Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд – унсури муҳими давлати ҳуқуқбунёд, институти аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, нишонаи болоравии ҷомеаи инсонӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва умуман тамаддун аст. Назария ва амалияи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таърихи бисёрасра дошта, дар ҳуҷҷатҳову санадҳои гуногуни таърихи башар инъикос ёфтааст, ба монанди Эъломияи истиқлоли ИМА (с. 1776) (русӣ: Декларация независимости США, Эъломияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванди Фаронса (с. 1789) (русӣ: Декларация прав человека и гражданина, Эъломияи ҳуқуқи башар (с. 1948) (русӣ: Всеобщая декларация прав человека ва ғ.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) ҳуқуқҳои фитрии инсонро дар моддаи 5 мустаҳкам кард. Боби дуюми Конститутсия бошад, пурра ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Ҳуқуқҳои фитрии инсон ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, хориҷиён ва ашхоси бешаҳрвандро дар назар дорад, ки табиатан (новобаста аз давлат ва ҷои зисту сукунат) мансуби ҳар як фард мебошанд.