Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ аёдати шахсони имконияташон маҳдуд дар моҳи шарифи рамазон ба роҳ монда шуд. То имрӯз аз тарафи масъулини мақомоти иҷроия ва кормандони шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба 46 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аёдат шуда, ба ҳар кадом ба маблағи 600 сомонӣ кумаки яквақтаина расонида шуд. Чунин кӯмакҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба нафарони табақаи ниёзманди аҳолӣ идома дорад.
Сабтҳои охирин
Маросими ёдбуди афсарон бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, муовини раиси ноҳия Муродзода Бахтиёр Сайалӣ дар Ҷамоъати деҳоти Боқӣ Раҳимзода
ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ДАР ШАРҲИ ПАЁМ
Санаи 13 феврали соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода вохӯрии навбатӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки Паёми навбатии […]
“МОДАРОН – НЕРӮИ СОЗАНДА ВА РАМЗИ ФИДОКОРӢ”
Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 март ҳамчун Рӯзи Модар ва Занон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз рамзи муҳаббат, арҷгузорӣ ва эҳтироми занон ва модарон дар ҳаёти оилавӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Модар шахсе мебошад, ки бо меҳру садоқат ва фидокорӣ фарзандонро тарбия намуда, оила ва ҷомеаро устувор месозад. Вақте мо аз кӯдакӣ ба падару […]


