Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, “Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки соҳиби давлати мустақил будан шарафи бузург аст. Имрӯз вақти он расидааст, ки шукронаи муқаддасоти ҷовидона намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем”.
Бале, ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст. Воқеан ҳам, Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту нуҳ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, бо шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Бояд гуфт, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми мо марҳилаи бисёр вазнин ва озмоиши сангин буд. Тоҷикистони азизи мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба воқеъияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд.
Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихиро паси сар намуданд.
Зери роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду сарбаланди кишвар дар як муддати кӯтоҳ на танҳо мушкилоти баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар мамлакат барқарор сохтанд, балки барои пешрафти бомароми кишвар асоси мустаҳкаму боэътимод гузоштанд.
Ҳоло бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ҳамаи корҳои азими созандагие, ки то имрӯз дар кишвари маҳбубамон амалӣ гаштаанд, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.
Холисона, бояд эътироф кард, ки дар давраи Шӯравӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистону тоҷиконро дуруст намешинохт. Чуноне, Пешвои миллат иброз медорад, имрӯз на танҳо моро мешиносанд, балки бо мо робитаҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ барқарор менамоянд. Имрӯз Тоҷикистонро беш аз 150 давлати дунё ба расмият шинохта, узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва аъзои беш аз 35 ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.
Маҳз ба туфайли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ обрӯи Тоҷикистон дар ҷаҳон афзун гашт. Дунё дарк намуд, ки ин миллат беҳуда аз фарҳанги қадимаи худ фахр намекардааст ва дар замири мардумонаш ганҷи бебаҳои табиаташ ниҳон аст.
Аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ сохта ба истифода додани даҳҳо иншооти бузурги аср аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ба шумор мераванд.
Дар ноҳияи мо аслан корҳои созандагию бунёдкорӣ баъди ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғоз ёфтанд.
Пеш аз ҳама беҳтар намудани дараҷаи некӯаҳволии мардум сархати фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор гирифт. Пастравии истеҳсолот дар ноҳия боздошта шуд.
Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг фаъолияти худро рӯз то рӯз беҳтар намуда, барои ҳифзи сиҳатии омма, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва хусусан насли наврас хизмат намуда истодаанд.
Сохта ба истифода додани Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт, Коллеҷи тиббӣ, биноҳои маъмурии ҷамоатҳои Ҳоит, Ясман, Қалъанак, Қалъаи Сурх, Ҷафр, Нусратулло Махсум, Тагоба, 35 адад марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳракҳои Ғарму Навобод, биноҳои маъмурии прокуратураи ноҳия, нозироти андоз, Тоҷиксодиротбонк, Тоҷиксуғурта, Тоҷикстандарт, Ҳифзи табиат, мумфарш намудани зиёда аз 42 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта, корхонаи ордбарорӣ, зиёда аз 60 муассисаҳои таълимӣ, пули мошингузари деҳаи Ҳиҷборак, ки орзуи деринаи мардуми ин маҳал буд ва даҳҳо иншооти дигар аз дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон ба шумор мераванд.
Соли 2021 Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Бо мақсади татбиқи амалии супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро зарур аст, ки барои сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон корҳои муайянро анҷом диҳем. Барои сазовор ҷашнгирии ин иди бузурги миллӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳия нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи он 334 иншоот, аз ҷумла дар ҳар маҳалли аҳолинишин, деҳаҳо бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои фарҳангию китобхонаҳо, таъмири роҳҳои автомобилгард, беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ, дар ин замина таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Яъне бояд, ки дар байни як соли дигар ҳама дар якҷоягӣ корҳои зикршударо ба анҷом расонида симои ноҳияро ба куллӣ тағйир дода, бисёр мушкилотҳои иҷтимоиро бартараф сохта, барои аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон беҳтарин шароити иҷтимоиро муҳайё намоем. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми шарафманди ноҳияи Рашт дар атрофи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муттаҳид гардида, корҳои зикргардидаро бо сари баланд ба анҷом мерасонанд.
Умедворам, ки ҳар кадоми Шумо дар равандҳои ба амал омада истода, дар дигаргуниҳои азиме, ки кишварамонро интизоранд, ҳиссаи бебаҳо хоҳед гузошт.
Бигузор сулҳу субот абадан дар Тоҷикистон танинандоз бошанд! Бигузор муваффақияту музаффарият ва фатҳи қуллаҳои мурод ҳамсафари ҳамарӯзаи мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон бошад!
Бистунуҳум солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!