Аз ҷониби раиси ноҳия ба 43 нафар иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи донои китоб аст», «Илм фуруғи маърифат» ва «Тоҷикистон ватани азизам» ва омузгороне, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми бориз доранд ба маблағи 57 ҳазору 500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Аз ҷумла, ба хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 Фирузаи Тоҷидин, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи 3-юмро ишғол намуда буд ба маблағи 3 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар ҳаводорони зиёдеро ба ҳам оварда, дар муаррифии чеҳраҳои китобхон, донишманд, суханвар ва эҷодкор нақши боризе гузошта истодааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон, падару модарон, хонандагону омӯзгорон, донишҷӯёну намояндагони касбу кори гуногун ҷиҳати дастгирии ташаббуси Пешвои миллат тамоми неруи зеҳнии худро равона карда, дар чор зинаи озмун донишу маҳорати худро муаррифӣ намуданд.