҳуқуқи инсон чун муносибати шахс бо шахс, фарқ байни соҳаҳои дигари ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон аз байн меравад. Бинобар ин, ҳоло ҳангоме, ки мо ҳуқуқи инсон мегўем, муносибати мутақобилаи давлатро бо шахс дар назар дорем.
Ҳарчанд ғояи ҳуқуқи инсон ба умқи таърих рафта расад ва тадбирҳои лаҳзавӣ дар асрҳои миёна, замони нав ва навтарин боиси инкишофи он гашта бошанд ҳам, аммо ба маънои аслии худ ин зуҳурот баъди баргузор гаштани инқилобҳои буржуазӣ-демократӣ дар асри XVII ба миён омадааст. Дар ин марҳила ҳуқуқи инсон дар назария ва консепсияҳои оид ба зарурияти сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикоси худро ёфт. Ҷустуҷўи роҳи беҳтарини эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон боиси коркарди ѓояҳои давлати ҳуқуқӣ, демократӣ ва ҷомеи шаҳрвандӣ гардиданд. Консепсияҳои давлати демократӣ, шакли ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонуни ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мафҳуми ҳуқуқи инсон робитаи ногусастанӣ доранд. То кунун таърихи инсоният роҳи дигари беҳтари инкишофи ҳуқуқи инсонро дарёфт накардааст. Яъне, дар шароити ҳукмронии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сатҳи дахлдори эътирофи ҳуқуқи инсон таъмин карда мешавад.
Ҷиҳати дарки амиқи робитаи ҳуқуқи инсон бо падидаҳои номбурда, кушодани моҳияти дуввуминро қобили қабул мешуморем.
Давлати демократӣ гуфта, давлатеро дар назар доранд, ки сохтор ва тарзи фаъолияти он бо иродаи инсон мувофиқ аст ва ба ҳуқуқу озодиҳои умумиэътирофгаштаи инсон ва шаҳрванд мухолифат наменамоянд. Давлати демократӣ – унсури муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор рафта, ба озодии одамон асос меёбад. Дар чунин давлат халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ҳокимият аст.
Давлати демократӣ бо падидаи дигари пешқадам, давлати ҳуқуқӣ дар иртибот аст. Шакли ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ таърифи анъанавии давлати ҳуқуқӣ маҳсуб мегардад. Агар бо тарзи дигар ифода намоем, пас давлати ҳуқуқӣ гуфта, давлатеро дар назар доранд, ки зимни фаъолияти худ, танҳо ба ҳуқуқ мутеъ буда, ҳадафи асосии худро боиси таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қарор додааст.