Маориф Хабарҳо

ЭРОДҲО ВОҚЕЪБИНОНАЮ ҲИДОЯТҲО САРИВАҚТӢ БУД

Дар вохӯрии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бо кормандони шуъбаи маориф ва роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия вазъи кунунии соҳаи маориф ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ муовинони раис ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳамкор ширкат доштанд.

Ҳикматулло Мирзоев, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, дар оғози вохӯрӣ роҷеъ ба бурду бохти соҳаи маориф дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳисобот ироа кард.

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳия эродҳои ҷиддӣ гирифта, баҳри фавран бартараф намудани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла ӯ гуфт, ки дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳия ба масъалаи бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 52 иншоот дар соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия паи ҳам биноҳои нави таълимию синфхонаҳои иловагӣ қомат афрохта истодаанд. Маҳз дар арафаи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ 4 бинои нави таълимӣ  ва 6 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои 150 нафар хонандагон дар ду баст шароити хуб фароҳам омад. Ҳоло дар назди 6 муассисаи дигар бунёди биноҳои нави замонавии таълимӣ идома дорад.

Масъалаи дастгирии омӯзгорони ҷавон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор гирифтааст, аммо дар ин самт ҳанӯз камбудиҳои ҷиддӣ ҷой дорад. Чуноне аз шумораи хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии омӯзгорӣ, ки ҳамасола 117 нафарро ташкил медиҳанд,  70 нафар ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, ҳол он ки норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 41 нафарро ташкил дода, 220 нафар омӯзгорони дигар ғайри ихтисос ба шогирдон дарс мегӯянд. Наандешидани чораҳо дар ин самт, албатта аз беэътиноии роҳбарияти шуъбаи маориф далолат мекунад.

Соли таҳсили сипаришуда дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 6 маркази инкишофи кӯдакон таъсис ёфта, шумораи онҳо ба 46 адад расонда шуд, ки 1026  нафар кӯдакони синни томактабиро фаро гирифтаанд. Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаҳои Ҳоит-2 ва Қазноқ бо фарогирии 60 тарбиятгиранда таъсис дода шуд. Илова ба ин, 2 боғчаи бачагонаи дигар дар шаҳракҳои Ғарму Навобод фаъолият доранд.

– Имсол боз дар назди 10 муассисаи дигар марказҳои инкишофи кӯдакон таъсис дода мешавад, – иттилоъ дод мудири шуъбаи маориф.

Раиси ноҳия ин нишондодро ғайри қаноатбахш ҳисобида, бобати ҳарчи бештар ривоҷ додани тарбияи томактабӣ ба масъулин дастур дод.

Дастовардҳои маркази истеъдодҳои ҷавони назди шуъбаи маориф ҳанӯз ҳам назаррас нестанд. Ҳарчанд, ки ба масъалаи ҳавасмандгардонии истеъдодҳои ҷавон таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, аммо роҳбарияти шуъбаи маориф ва омӯзгорони марказ дар ин самт саҳлангорӣ доранд.

– Фаъолияти маркази технологияи иттилооти назди шуъбаи маориф ҳам талаботи вақтро қонеъ карда наметавонад. Беш 21 компютер ҳанӯз ҳам дар муассисаҳои таълимӣ ба таъмир ниёз доранд. Бинобар ин, зарур аст, ки маркази мазкур суратҳисоби алоҳида кушода, мустақилияти молиявӣ пайдо кунад, – гуфт раиси ноҳия.

Ва ҳамчунин, ӯ доир ба масъалаҳои таъсиси кабинетҳои фаннӣ,  аз курсҳои такмили ихтисос гузарондани омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ҷойи нишаст ва таҷҳизоти хониш, таъмини саривақтии хонандагон бо сару либоси мактабӣ ва пардохти маблағи қарзи либосҳои ягонаи мактабӣ, бастани шартномаҳо байни корхонаҳои дӯзандагию муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва пардохти саривақтии қарзи китобҳои иҷораи дарсӣ, пурқувват кардани баззаи моддию технкии муассисаҳои таълимӣ, вусъат бахшидани фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ, назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ноболиғон аз даст задан бо амалҳои номатлуб, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии бемории Covid-19, ҷалби духтарон баъди хатми синфи 9 ба синфи 10 ва роҳандозии ҳамешагии озмунҳои фаннию мусобиқаҳои варзишӣ дар байни хонандагон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси ноҳия ба сармутахассисони шуъбаи маориф дастур дод, ки назоратро аз болои сифати таълим пурзӯр намуда, фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бозомӯзӣ карда шуда, зери назорати ҷиддӣ гирифта шавад.  Кабинети методии шуъбаи маорифро низ ҷиҳати ба роҳ мондани усулҳои наву самарабахши таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баҳри беҳтаргардонии сифати таҳсилот ҳидоят кард.

Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориши қатъӣ дод, ки то 1 августи соли ҷорӣ ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумиро аз таъмири ҷорӣ бароварда, оид ба омодагии муассисаҳо ба соли нави таҳсил гузориш манзур намоянд.