Сокинони ноҳияи Рашт бо садоқату муҳаббати беназир ба Ватани худ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, барои шукуфоии ин гӯшаи биҳиштосои кишвари азизамон дастҷамъона саъю талош доранд.
Тоҷикистон ва иштироки муташаккилонаи мардум дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки сокинони ватандӯсти ноҳия баробари дигар шаҳрвандони кишвар Пешвои миллат – шахсият ва чеҳраи нотакрори таърихиро, ки дар зеҳну назар ва андешаву равонашон бо бунёди мактаби сиёсии давлатдории миллӣ, ҷоннисориҳо баҳри сарҷамъии миллат, роҳандозии сиёсати хирадмандона, дидгоҳи оқилонаву одилона ва хизматҳои содиқонааш мондагор сохтаанд, сидқан дӯст медоранду чун гавҳараки чашм азиз медонанд.
Заҳматкашони ноҳия ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас саъю талош меварзанд. Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 430 миллиону 306,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 миллиону 495,3 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби шуъбаҳои бонкӣ 9 миллиону 263,7 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи порсола 3 миллиону 500,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра 90 соҳибкор бо шаҳодатнома, 702 соҳибкор тибқи патент ва 2840 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият намуд.
Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат мардуми меҳнатдӯсти ноҳия соҳаи кишоварзиро вусъат бахшида, имсол 73 гектар боғи нав бунёд ва 83 гектар боғи куҳнаро барқарор карданд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 7452 гектар кишти зироат гузаронда шудааст, ки назар ба соли гузашта 174 гектар зиёд мебошад. Майдони кишти картошка нисбат ба соли гузашта 1027 гектар зиёд карда, ба 3136 гектар расонда шуд.
Дар мавзеи «Дашти беоб»-и деҳоти Ҳоит 2,5 километр лӯла хобонда шуд. Бо дастгирии обистифодабарандагон корҳои таъмиру барқарорсозии канали “Намуна”-и деҳоти Ҳоит, Қарашаҳр 1 ва 2, Ҳисорак 1 ва 2, деҳоти Ясман ва Сари Шухони деҳоти Аскалон ба анҷом расиданд.
Бо ҷалби соҳибкорон ва нафарони саховатманд марҳилаи якуми сохтмони канали “Мардумӣ” дар деҳоти Қалъаи Сурх идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он зиёда аз 100 гектар замин обёрӣ мешавад. Инчунин, бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд канали Камчароғ дар деҳоти Қалъаи Сурх, ки тӯли солиёни дароз аз истифода берун монда буд, ба маблағи 228 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд ва 150 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳия 32 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 719,4 ҳазор сомонӣ ё 2,3 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба амалигардонии корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018 – 2021 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 12 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Бунёди коргоҳи мебелбарорӣ, корхонаҳои истеҳсоли хишти пухта, хишти сементӣ, обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал), макарон, хӯроки чорво, корхонаи дӯзандагӣ, коргоҳҳои коркарди пашм, мева, тарҳрезӣ шуда, коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли мебел, обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ, дӯзандагӣ, хишти сементӣ ва масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал) ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ба роҳ мондани кор дар самти коркарди пашм ва хушк кардани мева таҷҳизоти лозимӣ ворид карда шуд.
Дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Рашт – сарҳади Қирғизистон сохтмони 10 истгоҳи замонавӣ идома дорад. Бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва бахши хусусӣ зиёда аз 10 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ таъмиру навсозӣ ва 7,3 километр роҳ асфалтпӯш карда шуд.
Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус (Covid-19) аз тарафи шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия то имрӯз дар ташкилоту муассисаҳо, фароғатгоҳҳо, мактабу боғчаҳо, бозору марказҳои савдову хизматрасонӣ, масҷиду манзилҳои истиқоматӣ дар масоҳати 499823 метри мураббаъ корҳои безараргардонӣ ҷараён гирифта, бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 36120 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки барои муоина ва табобати гирифторони бемории коронавирус 30 нафар табиби ботаҷриба ҷалб гардида, дар назди шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия, беморхонаҳои минтақавии Навобод, Ҳоит ва Қалъаи Сурх барои табобати беморон тамоми шароит фаро оварда шудааст. Ба ҳолати 1 октябри соли 2020 дар муассисаҳои тиббии зикргардида 123 нафар бемор бо нишонаҳои бемориҳои сироятӣ бистарӣ кунонда, ҳамаи онҳо баъди сиҳат ёфтан ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Айни ҳол бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва ташкилотҳои саҳмгузор вазъи беҳдоштӣ, пешгирӣ ва табобати сироятёфтагон қаноатбахш аст.
Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат зиёда аз 50 тонна маводи озуқавории мавриди ниёзи аввал ва доруворӣ барои кормандону беморони муассисаҳои тиббии ноҳия ворид ва дастрас гардонда шуданд.
Соҳибкорони саховатпешаи ноҳия низ дар пайи иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин давра барои табибону беморон кумакҳои беғаразона расондаанд. Соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дар ҳаҷми зиёда аз 151 ҳазор сомонӣ ёрии молиявӣ расонданд, 300 адад либоси махсус ва 1000 дона ниқоби яккарата дастрас ва шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказиро барои иловатан қабул намудани 20 бемор бо рахтҳои хоб, яхдону ҷевон ва мизу курсиву дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карданд.
Чунин кумакҳо аз ҷониби соҳибкорон Ғаюр Судуров (ба маблағи зиёда аз 50 ҳазор сомонӣ маводи озуқаворӣ, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ), Ҳамзаалӣ Шеров (6 асбоби нафасдиҳӣ) ва Қимом Қиёмов (ёрии молиявӣ) расонда шуданд.
Тибқи дастури Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия хона – вагон барои бо табобат фаро гирифтани 20 нафар бемор ворид ва бо маводи зарурӣ таъмин гардид.
Фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳоло дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва шарикони рушд дар деҳаҳои Кочони деҳоти Навдӣ, Зарифии деҳоти Тагоба, Навдонаки деҳоти Қалъаи Сурх ва Бини Суфиёни деҳоти Боқӣ Раҳимзода сохтмони 4 бунгоҳи тиббӣ идома дорад. Шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ рӯзҳои наздик аз таъмири асосӣ бароварда мешавад.
Бо ҷалби маблағгузории бахши хусусӣ сохт-мони биноҳои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Санги Кари деҳоти Боқӣ Раҳимзода, нуқтаҳои тиббӣ дар деҳаҳои Истиқлол ва Чуғдабиёни деҳоти Қалъаи Сурх ба нақша гирифта шудааст.
Дар ноҳия 4 корхонаи дӯзандагӣ – “Чевар – 2014”, «Бону – 2014», «Зуҳал -2014» ва “Субҳи Рашт” фаъолият доранд ва дар онҳо 48 нафар бону бо ҷойи кори доимӣ таъмин аст.
Бо дастгирии соҳибкорону волидон 6 бинои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №16 деҳаи Чашмаи Қозӣ дорои 5 синфхона ва 2 кабинет, №20 деҳаи Нимичак (4 синфхона ва 3 кабинет), №26 деҳаи Ялдамич (5 синфхона, хонаи омӯзгорон ва толори маҷлисгоҳ барои 80 ҷойи нишаст) ва № 67 деҳаи Навдонак (6 синфхона ва 2 кабинет), № 40 деҳаи Ҳисорак (4 синфхона ва 1 кабинет) ва №14 деҳаи Ярхаб (4 синфхона ва 1 кабинет) сохта ба истифода дода шуданд. Биноҳои нави таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъминанд. Бинои МТМУ №8 шаҳраки Навобод, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ аз таъмири асосӣ бароварда, бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин карда шуд. Ҳоло дар назди 6 муассисаи таълимӣ сохтмони биноҳои замонавӣ идома дорад.
Бо ибтикори соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар деҳаҳои Ҳиҷбораки деҳоти Ҳиҷборак ва Навдонаки деҳоти Қалъаи Сурх биноҳои нави китобхонаҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Сохтмони китобхонаҳо дар деҳаҳои Қазноқи деҳоти Нусратулло Махсум, Қалъаи Сурхи деҳоти Қалъаи Сурх, Варзигони деҳоти Боқӣ Раҳимзода, Мусофирони деҳоти Ясман ва осорхонаи замонавӣ дар деҳаи Ҷафри деҳоти Ҷафр идома дорад.
Сохтмони 3 толори варзишӣ дар деҳаҳои Кӯлобаи деҳоти Қалъаи Сурҳ, Ҳоити деҳоти Ҳоит, Мусофирони деҳоти Ясман, 5 майдончаи варзишии ҳозиразамон дар деҳаҳои Ялдамичи деҳоти Қалъанак, Шулеи деҳоти Боқӣ Раҳимзода, Қазноқи деҳоти Нусратулло Махсум, Лангарак ва Навдонаки деҳоти Қалъаи Сурх идома дорад. 4 майдончаи варзиш дар деҳаҳои Руноби деҳоти Аскалон, Зарифии деҳоти Тагоба, Ярхаби деҳоти Ҳиҷборак, кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ғарм ва 1 толори варзиш дар деҳаи Воринги деҳоти Ясман мавриди истифода қарор дода шуданд.
Рашт дорои захираҳои ғанӣ барои рушди сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, мебошад. Мавзеъҳои нодир, дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Ҷафр, Ҳоит, Ясман, Қалъанак ва даҳҳо манзараҳои дилфиреби ноҳия бинандагонро бо зебоии нотакрор мафтун мегардонанд.
Барои муҳаё намудани шароити хуби фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази ноҳия 3 меҳмонхона ва 1 хостел бунёд гардида, айни ҳол мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Корҳои сохтмонӣ дар 4 меҳмонхона вусъат мегиранд.
Соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳраки Ғарм меҳмонхона, ошхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири автомобилҳо, дар деҳаи Ҷафри деҳоти Ҷафр осорхонаи хусусии «Кӯҳсори Аҷам» ва дар дараи Камароб осоишгоҳ бо ҳамаи имкониятҳо барои сайёҳон сохта истодаанд. Ҳамчунин, бунёди силсилаи истгоҳҳои замонавӣ бо нуқтаҳои хизматрасонии тиҷоратӣ, ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, насб намудани муҷассамаву нимпайкараҳо – амсилаи ҳайвонот ва парандагони нодири кишвар бо тарзи назаррабо аз сангҳои табиии ба боду ҳаво тобовар дар хиёбону кӯчаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, дар назар дошта шудааст.
Айни ҳол дар ноҳия 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, боғи ботаникӣ – фарҳангӣ, 3 меҳмонхона, 1 гестҳавз (меҳмонхонаи хурд), 5 ҳомстей, 3 тарабхона, 19 ошхона, 8 нуқтаи хӯроки тезтайёр, маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғонҳои миллӣ, маркази иттилоотии сайёҳӣ ва растаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар бозори марказӣ фаъолият доранд.
Дар нуҳ моҳ ба ноҳия 1195 сайёҳ, аз ҷумла 1164 сайёҳи дохилӣ ва 33 сайёҳи хориҷӣ, ташриф овард.
Умуман, саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, давоми солҳои 2018 – 2019 аз ҷониби онҳо зиёда аз 64 километр роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳия асфалтпӯш карда шуд. Давоми нуҳ моҳи соли 2020 бошад, бо саъйи онҳо 8 майдончаи варзишии замонавӣ, 7 чоҳи амудӣ, 4 хати оби нӯшокӣ, 3 бинои нави таълимӣ, 11 маркази савдову хизматрасонӣ, 1 беморхонаи хусусӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва 8 лоиҳаи чароғонкунии кӯчаҳо ва кашидани хати барқ татбиқ карда шуд.
Ҳамин тариқ, садоқати мардуми ноҳия ба Пешвои миллат ва иҷрои саривақтии ҳидоятҳои эшон баракати зиёд дар пай дошта, ба ободу зебо гардондани ин гӯшаи дурдасти кишвар ва рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат кард.
Ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду навсозии 315 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта, давоми солҳои 2018 ва 2019 аз ин шумора 160 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд. Дар 71 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозӣ вусъат гирифтаанд.
https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=42293
Раҳимҷон Муқимӣ Набизода,
раиси ноҳияи Рашт