Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

САТТОРИЁН МАТЛУБАХОН АМОНЗОДА: “ТАҚВИЯТИ НЕРУИ ЗЕҲНӢ – ҲАДАФИ АСЛӢ”

Ҳафтаи сипаришуда гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ анҷом дода, аз соҳаҳои иҷтимоии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор ва шаҳри Роғун боздид карданд.

Дар ҳайати гурӯҳи корӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Гулчеҳра Самӣ, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамадзода Зулфия Маҳмадкарим, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер Ҳимматулло, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Даврон ва муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Фарухулло Кароматулло шомил буданд.

Натиҷаи ҷамъбасти боздиди гурӯҳи корӣ 11 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки раисони шаҳри Роғуну ноҳияҳои водӣ, муовинони соҳавии онҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои самти иҷтимоӣ, эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва намояндагони васоити ахбори омма мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Ҷамъомади ҷамъбастии онро раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода кушода, аҳли нишастро хайрамақдам гуфт.

Муовинони возорату кумитаҳо роҷеъ ба вазъи соҳаҳои марбутта дар навоҳии водӣ гузориш ироа карданд.

Сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Заробов Раҳмоналӣ Саиданварович ба сухан баромада, дар хусуси вазъи амнияти минтақа ва хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро изҳори ақида баён дошт.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳои водӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар самти иҷтимоӣ ҷойдошта ва иҷрои бекаму кости барномаҳои давлатӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорону табибон, таъмини муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ, баланд бардоштани зебоипарастиву фарҳанги мардум, ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани занон, ба таҳсил фаро гирифтану соҳибкасб намудани духтарон, бартараф кардани камбудиҳо дар самти муҳоҷирати дохилию хориҷӣ, дастгирии ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва таълимоти ғайриқонунии  динӣ, инчунин таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мавсуф, ҳамчунин, зикр кард, ки тақвияти неруи зеҳнӣ дар ҷомеаи имрӯза вазифаи аз ҳама муҳимтарини мо масъулин ба шумор меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода тамоми имкониятҳои лозимиро фароҳам овардааст. Барои тарбияи насли ояндасозу кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат зарур аст, ки тадбирҳои бетаъхир андешида шавад.