Маориф

Маърӯзаи мудири  шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт  дар машварати августии  омӯзгорони  ноҳия «Оид ба ҷамъбасти   фаъолияти  шуъбаи маориф дар соли таҳсили  2019-2020  ва вазифаҳо  барои  соли таҳсили   2020-2021

        Муҳтарам узви Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси  ноҳия  Муқимӣ Раҳимҷон Набизода намояндаи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон мухтарам Муҳиддинзода Баҳрдин меҳмонони азиз, омӯзгорони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ, ҳамаи шумоёнро барои ташрифатон ба машварати августии омӯзгорон хайрамақдам мегӯям.

Пас аз чанд рӯз дар саросари кишварамон Рӯзи дониш, оғози соли нави таҳсил фаро мерасад ва дар идомаи ин рӯзҳои фараҳбахш мардуми шарифи кишвар 29-юмин солгарди Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистонро бо тантана ҷашн мегиранд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шуморо бо фарорасии ҷашну тантанаҳои дар пеш истода аз самими қалб табрику муборакбод намуда, дар симои ҳар яки Шумо ба тамоми кормандони соҳаи маорифи ноҳия умри дароз, сарбаландӣ, хонаи обод дар иҷроиши рисолати пуршарафи хеш, дар самти соҳибмаърифату соҳибкасб намудан, дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандустию ватанхоҳӣ тарбия ва бакамол расонидани насли наврас муваффакиятҳои беназир таманно менамоям.

Рушду нумӯӣ соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад. Аз ин ру, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инкишофу пешрафти мактабу маориф ва илмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян намуда, баҳри ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар, такмили доираи моддю техникӣ муассисаҳои маориф пайваста ғамхорӣ менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар самти татбики ин сиёсати дурнигарона ва морифпарваронаи роҳбари давлат пайваста иқдом меварзад ва маҳсули ҳамин талошҳост, ки имрӯз дар низоми маорифи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Рашт тозакориҳо ва дастовардҳои назаррасе ба мушоҳида мерасад.

Пеш аз ҳама фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таълиму тарбия дар мактабҳо, таъмини онҳо бо лавозимоти муосири таълим, таъмиру сохтмон ва барқароркунии муассисаҳои таълимӣ, дастгирии кудакони ятиму бепарастор  ва аз оилахои камбизоат, дастгирии моддии кормандони соҳа ва дар ин замина баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия карор дошта, ба он аҳамияти муҳим  ва аввалиндараҷа дода мешавад.   

       Ба ҳамаи  душвориҳои   иқтисодию  молиявие, ки  дар натиҷаи  шурӯъ  ва паҳншавии  бемории сироятии  коронавирус  КОВИД-19 ба вуқӯъ омаданд нигоҳ  накарда, фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон 4-августи соли 2020 таҳти №1580, маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф    аз 1  сентябри   соли равон  ба андозаи  15%  зиёд  мегардад, ки ин ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбати   соҳаи  маориф  мебошад. Ин нишон  медиҳад, ки дар  сиёсати  иҷтимоии Ҳукумати  кишвар  дастгирии молиявии муассисаҳои  буҷетӣ афзалият дорад.

     Ҳамзамон  Сарвари давлат ба мақом ва манзалати омӯзгор, ки дар меҳвари соҳаи маориф қарор  дорад, баҳои баланд дода, зимни ироаи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаҳои корӣ, вохӯрию мулоқотҳо ва сафарҳои кориашон ба минтақаҳои гуногуни кишвар  дар назди онҳо вазифа мегузорад, ки назоратро ба азхудкунии донишҳои замонавӣ пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, ҷиҳати рушди қобилияти эҷодии муҳасилин чораҷӯӣ намоянд, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва ба хотири боз ҳам тақвияти фаъолият дар ин самт, инчунин барои ташаккули тафаккури техникии насли наврас пешниҳод намуданд, ки солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ  ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад.

     Ҳозирини гиромӣ! Бояд қайд намуд, ки дар соли таҳсили сипаришуда, ки имрӯз мо аз бурду бохти соҳаи худ дар давоми он натиҷагирӣ менамоем зери ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мо ба як қатор пешравиҳо ноил гардидем.

Дар соли  таҳсили  2019-2020  дар ноҳия  113  муасисаи таълимӣ, аз он  26 муассисаи таҳсилоти  ибтидоӣ,  24 муассисаи  таҳсилоти  умумии асосӣ, 62  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумӣ ва  як  муассиса-интернати  ҷумҳуриявӣ   фаъолият дошта,    28274 нафар  хонандагон, аз  ҷумла 13638  нафар  духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буданд,, ба онҳо 1703 нафар  омӯзгорон, аз ҷумла 366 нафар  занҳо  таълиму тарбия  дода истодаанд.Норасогии омӯзгорон дар муассисаҳои  таълими  41 нафар  ва аз рӯи ихтисос  220  нафарро  ташкил медод. Дар ин давом намояндаи шуъбаи маориф ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарбар шуда, бо мақсади таъмини муасисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманд бо хатмкунандагони муассисаҳои олии вилоят суҳбату вохуриҳо гузаронида, ба роҳбарияти ДОТ дар ноҳияи Рашт низ дархост ирсол карда шуд.

      Дар соли таҳсили гузашта тибқи роҳхати Вазорати  маориф  ва илми  ҷумҳурӣ  аз  муассисаҳои таҳсилоти олӣ 103 нафар ва аз  коллеҷи  омӯзгории ноҳия  14 нафар мутахассисони ҷавон  ба ҷои кор  ҳозир  ва мутаассифона  70 нафари дигар  ҳозир  нашуданд,ки тибқи “Тартиби тақсимот ва ба ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05. 2020, №262 ба мақомотҳои марбута пешниҳод карда шуданд.

   Дар соли таҳсили 2019-2020 ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва банди 39-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо қарори раиси ноҳия 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаҳои Ҳоит-2 ва Қазнок ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит ва ба номи Нусратулло Махсум таъсис дода шуданд, ки дар оғози соли таҳсили 2020-21 боз 60 нафар кудакони синни 5-6 сола ба таълим фаро гирифта мешавад. Дар давоми соли сипаришуда дар назди муассисаҳои таълимии № 1, 3, 17, 64, 21, ва 48 марказҳои инкишофи кӯдак таъсис  дода шуда, шумораи марказҳо ба 46 адад расид, ки фарогири 1026 нафар  кӯдак мебошанд. Хамин тариқ, фарогирии кӯдкон ба муассисаҳои томактабӣ бо назардошти марказҳои инкишофи кӯдак аз 7,1%- соли гузашта ба 7,7% расонида шуд. Дар соли ҷорӣ ташкили 10 Маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои №16,20,24,36,57, 58,63,65,66 ба нақша гирифта шудааст.

   Бо мақсади рушди бо мароми соҳаи илму маориф дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ наздики  15 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили  қонуну қарорҳо, стратегия   ва консепсияҳои  давлатию соҳавӣ  амалӣ гардида истодаанд. Ҳамчунин  дар доираи  нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2019-2020 бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби  соҳибкорони маҳаллию  шахсони  саховатпеша  биноҳои нав дар назди муассисаҳои таълимии №3 (барои 300 ҷ.н),№5 (барои 100 ҷ.н), №10 ( барои 240 ҷ.н), №17          ( барои 60 ҷ.н) ва №48 ( барои 40 ҷ.н) дар маҷмӯъ  барои  860 ҷойи нишаст  сохта  ба истифода  дода шуданд.

       Имсол бошад  дар арафаи  23-юмин солгарди иди  Ваҳдати миллӣ  бо мақсади фароҳам овардани  шароити  мусоид барои хонандагон дар назди муассисаҳои таҳсилоти  умумии №16  (барои 150 ҷ.н), №20 ( барои  120 ҷ.н), №26 ( барои 160 ҷ.н) ва №67 ( барои 150 ҷ.н) биноҳои замонавии иловагӣ ва дар назди   муассисаи таълимии №113 деҳаи Ҳалқарф, ҷамоати деҳоти  Навдӣ ду синфхонаи иловагӣ (барои 44 ҷ.н)  дар маҷмӯъ  барои 624  ҷойи нишаст  сохта ба истифода дода  шуд. Дар ҳоли ҳозир сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисахои таълимии №12, 33, 35, 61 ва  70  инчунин  сохтмони  синфҳонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 48, 99 ва 102  идома доранд,ки бо сохта ба истифода додани онҳо мушкилоти ҷои нишаст то андозае бартараф мегардад.

  Яке аз масъалаҳои  асосие, ки  давлат ва ҳукумати  кишвар  ба он диққати  ҷиддӣ дода истодааст, ин  ҷалби хатмкунандагони зинаи дуюми таҳсил махсусан духтарон ба зинаи сеюми таҳсил  мебошад, ки  тибқи ҷамъбасти  моҳвораи ба таълимфарогирии  хонандагон  дар соли таҳсили  2019-2020, аз сабаби  набудани  муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумӣ  ва дурии  роҳ 84 нафар духтарон ба таҳсил дар синфи 10 фаро гирифта нашуданд, ки ин 8,3%-ро ташкил намуда, нисбати соли таҳсили 2018-2019 5% кам мебошад.

Ҷиҳати  бартараф намудани  ин мушкилот дар давоми сол бо мақсади ҷалби бештари хонандагон ба таҳсил, аз ҷумла ҷалби духтарон барои идомаи таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот бо қарори раиси ноҳия муассисаи таҳсилоти умумӣ-асосии №31-и деҳаи Санги кари ҷ.д. Б.Раҳимзода ва №64-и деҳаи Ярхичи миёнаи ҷ.д. Ҳоит  ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуданд.

      Бояд  қайд   намуд, ки  дар соли таҳсили  2019-2020  дар доираи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф  бо  мақсади  баланд  бардоштани сатҳу сифати дониши   хонандагон  фаъолияти  касбии  омӯзгорон  тарбияи   хонандагон дар рӯҳияи  ватандӯстиву  ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба  арзишҳои  миллию умумибашарӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ ҷалби  хонандагону   омӯзгорон ба  мутолиаи  китоби бадеӣ  таҳаммули  тоқатпазирӣ, ташвиқу  тарғиби тарзи  ҳаёти  солим дар  муассисаҳои таълимӣ  озмуну  викторинаҳо,  мусобиқаҳои  донишу   варзишии  сатҳи синфӣ, мактабӣ ва ҷамоавӣ  бахшида ба  таҷлили ҷашну  идҳои миллӣ ва саннаҳои  таърихӣ  гузаронида  шуда, аз натиҷаи  ҷамъбасти онҳо  ба мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  гузоришу  маълумотҳо  пешниҳод   карда  шуданд.

     Кормандони  шуъбаи  маориф  дар соли таҳсили 2019-2020  дар  муассисаҳои таҳсилоти  умумии ноҳия рафти иҷрои  қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи  масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну  маросим  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикитсон «Дар  бораи такмили таълим  ва омӯзиши  забонҳои  русӣ ва англисӣ  барои солҳои   2015-2020» Дар бораи  «Барномаи   давлатии амалӣ  намудани технологияҳои  иттилоотӣ-  коммуникатсионӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2018-2022», «Коесепсияҳои  миллии маълумот  ва тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар  масъалаҳои  марбут  ба соҳаи маорифро мавриди  санҷиш  қарор  дода, натиҷаи  онҳо дар  шӯроҳои шуъбаи маориф  мавриди  баррасӣ ва муҳокима   қарор дода  шуданд.

       Ҳозирини гиромӣ!  Яке аз   самтҳои  асосии  фаъолияти шуъбаи маориф  ин ошкор ва бартараф  намудани  камбудию  норасогиҳо  дар фаъолияти  роҳбарон  ва омӯзгорони  муассисаҳои таълимӣ ба шумор рафта, кормандони  кабинети  методии  шуъбаи маориф ба  ин  мақсад  дар муассисаҳои  таълимии № 1, 6, 7, 18, 22, 24, 31, 33, 35, 36, 56, 102  ва 112 дар самти  беҳтар  намудани  фаъолияти  касбӣ, истифодаи самаранок аз усулҳои  фаъоли таълим  ва  муносибати  босалоҳият дар таълим  ёрии  методӣ расониданд.

       Дар соли таҳсили 2019-2020 тибқи нақшаи кори шуъбаи маориф барои роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони фаннӣ ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ семинарҳои доимоамалкунандаи омӯзишӣ ташкил  карда шуданд, ки дар ташаккул ва такмили  малакаву маҳорати  касбии омӯзгорон нақши муассир доштанд.

       Ҳозирини  арҷманд!  Пешравии  ҷомеа тараққиёти илму техника  тақозо менамояд, ки сатҳи  касбияти роҳбарону омӯзгорон ва дигар кормандони   муассисаҳои  таълимӣ пайваста  баланд бардошта  шавад. Ба ин мақсад  дар давоми  соли  таҳсили  2019-2020   124  нафар директорон,  ҷонишинони директор ва омӯзгорон  дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили  ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф  дар шаҳри Душанбе  аз курси такмили ихтисос   гузаронида шуданд. Дар давоми моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ 30 нафар  директорон ва  30 нафар  ҷонишинони   директор  оид ба  корҳои таълиму тарбия  дар  маркази  ноҳия  шаҳраки Ғарм  аз курсҳои   такмили  ихтисос  гузаронида шуданда, нақшаи аз курсҳои такмили ихтисос  гузаронидани директорон ва ҷонишинони онҳо  барзиёд  иҷро гардид.

       Ҳамчунин аз 2 то 9  июн  ва аз 6 то  11 августи  соли 2020    310 нафар омӯзгорони  фанҳои  ҷомеашиносӣ вобаста  ба  татбиқи муносибати  босалоҳият дар таълим, 69 нафар  омӯзгорони синфҳои  ибтидоӣ ҷиҳати амалӣ намудани Лоиҳаи ЮСАИД  «Ҳамроҳ бехонем»  дар семинарҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ иштирок намуда, соҳиби сертификат гариданд, ки ҷараёни  баргузории ин семинар аз ҷониби  намояндагони Вазорати  маориф  ва илми  ҷумҳурӣ  назорат бурда  мешуд.

     Бо мақсади  омӯзиш  ва расонидани   ёрии методӣ ба омӯзгорони синфҳои  ибтидоӣ  аз рӯи  амалӣ гардидани  Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» муассисаҳои таълимии №2,7,8,12,22,25,40,41,45 ҳамчун муассисаҳои такиягоҳӣ эълон шуда, иттиҳодияҳои методии омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои номбурда бо маводҳои методию таълимӣ ва корбарӣ таъмин карда шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» дар муассисаи таълимии №27 ташкили кабинет барои гузаронидани семинарҳои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ муҷаҳҳаз бо воситаҳои таълимию техникӣ ба нақша гирифта шудааст.

Кормандони  хонаи  методии  шуъбаи маориф дар соли таҳсили  сипаришуда  таҷрибаи пешқадами  кори омӯзгорон Бадалова Замира, Раҳматов Маҳмаҷон, Шоев Саймуҳиддин, Ҷамилов Субҳон, Ибодов Аъзам аз муассисаҳои таълимии №1,2,12,13,27-ро омӯхта  аз рӯи фанҳо вохӯрии онҳоро ба омӯзгорони фаннӣ баргузор  намуданд.

      Дар соли таҳсили  2019-2020  тибқи  нақша  609  нафар  омӯзгорон  аз аттестатсияи  навбатӣ  гузаронида,  дараҷаи тахассусии  онҳо муайян  карда шуд.

      Ҳамин  тавр  аз шумораи  умумии 1636 нафар омӯзгорони  муассисаҳои  таҳсилоти  умумии ноҳия  190 нафар  дорои дараҷаи тахассусии олӣ,  567 нафар дорои дараҷаи тахассусии  якум, 277 нафар дорои  дараҷаи тахассусии дуюм буда, 602 нафар омӯзгорон бе дараҷаи тахассусӣ мебошанд.

     Рафти аттестатсияи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ нишон дод, ки сатҳи дониши  касбӣ, сиёсӣ, назариявӣ  ва методии онҳо сол аз сол  беҳтар гардида истодааст.

       Бо мақсади  иҷрои  фармоиши  Вазири маориф ва илми чумҳурии Тоҷикистон аз 12  декабри  соли 2019 ва фармоиши   мудири шуъбаи маориф аз 26  январи соли 2020, № 33/1 ҷиҳати  дарёфт ва ошкор намудани  кормандони  педагогии  боистеъдод, омӯзгорони  навовару  эҷодкор, баланд  бардоштани  мақоми омӯзгор   дар ҷомеа  ва қадрдонии меҳнати онҳо  даври  аввал   ва дуюми «Омӯзгори сол»  дар муассисаҳои таълимӣ ва маркази  ҷамоатҳои  шахраку деҳот  гузаронида шуда, омӯзгорони ғолиб барои  иштирок  дар даври ноҳиявӣ  роҳхат  гирифтанд.

      Мутаассифона   бо сабаби   хуруҷ ва паҳншавии  бемории сироятии  коронавирус   ( КОВИД-19) даври  ноҳиявии озмун баргузор  нагардид.

Дар  давоми  моҳи  феврали  соли 2020  кормандони  шуъбаи маориф бо директорони  муассисаҳои таълимӣ  мувофиқи нақша-чорабиниҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия  вохӯрии хонандагони  синфҳои болоии  муассисаҳои   таҳсилоти  миёнаи умумиро  бо сарбозон ва афсарони қисмҳои низомии дар  шаҳраки  Навобод, деҳаи Боғистони   Ҷамоати  деҳоти Боқӣ Раҳимзода, маҳаллаҳои  Сари -пул ва Сомониёни шаҳраки Ғарм гузарониданд. Дар ин вохӯриҳо хонандагони  муассисаҳои таълимӣ  бо буду бош ва  рафти  хизмати  сарбозону афсарони    қисмҳои низомӣ   аз наздик шинос шуда, бо ин васила  дарки  ватандӯстиро  дар вуҷуди онҳо  маскан    гузоштанд, ки ин хеле хотирмон буд.  Нақши  ин гуна  чорабиниҳо  барои   омода  намудани  ҷавонон барои  хизмат  дар сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи  ватанамон  хеле калон  аст. Ин вохӯриҳо  дар ташаккули  ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстӣ,  парваридани  хислатҳои  мардонагии хонандагон нақши  муассир  мегузоранд. Рӯзи 26 феврал  дар муассисаҳои таълимӣ бахшида ба солгарди рӯзи  таъсисёбии созмонҳои  хонандагон ҷамъомадҳо  гузаронида, хонандагони  пешқадам  ба  аъзогии  созмонҳо қабул  карда шуданд.

      Ҳозирини гиромӣ!  Такроран қайд  кардан   мехоҳам, ки  бо туфайли  ғамхорию дастгириҳои  пайвастаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мухтарам  Эмомалӣ Раҳмон  мақом ва мартабаи  омӯзгор  дар ҷомеа  тоҷикон  сол аз сол  боло  рафта истодааст, ки ин талабот ва тақозои ҷаҳони муосир  мебошад ва қимати   панди бузурги  устод Абӯабдулло Рӯдакиро, ки  гуфта буд:-

           Агар дар ҷаҳон  набвад  омӯзгор,

           Шавад  тира аз бехирад  рӯзгор

тақвият бахшида, ғанӣ мегардонад.Солҳо асрҳо мегузарад  ва ин  ҳикмати  бузург  натанҳо  қимати  худро  гум намекунад, балки ба наслҳои  нав ба нав  дар таҳким  бахшидани  маънавиёти баланд, ахлоқи ҳамида  ва пос доштани   гузаштаи пурифтихори  худ  нерӯ  мебахшад

      Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз дар нохия  сафи  ин  гуна,  омӯзгорон,ки  онҳоро  барҳақ  фидоии  касби худ гуфтан  мумкин  аст, кам нестанд.

      Мо имрӯз  номҳои  омӯзгорони  асилу  ба дараҷаи  устоди расидаро  ба монанди  Маҳрамов Ҳотамҷон, Абдураззоқова Саломат, Маҳмадзиёева Ҷамила,Тақдиров Қаландаршо, Касиров Маъбуршо, Ҳасанов Темур, Идиев Қиёмиддин, Самадов Арабшо, Нодиров Баҳром, Мардонов Маҳмадназар, Сатторов Муқим, Элбегиев Саид, Аминова Ситора, Раҳматов Изатшо, Қувватов Раҳимбек, Гадоев Абдулҳай, Шарипов Ғанихуҷа, Саидов Раҳмоналӣ, Шарипов Ҳоҷӣ, Сайғуфронов Иброҳим, Урусбекова Гулмайрам, Искандаров Маҳмадшо, Амонова Бибиҳоҷар, Мирзоҳомидов Таваралӣ, Абдулкаримова Гулпарӣ, Давлатов Наврӯз, Давлатов Сайғуфрон, Малаев Саймуҳиддин, Анваров Ғайратшо, Ҷабборов Ҳусейн, Кингакова Майрамбӣ, Раҳимов Ҳасан, аз муассисаҳои таълимии №1,2,3,4,5,6,7,8,9,11,13, 14,16,22,23,24,26,27,29,39, 41,42,46,55,60 ва 63-ро боифтихор  ба забон   мегирем, ки  бо туфайли  меҳнати  ҳалолу шабонарӯзии худ сазовори  ҳурмату  эҳтироми  ҳамкасбон, шогирдон падару модарон ва аҳли  ҷомеа  гардидаанд.

 Имрӯз  аз ин  минбари баланди   ҷамъомади  кормандони  соҳаи маорифи  ноҳия  мехоҳам қайд намоям, ки  яке аз  ҳамин  гуна омӯзгорон  омӯзгори фанни химия ва биологияи муассисаи  таҳсилоти умумии  № 61  деҳаи Шаҳринав   Ғиёсов   Маҳмадраҷаб  мебошад, ки  дар тӯли фаъолияти 35 солаи омӯзгориаш пайваста  омӯхта  таҷрибаи пешқадамро  аз худ   кардааст, ҳар як дарсашро  бо тайёрии  хуб ва  сифати  аъло  гузаронида, сазовори   номи  пуршарафи  устод  гардидааст.

 Дар давраи кориаш устод Ғиёсов  Маҳмадраҷаб  аз муҳасилини  деҳаи  худ ва  дигар деҳаҳои   ҳудуди  ноҳия   шогирдони  зиёдеро таълиму тарбия  дода ба  камол  расонидааст, ки имрӯз дар  соҳахои  гуногуни  хоҷагии халқи ноҳия  ва берун  аз он  кору фаъолият  карда  истодаанд. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Ғиёсов Маҳмараҷаб буд, ки имсол 10 нафар шогирдонаш дар донишгоҳҳои тиббии ҷумҳурӣ ва 3 нафар ба донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия дохил шуданд.

 Имрӯз  мо бо хушнудӣ қайд  карда  метавонем, ки  омӯзгорони  ҷавону  умедбахш Аслиёи Сайҷалол, Ғафуров Хусрав, Ҷамилов Субҳон, Одинаев Бахтовар, Замонова Марҳабо, 26, Ибодов Аъзам, Каримов Бурҳониддин, Қаҳоров Сайфиддин, Ҳайётов Ҳусниддин, Одинаев Кароматулло,  аз муассисаҳои таълимии №3,10,12,24,25,26,27, 32,33,41,49 дар пайроҳаи  устодони худ  кадам зада, дар ҷоддаи  касби  омӯзгорӣ ба муваффақиятҳои назаррас  ноил  шуда истодаанд.

     Барҳақ  бузурге  фармудааст, ки:

     Ба шогирдӣ ҳар он  к-ӯ шод  гардад,

     Расад  рӯзе, ки худ  устод  гардад.

 Мутаассифона   имрӯз  ҳам  дар муассисаҳои  таълимии   ноҳия  вомехӯранд омӯзгороне, ки барои  такмили маҳорати  касбии худ кушиш  намекунад, худомӯзӣ  наменамоянд. Санҷишҳо  нишон  доданд, ки  шогирдони  ин  омӯзгорон  дониши  кофӣ надошта, сатҳу сифати донишашон низ ба талабот ҷавобгӯ нест.

      Ҳозирини гиромӣ!  Таҷрибаҳои  бисёрсола  дар соҳаи маориф ва   тадқиқотҳои пажуҳишгарони соҳа   собит намудааст, ки  пешравии   кори  муассисаҳои   таълимӣ, ноил  шудан ба  дастовардҳои  назаррас  дар ҷоддаи таълиму тарбия аз бисёр ҷиҳат  ба дуруст ба роҳ мондани  назорати  дохилимактабӣ вобаста мебошад ва дар ин  самт пеш аз ҳама   нақши директори  муассисаи таълимӣ  калон  мебошад

    Директорон   Раҳматов Зиёратшо, Назруллоев Х., Ташрипов А., Шарифов Ҳ., Шарипов Т., Мирзоев А., Нуриддинова С.,Замонов И., Мираков С., Саидов М., Ҷураева М., Раҷабов И., Сайғуфронов З. аз муассисаҳои тахсилоти  умумии № 2, 10, 12, 15, 17, 19, 21, 25, 26, 27, 34, 52  ва  92 рисолати  роҳбарии  худро  дуруст  ва мақсаднок  иҷро  карда, истодаанд.

 Дар  соли таҳсили  сипаригардида  дар назди  шуъбаи  маориф  як Маркази таҳсилоти  иловагӣ, Маркази  дарёфт ва рушди  истеъдодҳо, Маркази  технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия амал  намуда, дар фаъолияти худ  дар самти  таълиму тарбияи насли наврас  баланд бардоштани  сатҳу сифати дониши  онҳо  корҳои  муайянеро  ба  анҷом расондаанд.

   Маркази  таҳсилоти  иловагии назди  шуъбаи маориф ягона  муассиса дар  ноҳия буда, дар назди  муассисаҳои  таълимии № 2,  12, 25 ва 51  маҳфилҳои худро  дорад, ки дар  маҷмӯъ фарогирӣ 380  нафар аъзоён  мебошанд, ки нисбати соли гузашта шумораи аъзоёни маҳфилҳо 29 нафар зиёд мебошад.

   Вобаста ба  эълон  гардидани   солҳои  2019-2021 «Солҳои рушди   деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ дар назди марказ   маҳфилҳои  нави гулдӯзӣ,  дастони моҳир  ва забони  англисӣ таъсис  дода шуданд, ки  барои ҳунаромӯзӣ ва интихоби  касби шогирдон аҳамияти  калон дорад.

  Бояд  қайд намуд, ки  дар соли таҳсили  гузашта  бо сабаби  набудани  асбобҳои мусиқӣ ва  мутахассис маҳфили мусиқии марказ  фаъолият  накард.

Тайи солҳои  охир шогирдони  маҳфили «Ихтироъкорони наврас»-и  марказ  дар озмунҳои  ҷумҳуриявӣ  иштироки фаъолона  дошта, дар соли ҷорӣ аъзои маҳфили “Физикони наврас” Раҳмонова Замирахон дар даври минтақавии озмун иштирок намуда сазовори ҷои дуюм гашт.

     Самти  дигари кори  маркази  таҳсилоти  иловагӣ  ин роҳбарӣ ва назорат ба  кори  Созмони  хонандагони  муассисаҳои  таълимии  ноҳия  мебошад.

    Аз таъсиси Созмони  хонандагон  беш аз 20 сол  сипарӣ  шуда   бошад ҳам  дар фаъолияти  онҳо ҳанӯз  камбудиҳо ба назар мерасанд. Санҷишҳо  нишон  доданд, ки  дар муассисаҳои  таълимии № 6, 13, 45, 49, 54, 64 ва 80  роҳбари созмони  хонандагон  ҳамасола  иваз карда  мешавад ва барои   фаъолияти  онҳо  шароитҳои  мусоид  фароҳам  намеоранд.Масъалаи мазкур дар Шӯрои шуъбаи маориф мавриди муҳокима қарор дода гирифта, ба роҳбарони муассисаҳои дар боло зикршуда, бо қарори Шӯро дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маркази  дарёфт ва рушди  истеъдодҳои  назди шуъбаи маориф, тайи 6  соли охир фаъолият карда   истодааст, барои дарёфти  истеъдодҳои   ҷавон  дар муассисаҳои таълимӣ  ва бурдани кор  б онҳо дар ҳамкори бо роҳбарон ва омӯзгорон  як қатор  корҳои назаррасро ба анҷом  расонидааст.

    Натиҷаи ҳамин  корбарии якҷоя аст, ки  сол аз сол  сафи иштирокдорони озмуну маҳфилҳо  ва  олимпиадаҳои фаннии хонандагон  бештар  ва  фаъолияташон  назаррас  гардида  истодааст.

    Ҳамагон  медонем, ки  кори дарёфти истеъдодҳои ҷавон  ва бурдани  кор бо онҳо   баргузор   намудани  олимпиадаҳои  хонандагон аҳамияти  калон дорад.

  Тибқи  фармоишҳои  Вазорати  маориф  ва илми   ҷумҳурӣ  ва  мудири шуъбаи маориф  ҳамасола  рӯи фанҳои   таълимӣ  дар чор давр    олимпиадаҳои  хонандагон  гузаронида  мешавад. Шумораи  иштирокдорон   ҳамасола  зиёд гардида  истодааст.

Дар даври ноҳиявии   олимпиадаи  хонандагон, ки  531 нафар, аз  ҷумла  112 нафар  духтарон, ки дар  даври минтақавӣ ғолиб  омада  буданд  иштирок  карда, 310 нафар  аз ҷумла  89  нафар  духтарон  ғолиб дониста  шуданд.

Рӯзҳои  11-12 январи  соли  2020 дар даври   аввали  минтақавии  олимпиада, ки  бо иштироки  ғолибон аз синфи 9-10  дар маркази ноҳия  шаҳраки Ғарм  гузаронида  шуда, аз 111 нафар  иштирокчӣ  42 нафарашон  ғолиб омада, сазовори  туҳфаҳои  хотиравии кумитаи тадорукотии  олимпиада гардиданд.  Дар ин  даври олимпиада  нисбат ба соли  гузашта  шумораи  иштирокчиён 31 нафар  ва шумораи  ғолибон  20 нафар зиёд буд.

 Ғолибони даври  аввали  минтақавии олимпиада асосан шогирдони муассисаҳои таълимии № 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 12, 22, 24, 25, 26, 27, 28, 29, 30, 32, 34, 3740, 41, 45, 49, 51, 52, 53, 54, 55, 60, 61, 100 ва Муассиса-интернати ҷумҳурияии ноҳия  мебошанд.

Бо сабабҳои хуруҷ  ва паҳншавии бемории  сироятии  коронавирус  (КОВИД-19) даврҳои  минбаъдаи олимпиада баргузор  нагирдиданд.

  Маркази дарёфт  ва рушди истеъдодҳои  назди шуъбаи маориф дар соли  таҳсили гузашта  дар муассисаҳои  таълимии № 1, 2, 3, 7, 8, 12, 16, 22, 25, 27, 29, 52 ва 61  барои  хонандагони хоҳишманд  аз фанҳои  химия, биологич, математика, забонҳои русӣ ва англисӣ  дарсҳои  иловагӣ  роҳандозӣ  шуданд, ки машғулиятҳоро  омӯзгорони соҳибтаҷриба   гузарониданд.

   Маркази  дарёфт  ва рушди  истеъдодҳои назди  шуъбаи маориф ҷиҳати  татбиқи фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31 январи соли  2020, № 1445 дар бораи  эълон доштани  солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ  ва риёзӣ  дар соҳаи  илму  маориф»  ва қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  27 феврали соли 2020, № 89 «Дар бораи  Барномаи  рушди  илмҳои  табиатшиносӣ, риёзию техникӣ  барои солҳои  2010-2020»  дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон  ва варзиши мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии нохия рӯзи 21  феврали  соли 2020  дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №1 шаҳраки Ғарм дар байни  хонандагони синфҳои  7-11  ва омӯзгорони  ҷавон   озмуни «Беҳтарин  математик»-ро дар номинатсияҳои  «Ҳисобдони ҷавон», “Риёзидон» ва «Дақиқназар» гузаронида шуд, ки дар онхо беш аз 100 нафар  хонандагону омӯзгорони  синашон то 30-сола  иштирок  доштанд.

Натиҷаи  ҷамъбасти  озмун нишон дод, ки хонандагони  муассисаҳои таълимии № 1, 3, 26, 29 ва 32  дар он   фаъолона  иштирок  карда, сазовори  ҷойҳои  ифтихорӣ ва туҳфаҳои  хотиравӣ  гардиданд.

   Дар  номинатсияи «Дақиқназар»  аз байни  23 нафар омӯзгорони иштирокчӣ  ҷои аввал ба  омӯзгори муассисаи таълимии № 32 Каримов  Бурҳониддин,  ҷойи  дуюм  ба омӯзгори   муассисаи таълимии № 27 Азимов  Салмон, ҷойи сеюм  ба омӯзгори  муассисаи таълимии № 3 Авлиёи  Сайҷалол дода шуда,  ҳамчунин омӯзгорони муассисаҳои  таълимии № 48  ва 53  барои иштироки фаъолона  ба «Ифтихорнома»-и  шуъбаи маориф  қадрдонӣ  карда шуданд.

 Имрӯз  ҳаёт  тақозо  менамояд, ки  мо кормандони   соҳаи маориф  дар  партави вазифаҳое, ки Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар назди мо  гузоштаанд, фаъолият  намуда, назоратро ба  азхудкунии донишҳои  замонавӣ пурзӯр  гардонида қобилияти эҷодии наврасону  ҷавононро тақвият бахшем  ва ба таълими  фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ  ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар  зоҳир  намоем.

   Хозирини муҳтарам! Ҳамагон медонем, ки ҷомеаи имрӯзаро  бе истифодаи техника ва технологияи навтарин тасаввур кардан душвор  аст.

    Ба ин мақсад  дар назди   шуъбаи маориф тайи чанд со ласт, ки Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия амал карда истодааст дар самти  иҷро гардонидани  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 29  сентябри  соли 2017, № 443 «Дар  бораи  Барномаи давлатии   амалӣ намудани  технологияҳои  иттилоотӣ  коммуникатсионӣ дар муассисаҳои  таҳсилоти умумии  ноҳия кор  карда  истодааст.

Айни замон   дар  муассисаҳои  таҳсилоти  умумии  ноҳия 820 адад  компютер, 72 адад нотбук, 191 адад принтер, 14 адад тахтаи  электронӣ, 42 адад   видеопроэктор  мавҷуд  мебошад.

  Дар соли таҳсили   2019-2020 аз  ҳисоби  маблағҳои  муассисаҳои  таълимӣ  62 адад  компютер, 15 адад нотбук, 76 адад принтер, 2 адад тахтаҳои  электронӣ ва 21 адад видеопроэктор  харидорӣ карда  шуд, ки иҷроиши  Барномаро  38% таъмин  намуда, нисбати  соли  гузашта  бетағйир монд.

    Бо мақсади  таълими самараноки фанни технологияи иттилоотӣ  дар 71  муассисаи таълимӣ  кабинетҳои  фанни ташкил ва  ҷиҳозонида  шудаанд.

    Алҳол  ба таълими  фанни технологияи иттилоотӣ  дар муассисаҳои  таълимии ноҳия 80 нафар омӯзгорон  машғуланд, ки  беш аз  85%-и онҳо  дорои таҳсилоти   олӣ  мебошанд.

 Кормандони  Марказ  дар давраҳои  таътил  барои роҳбарон  ва омӯзгорони  муассисаҳои таълимӣ  аз рӯи барномаи  пешниҳодшуда  машғулиятҳои  омӯзиши  оиди  технологияи иттилоотӣ мегузаронанд.

  Мушкилоти  асосӣ дар фаъолияти марказ норасогии мутахассисони  касбӣ ва надоштани маълумоти зарурии касбӣ иддае аз омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ мебошад.

  Муҳтарам раис, ҳозирини гиромӣ! Қайд кардан  бамаврид  аст, ки сафи  довталабон  барои дохил шудан ба Донишгоҳу    Донишкадаҳо,  коллеҷҳо ва ба  муассисаҳои таҳсилоти  олии хориҷи  кишвар аз ҳисоби  хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-уми  ноҳия   сол аз  сол зиёд гардида истодааст.

    Дар соли 2020 дар нуқтаи  бақайдгирии маркази  миллии  тестӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии № 1 ташкил шуда  буд барои дар имтиҳонҳои  марказонидашудаи  дохилшавӣ иштирок  намудан аз ҳисоби  1662 хатмкунандагони  синфҳои  11-ум  ки 703  нафарашон духтарон  буданд, 1049 нафар  аз  он 209  нафарашон  духтарон  ҳуҷҷат супориданд, ки нисбати   соли 2019  мутаносибан  123 нафар зиёд  мебошад.

Аз ҳисоби  хатмкунандагони синфи 9-уми муассисаҳои  таҳсилоти умумии  ноҳия бошад ба маркази  миллии тестӣ  224 нафар  аз ҷумла  92 нафар духтарон  ҳуҷҷат  супориданд.

Ҳамчунин  тибқи   ҳисоботҳои   пешниҳодгардида  89  нафар   хатмкунандагони  синфҳои  11-уми  ноҳия  аз он  2 нафарашон   духтарон   барои  дохил шудан  ба муассисаҳои  таҳсилоти  олиии хориҷи кишвар  махсусан  Федератсияи Россия  ҳуҷҷат супориданд, ки нисбат ба соли  гузашта  71 нафар  зиёд   мебошад.

Ҳамасола  теъдоди муайяни хатмкунандагони  муассисаҳои  таълимӣ  тариқи озмун, ки дар  се давр ( мактабӣ, ноҳиявӣ ва даври ниҳоӣ)  гузаронида  мешавад, тибқи  квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муассисаҳои таҳсилоти  олии  кишвар қабул карда мешаванд.

Имсол   низ давр  ниҳоии  озмуни намояндагон аз Вазорати   маориф ва муассисаҳои  таҳсилоти  олии ҷумҳурӣ  гузарониданд, ки дар  он  аз шумораи 66 нафар  довталабон  22 нафарашон  ( 11 нафар  духтар  ва 11 нафар  писар) ғолиб омада,  сазовори  номи пуршарафи донишҷӯ гардиданд.

Ҳозирини муҳтарам!  Шуъбаи  маориф, муассисаҳои таълимии ноҳия таҳти  роҳбарӣ  ва   дастгириҳои  пайвастаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия  бо мақсади  иҷро намудани   қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 27  марти соли  2019,  №147 «Дар бораи  сари вақт омода намудани  соҳаҳои  иқтисодиёт ва иҷтимоиёти  ҷумҳурии Тоҷикистон  барои фаъолияти  мунтазам  ва  самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони  солҳои  2019-2020»  ва қарори  дар ин  самт  қабулнамудаи раиси ноҳияи Рашт  аз 24  апрели  соли 2019, № 233 ҳамаи  чораҳои   заруриро  андешида,  фаслҳои  тирамоҳ  ва зимисонро  бе душвориҳо паси сар  намуданд.

Дар   соли таҳсили   2019-2020  аз Вазорати  маориф ва илми чумҳурии Тоҷикистон ба  шуъбаи маорифи  ноҳия  24120  нусха  китобҳои  дарсӣ, 40 номгӯи  барнома, роҳнамо ва китобҳои  бадеӣ  ба маблағи  умумии 398 ҳазор  сомонӣ воид   ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида  шудааст.

      Қарзи  шуъбаи маориф аз ҳисоби  маблағи китобҳои  иҷораи солҳои 2001-2019   325  ҳазору 315 сомониро  ташкл медиҳад.

      Норасогии китобҳои  дарсӣ , ки  бештар  аз фанҳои  забони русӣ, забони  англисӣ, физика, геометрия , технологияи иттилоотӣ, география  ва химия   мебошанд  107800 нусхаро ташкил   медиҳад.

Бо мақсади   бартараф  намудани  норасогии  китобҳои дарсӣ  дар соли таҳсили  2020-2021  ба Вазорати  маориф  ва илми  ҷумҳурӣ  дархост пешниҳод  карда шудааст.

Ҳозирини  арҷманд!  Яке аз масъалаҳои  асосие, ки Асосгузори   сулҳу ваҳлати   миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми  навбатии худ ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  баланд бардоштани  савияи  донишу  маърифатнокии хонандагон, тарбияи  ҳамаҷониаи онҳо  дар доираи  талаботҳои  Консепсияи  миллии  тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 тасдиқ  гардидааст ҳамасола дар байни  қишрҳои  гуногуни  ҷомеа  баргузор  намудани  озмуни ҷумҳуриявии  «Фуруғи субҳи доноӣ  китоб аст»  буда, дар ин самт  бояд нақши  китобхонаҳо аз ҷумла  китобхонаҳои  мактабӣ  ҳамчун  маркази  муҳими  илму  фарҳанг  баланд  бардошта  шаванд.

Алҳол  дар назди  ҳамаи муассисаи таҳсилоти  умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳия  китобхонаҳо  ташкил карда шуда  бошанд ҳам,  санҷишҳо   нишон медиҳанд, ки на ҳамаи  мудирони онҳо  вазифаи  худро самимӣ ва мувофиқи мақсад иҷро  менамоянд. Дар баъзе  муассисаҳои таълимӣ  вазифаи  мудири  китобхонаро  ҳамчун  сарборӣ  ба омӯзгорон дода, рафти фаъолияти онҳо аз тарафи маъмурият назорат ва натиҷагирӣ карда намешавад. Масъалаи маз кур низ дар Шурои шуъбаи маориф мавриди муҳокима қарор дода шуда, мудирони китобхонаҳое, ки дар фаъолияташон камбудиҳои ҷиддӣ ба назар расид аз вазифаи мудири китобхонаҳо сабукдӯш шуданд.

Қайд кардан ба маврид медонам, ки бо бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон ва хуруҷи вируси КОВИД-19 Тоҷикистони азизи мо низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бе таъсир намонд.Дар доираи  талаботҳои Нақша –чорабиниҳои ситоди ноҳиявӣ оиди пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 шуъбаи маориф нақша-супоришҳоро ҷиҳати бурдани корҳои профилактикӣ бар зидди ҳамагуна бемориҳои сироятӣ таҳия ва тасдиқ  намуда, дастраси директорони муассисаҳои таълимӣ гардонид.Хушбахтона то имрӯз ҳолатҳои фавт аз ҳисоби омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз ин вируси марговар ба қайд гирифта нашудааст.

Муҳтарам  раис, ҳозирини гиромӣ!

      Тибқи фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.05.2020, №1647 ва аз  04.06.2020, №1746 «Дар бораи амалӣ  намудани  протоколҳои   Ситоди  ҷумҳуриявӣ  барои  пешгирии  интиқол  ва  пайдоиши  сирояти нави  коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли таҳсил рӯзи 11 май ба анҷом расида идомаи соли  таҳсил  аз 17 август  оғоз мегардад. Дар  асоси фармоиши мазкур  аттестатсияҳои  аз синф ба синф гузаронидан ва хатм то 15 июн  дар асоси баҳои  чорякҳои  1,2,3, давомоти  чоряки 4 ва баҳои солона ҷамъбаст гардид. Ҳамин тариқ аз 25176 нафар хонандагони  синфҳои 2-11, 18719 нафар хонандагони синфҳои 4-11 соли таҳсилро ҷамъбаст карда, ба аттестатсияҳо роҳ дода шуданд. Аз шумораи зикршуда 39 нафар  хонандагон дар аттестатсияҳо иштирок накарда, 35 нафар хонандагон дар синфашон  такроран мононда шуданд. Натиҷаи  ҷамъбасти  соли таҳсили  гузашта  нишон дод, ки  дараҷаи  азхудкунии барномаҳои  таълимӣ  98% ва  сифати  таҳсилот  44%-ро  ташкил  медиҳад.

        8 нафар хатмкунандагони синфи 9-ум аз муассисаҳои  таълими №2,12,27 ва 29 соҳиби шаҳодатномаи аъло шуданд,  ки ин нисбат ба соли  гузашта 5 нафар зиёд мебошад.

     Муҳтарам раис;  ҳозирини  гиромӣ!

     Як нуқтаро қайд  кардан  бомаврид медонам, ки бо сабаби  норасогии маблағҳо «Барномаи давлатии   таъмини муассисаҳои  таълимию  илмии ҷумҳурӣ  бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои  муҷаҳҳазӣ  талимӣ  ва илмию  таҳқиқотӣ  барои солҳои  2018-2020»    ноиҷро  мемонад.

   То ин давра муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби  маблағҳои  ҷудогардида  пурра таъмир карда шуда, ба соли  нави таҳсили  2020-2021 омода  мебошанд.

     Дар  соли 2019  ба шуъбаи маориф  150  баста  мизу курсӣ 12 адад тахтаи  синфӣ ва 12 адад ҷевони  китоб  ворид гардида, дастраси муассисаҳои  таълимии эҳтиёҷманд  гардонда  шуданд.     Муассисаҳои таълимӣ бо  мақсади  ҳалли масъалаи  ҷои нишасти хонандагон ба 681 баста  мизу курсӣ, 27  адад  тахтаи  синфӣ, 480 курсии нимнарм ва 27 адад  ҷевони  китобгирӣ эҳтиёҷ  доранд.

    Ҳозирини гиромӣ!  Аз  давраи  ба  вазифаи  раиси  ноҳия таъин  гардиданашон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон  Набизода 6 маротиба бо кормандони муасисаҳои  таълимӣ  ва дигар  кормандони  масъули  соҳа, якҷоя бо раисони  ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаву  ташкилотҳо вохӯрӣ гузаронида дар самти пешбурди  кори  таълиму  тарбия, сатҳу  сифати  дониши хонандагон  ва дигар  масъалаҳои  зарурии соҳа  дастуру  супоришҳо  доданд, ки бо мақсади  иҷрои  онҳо дар  шуъбаи маориф  нақшаи  чорабиниҳо таҳия  гардида,  иҷрои он зери назорати  мудири шуъбаи маориф  қарор дорад.

     Дар соли  таҳсили  2019-2020  паҳлуҳои  гуногуни  фаъолияти шуъбаи маориф  ва  муассисаҳои таълимии  ноҳия  5 маротиба аз тарафи  кормандони Вазорати  маориф  ва Маркази  ҷумҳуриявии таълимию методии   назди  Вазорат мавриди  санҷиш қарор дода шудааст.

      Дар соли таҳсили  2019-2020  10 Шӯрои  шуъбаи маориф ва 16 маҷлисҳои  назоратии  назди  мудири шуъбаи маориф гузаронида шуда, беш аз 60 масъалаи марбут ба кори таълиму тарбия муҳокима  гардидаанд. Иштироки  кормандони соҳаи маорифи ноҳия  ва хонандагону  омӯзгорон дар ташкилу  гузаронидани  чорабиниҳои гуногун бахшида  ба саннаҳои  таърихӣ  ва ҷашнҳо  назаррас буд.

         Муҳтарам раис, ҳозирини гиромӣ!

        Дар соли таҳсили нави  2019-2020 дар назди  маорифчиёни  ноҳия  ҳалли  як  қатор вазифаҳо   меистанд, ки асоситаринашон  инҳо  мебошанд.

  1. Андешидани чораҳои  мушаххас  ҷиҳати  таъмини  муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони  ихтисоманд.
  2. Ташкил намудани  Маркази  инкишофи  кӯдакон  дар назди  муассисаҳои  таълими  имкониятдошта.
  3. Андешидани чорахо  ҷиҳати  таъмини  хонандагон  бо китобҳои дарсӣ.
  4. Бо истифода аз имкониятҳои   мавҷуда  тибқи  нақша  сафарбар  намудани роҳбарон  ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба курсҳои такмили  ихтисос
  5. Ҷоннок намудани ҳамкории  муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон
  6. Пурзӯр намудани корҳои  тарбиявии  байни  хонандагон  дар ҳамкорӣ бо падару модарон ва аҳли  ҷомеа  пешгирӣ  намудан  аз шомилшавии ҷавонону наврасон  ба гурӯҳҳои  иртиҷоӣ.
  7. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими  анъана  ва ҷашну  маросим  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  роҳ надодан ба кирдорҳои  коррупсионӣ дар баргузории чорабиниҳои  мактабӣ
  8. Тавассути ташкил намудани  кабинетҳои  технологияи меҳнат  ва машғулиятҳои  таълимӣ пурзӯр  намудани  корҳои  касбинтихобкунии хонандагон
  9. Норасогии асбобҳои мусиқӣ дар муассисаҳои таълимӣ
  10. Норасогии кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ, тахтаҳои электронӣ ва видеопроэкторҳо

      Дар охир   Шумо  муҳтарам  раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро  бовар  мекунонам, ки  маорифчиёни  ноҳия дар  фаъолияти худ сиёсати  хирадмандона ва маорифпарваронаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи  фаъолияти  худ қарор дода,  барои иҷрои  вазифаҳои худ  аз ҳамаи имкониятҳои доштаашон  истифода   бурда, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо   дастовард

ҳои нав дар таълиму  тарбияи  наслҳои  ҷавон  сазовор  пешвоз  мегирем.