Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо нмудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад.
Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми ноябр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:
– даври якум-моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо;
– даври дуюм-моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
– даври сеюм-нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе;
– даври чорум-даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даврҳои дуюм ва сеюми озмун;
Озмун аз рӯи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:
– математика (арифметика, алгебра, геометрия);
– физика ва астрономия;
– химия;
– биология (ботаника, зоология, анатомия);
– геграфия;
– технологияи иттилоотӣ;
– ихтироъкорӣ ва навоварӣ;
Даври якуми озмун дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия гузаронида шуда ғолибон ба даври дуюми ноҳиявӣ пешниҳод гардиданд.
Даври дуюм-ноҳиявӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳраки Fарм аз рӯзи 20.05.2021 то 25.05.2021 давом кард, ки аз рӯи нақшаи тасдиқшуда муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд ва чунин натиҷа дод: Аз шумораи 153 нафар омӯзгори фанни математика танҳо 6 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои 24, 25, 26, 27, 68 ва мактаб интернат Музафаров Исломудин, Сайдаминов Акмалдин, Валиев Маҳмадкарим, Азимов Салмон, Бедимоғов У. ва Хушвахтов С. иштирок намуданд, ки дар наитиҷаи баҳогузорӣ Хушвахтов С. ҷойи якум аз мактаб интернат, ҷойи дуюм Азимов Салмон аз муассисаи таълимии №27 ва ҷойи сеюм насиби Валиев Маҳмадкарим аз муассисаи таълимии № 26 гардид. Дар байни хонандагон бошад, Хонандаи муассисаи таълими №32 Талбиев Раҳматулло ҷойи якум, хонандаи муассисаи таълимии №12 Ташрифов Маҳфузулло ҷойи дуюм ва хонандаи муассисаи таълимии №26 Мирзоев Ҳомидҷон сазовори ҷойи сеюм гардид.
Аз рӯи номинатсияи физика ва астрономия санҷиш чунин нишон дод, ки хонандаи муассисаи таълимии №10 ҷамоати деиҳоти Тагоба Аминҷони Муродхуҷаро аз уҳдаи ҷавоби саволҳои назариявӣ ва амалӣ ба хуби баромада, 7 адад озмоиши физикиро нишон дод. Дар натиҷаи холгузорӣ ҳайати ҳакамон ба хонандаи муассисаи таълимии №2 Мирзоев Алишер ҷойи якум, хонандаи муассисаи таълимии №10 Аминҷони Муродхуҷа ҷойи дуюм ва хонандаи муассисаи таълимии №52 Шодиев Ҳикматулло ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Омӯзгорон дар ҳамин номинатсия аз муассисаи таълимии №26 Розиқов Лоиқ ҷойи якум, омӯзгор аз муассисаи таълимии №37 Абдонов Абдулмаҷид ҷойи дуюм ва омӯзгор аз муассисаи таълимии №25 Ёфтаков Файзалӣ ҷойи сеюмро ишғол намуд.
Аз рӯи номинатсияи химия хонандагон аз муассисаҳои № 25, 26, 32, 34, 52 ва 61 Додаров Қ. Наимов Н. Саидова З. Доруев Х. Шаҳидов Х. Алиев А. Мухторов Ҳ. ва Назаров Муҳаммадиқбол фаъол буда, бо тайёрӣ ба озмун омаданд.
Омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия Раҳмонов Субҳоналӣ аз муассисаи таълимии №52 ҷойи якум, Маҳрамов Ҳотам аз муассисаи таҳсилоти №1 ҷойи дуюм ва Fиёсов Маҳмадраҷаб аз муассисаи таълимии №61 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Аз рӯи номинатсияи биология (ботаника, зоология, анатомия) хонандагон аз муассисаҳои таълимии №11 Акрамзодаи Исматулло, Сафарзодаи Хуршед, Аминов Саид аз муассисаи таълимии №8 Дилшоди Ҷамшед, Исматов Зафар аз муассисаи таълимии №54 Парвинаи Ҳасан, Раҳимзода Зуҳрои Лиёсуддин аз муассисаи таълимии №1 Ҳусейнова Дилшода, Ҳоҷиева Оиша аз муассисаи таълимии №34 Зоироа Салмон аз муассисаи таълимии №3 Қурбоналии Эмомалӣ, аз муассисаи таълимии №14 Мирхуҷаи Муҳаммадидрис, аз муассисаи таълимии №20 Додарбеков Абдураҳим, аз муассисаи таълимии №69 Ҳоҷиева Фараҳнуш, Маҳмадуллоев Иброҳим фаъолияти хуб нишон доданд. Ҳайати ҳакамон фаъолияти хуби хонандагонро ба инобат гирифта чунин баҳогузорӣ намуданд: ҷойи якум ба хонандаи муассисаи таълимии №19 Умедҷони Пулод, ҷойи дуюм ба хонандаи муассисаи таълимии №61 Шарифов Маҳмадраҷаб, ҷойи сеюм ба хонандаи муассисаи таълимии №61 Амиров Маҳмадшифо дода шуд. Хонандагон аз муассисаҳои таълимии №1, 67, 12, 17,49 Ҳокимова Оиша, Ҳайдаралии Нурулло, Маҳмадова Ситора, Дилрабои Давлатхуҷа ва Баҳроми Ҷамшед ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.
Омӯзгорон Каримов Ҳуснидин аз муассисаи таълимии №61, Аскаров Қурбон аз муассисаи таълимии №67, Маҳмадзиёева Ҷамила аз муассисаи таълимии №1, Қаюмов Мирзомудин аз муассисаи таълимии №19 ва Бураков Ҳодихуҷа аз муассисаи таълимии №17 дар озмун иштирок намуданд, ки дар натиҷа Каримов Ҳуснидин ҷойи якум, Аскаров Қурбон ҷойи дуюм ва Маҳмиадзиёева Ҷамила ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Аз рӯи номинатсияи география хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии №1, 2, 3, 6, 7, 11, 12, 14, 16, 22, 25, 37, 39, 41, 49, 50, 51, 55, 60, 68, 69 ва 83 иштирок намуданд.
Санҷиш нишон дод, ки Ҳалимов Искандаршо аз муассисаи таълимии №22 ҷойи якум, Ҳоҷибеки Алякбар аз муассисаи таълимии №64 ҷойи дуюм ва Шакарова Тахмина аз муассисаи таълими №26 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Хонандагон аз муассисаҳои таълимии №28, 49, 29, 3 Саидова Гесу, Шарифи Муҳаммад, Боев Боймуҳаммад ва Мирзоев Илёсиддин ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд. Мавриди қайд аст, ки хонандаи синфи 4 аз муассисаи таълимии №3 Мирзоев Илёсиддин маҳорати хуби худро дар озмун нишон дод.
Ҳоло дар ноҳия 113 нафар омӯзгорон аз фанни география ба таълиму тарбия машғул мебошанд, ки аз ин шумора дар озмун 6 нафар иштирок намуданд. Дар рафти баҳогузорӣ маълум гардид, ки омӯзгор аз муассисаи таълимии №61 Риёев Абдураҳмон ҷойи якум, Бобиев Илҳомиддин аз муассисаи таълимии №19 ҷойи дуюм ва Музафаров Хуршед аз муассисаи таълимии №106 ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии №28, 29, 68 Наслоева Муниса, Ҷомиев Маҳмадазим ва Алиев Дилшод ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.
Аз рӯи номинатсияи технологияи иттилоотӣ дар озмун аз муассисаҳои таълимии №2, 6, 7, 11, 12, 17, 19, 22, 25, 26, 29, 34, 38, 39, 51, 55, 59, 60, 61, 65, 67, 83, 86, 91 ва мактаб интернат иштирок намуданд.
Дар рафти баҳогузори нисбат гирифта ба хонандаи муассисаи таълимии №29 Шарифзода Лола ҷойи якум, хонандаи муассисаи таълимии №7 Садиров Муҳаммадалӣ ҷойи дуюм ва хонандаи муассисаи таълимии №2 Худоидодов Маҳмадулло ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар ноҳия 84 нафар омӯзгори технология ба гирифта шудааст, ки аз ин шумора 60 нафар ихтисосманд мебошанд. Дар озмун 5 нафар иштирок намуданд, ки ҳангоми баҳогузорӣ ба омӯзгори муассисаи таълимии №2 Сайдакбаров Идрис ҷойи якум, омӯзгори муассисаи таълимии №17 Фақеров Амирхуҷа ҷойи дуюм ва Маҳмадов Фирӯз омӯзгори муассисаи таълимии №26 ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ хонандагон аз муассисаҳои №8, 10, 12, 52 ва 55 иштирок намуданд. Дастгоҳ ва таҷҳизоти сохтаи хонандагон хусусияти навоварӣ надоштанд. Таҷҳизотҳои сохтаи онҳо алакай мавҷуда ҳисобида мешуд, ки ба ин намуд танҳо 2 хол дода мешавад. Соҳиби 10 хол шудан ба ихтирооте дода мешавад, ки он бо патент-и байналмилалии ташкилотҳои эътирофгардида ва ё ҷумҳурӣ ҳифз шудааст, дар истеҳсолот ҷорӣ гардидааст ё имкони ҷорӣ шуданро дорад, самаранокии иқтисодиаш муайян гардида, дар он элементҳои навоварӣ мавҷуд бошад. Ҳайати доварон меҳнати шогирдонро ба назар гирифта ба хонандаи муассисаи таълимии №55 Саидов Беҳруз ҷойи якум, ба хонандаи муассисаи таълимии №12 Мусамиров Сайфуддин ҷойи дуюм ва ба хонандаи муассисаи таълимии №8 Зобудинов Дилшод ҷойи сеюмро сазовор донистанд. Инчунин барои иштироки фаъолона ба хонандаи муассисаи таълимии №10 ҳотамов Исматулло, хонандаи муассисаи таълимии №52 Раҳмонов Нуриддин ва ба хонандаи муассисаи таълимии №55 Иблоев Бахтовар ҷойҳои ифтихориро сазовор донистанд.
Аз ҳисоби омӯзгорон дар ин номинатсия Шомирзоев Хуршед омӯзгори МТИ, Ҳасанов Хайрулло омӯзгори муассисаи таълимии №27 ва Замонов Исмонҷон директори муассисаи таълимии №25 иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки Шомирзоев Хуршед ва Ҳасанов Хайрулло иштирокчиёни чандинкаратаи озмунҳо бо пешниҳоди таҷҳизотҳои худ метавонад дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст оранд. Бинобар баназар гирифтани навоварӣ дар таҷҳизот ва дастгоҳҳои ихтироъкардаи ин омӯзгорон ва патент дошта ба Шомирзоев Хуршед омӯзгори МТИ ҷойи якум, ба Ҳасанов Хайрулло омӯзгори муассисаи таълимии №27 ҷойи дуюм ва ба Замонов Исмонҷон директори муассисаи таълимии №25 ҷойи сеюмро сазовор донистанд.
http://www.maorif-rasht.tj/content.php?id=116