5 октябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи колеҷии тибии ноҳияи Рашт «Рўзи забони давлатӣ» ва «Рўзи омўзгор» бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
Ҷамъомад бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва директорону омўзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар як сатҳи баланди сиёсию фарҳанги баргузор гардид.
Сараввал муовини раиси ноҳия Муродзода Бахтиёр ҷамъомадро кушода эълон намуд.
Сипас раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизодда ба сухан баромада, иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашнҳо табрику таҳният гуфта, оид ба мақом ва мартабаи забону омўзгор дар сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии қарору барномаҳои дар ин самт таҳияшуда суханронӣ намуд.
Баъдан омӯзгорони кафаедраи забонҳои Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт дар бораи мақому манзалати Забони давлати ва Омӯзгор суханрони намуданд.
Дар фароварди чорабинӣ аз тарафаи донишҷуёни колеҷи тиббии ноҳия як маҳфили бошукуҳи шеър дар васфи забону омӯзгор пешкаши аҳли толор гардонида шуд, ки таъби тамошобинонро болида гардонид.