Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо Ҳисоботҳо

РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ МУҚИМӢ РАҲИМҶОН НАБИЗОДА: “ИҶРОИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРАКАТ МЕОРАД”

Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои судманд бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаш моҳи соли равон соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба мушкилоти давраи навин нигоҳ накарда, ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Тавре Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, дар хусуси натиҷаҳои ҷамъбасти тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳисобот манзур кард, таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар ҳаёт татбиқ  намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои  назаррас дастҷамъона саъю талош карданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳаҷми умумии  истеҳсоли маҳсулот 151 млн. 690,5  ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати  соли гузашта  621,7 ҳазор  сомонӣ зиёд  гардидааст.

Гардиши чаканаи мол дар ин давра 47  млн. 914 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  2 млн. 473,1  ҳазор  сомонӣ ё 12,7   фоиз зиёд мебошад.

Барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби шуъбаҳои бонкии дар ноҳия амалкунанда ба маблағи  6  млн. 543,1     ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи  соли 2019  ба маблағи  2 млн 534,2  ҳазор сомонӣ зиёд   ё  63,2    фоиз афзудааст.

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта 12  млн. 114,2    ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 2 млн 229,2  ҳазор  доллари ИМА ё  15,5 фоиз кам мебошад.

Дар ин давра дар ноҳия 82  соҳибкор тибқи шаҳодатнома ва 620 соҳибкор, аз ин 46 нафар зан тибқи патент ва 2840  хоҷагии деҳқонӣ фаъолият намудаанд.

Бунёди  69   га боғҳои нав ва  барқарорсозии 74  га боғҳои куҳна ба нақша гирифта   шуда, дар нимсолаи  якуми соли равон 71  га боғҳои нав бунёд карда шуда, 83  га боғҳои куҳна барқарор гардид. Дар ҳамаи шаклҳои  кишоварзӣ дар майдони  7488  га кишти  зиротҳо  гузаронда шудааст, ки нисбат  соли гузашта  210  гектар зиёд мебошад.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 3136 га расонда шуд, ки нисбат ба нақша 89 га ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1027 га зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 64 млн. 758,5 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта  1 млн 467,5 ҳазор сомонӣ  зиёд ва суръати афзоиш 102,3 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда як қатор корҳо ба анҷом расонда шуд. Аз ҷумла, дар мавзеи «Дашти беоб»-и Ҷамоати  деҳоти Ҳоит 2,5  км қубурҳо хобонда шуданд, ки маблағи корҳои ба анҷом расонидашуда 1 млн 300 ҳазор сомониро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Бо дастгирии обистифодабарандагон корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар масофаи 8 км дар канали “Намуна”-и Ҷамоати деҳоти Ҳоит, Қарашаҳр 1 ва 2, Ҳисорак 1 ва 2 дар  масофаи 33 км дар  Ҷамоати деҳоти Ясман ва Сари Шухони Ҷамоати деҳоти Аскалон дар масофаи 7 км ба маблағи 52370 сомонӣ  ба анҷом расонда шуд.

Бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва аҳолӣ марҳилаи якуми сохтмони канали “Мардумӣ” дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх  идома дошта, бо ба истифода супоридани он зиёда аз 100 га заминҳо обёрӣ карда мешаванд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 77807  сар, моли майда 172841  сар, асп 1498 сар, мурғ 118346  сар ва оилаи замбури асал 21767  оиларо ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди соли гузашта чорвои калони шохдор 3249  сар, моли майда 9635  сар, асп 28 сар, мурғ 3336  сар ва оилаи замбури асал 196  оила зиёд шудааст.

Дар ин давра  истеҳсоли гӯшт ба 2027,2   тонна, шир ба 5837,5  тонна,  тухм ба 2 млн 711,7   ҳазор дона расонда шуд, ки  мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта  гӯшт 36,4   тонна, шир  116,8    тонна, тухм 2,2  ҳаз. дона зиёд  мебошад.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия 12 млн. 80,6 ҳазор   сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6 млн. 620,3 ҳазор сомонӣ ё  35,4  фоиз кам  мебошад. Сабаби кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 1814  тонна кам гардидани истеҳсоли маҳсулот дар  Корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм  мебошад. Агар корхонаи мазкур дар нимсола якуми  соли гузашта ба маблағи 7 млн. 601 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда бошад, ин нишондод дар нимсолаи якуми  соли ҷорӣ 3 млн. 697 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 3 млн.  904  ҳазор сомонӣ ё 51,4  фоиз кам гардидааст.

Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки  тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва сармояи хориҷӣ бунёди 12 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, ташкил ва ба кор оғоз намудани коргоҳи мебелбарорӣ, корхонаҳои истеҳсоли хишти пухта, масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал), истеҳсоли макарон,  хуроки чорво, корхонаи дӯзандагӣ ва коргоҳҳои коркарди пашм, коркарди мева, истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулотҳои қаннодӣ нақшабандӣ шуда, коргоҳҳои мебелбарорӣ, истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулотҳои қаннодӣ ва корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Корҳои бақайдгирӣ ва барасмиятдарории фаъолият  дар  корхонаҳои истеҳсоли хишт ва дӯзандагӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ба роҳ мондани кор дар самти коркарди пашм ва хушк кардани мева таҷҳизотҳои лозимӣ ворид карда шуданд. Бино барои ташкили фаъолияти корхонаи истеҳсоли макарон омода карда шуда, таҷҳизоту технологияҳои зарурӣ дар муҳлатҳои наздик ворид карда мешаванд.

Барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ҳудуди  ноҳия дар ҳаҷми  432,7  ҳазор  сомонӣ, аз ҷумла 50 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва 382,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои харидории сӯзишворӣ ва масолеҳу қисмҳои эҳтиётӣ ҷудо гардидааст.

Аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар ин давра дар роҳҳои ҳудуди ноҳия корҳои тоза намудани роҳҳои автомобилгард аз барф бо автогрейдер дар масофаи 6164 км/гард, кашонидан ва пошидани маводҳои зиддилағжишӣ дар ҳаҷми 752 тонна, тоза кардани ҷуйборҳои  канори роҳ ва қубурҳо дар ҳаҷми 435  метри мукааб, тоза кардани ҷуйборҳои канори роҳҳо 840 метритулонӣ, тозакардани 3 адад қубурҳои обгузар, гузоштани лавҳа ва парчамҳо 15 адад,  барқарор кардани садди муҳофизатӣ 1261 метри мукааб ба анҷом расонда шуд.

Дар ин давра дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 10 адад истгоҳҳои замонавӣ дар шафати шоҳроҳи байналмиллалии Ваҳдат – Рашт сарҳади Қирғизистон ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд.

Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи  Рашт  зиёда аз 1506   нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки аз ин 218 нафарашон занон мебошанд, 870   нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 157   нафар, аз ҷумла 46  нафар духтарон  ба филиали муассисаи давлатии «Маркази  таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, омӯзиши компютер, устои автомобил, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ фиристода шуданд,   474    нафар (занон 67 нафар) дар соҳаҳои гуногун  ба кор таъмин гардидаанд.

Аз ҷониби филиали муассисаи давлатии «Маркази  таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт 6   гурӯҳи омӯзишӣ бо фарогирии 133 нафар касбомӯзон, аз он 30 нафар занон  тариқи  худмаблағгузорӣ   ба омӯзиш ҷалб гардиданд.  Дар ин давра 86   нафар, аз ин 15  нафар занон ба шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта  шудаанд.

Муҳоҷирати  меҳнатии шаҳрвандони дар хориҷи кишварбуда 8728   нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 775   нафарашон занон мебошанд. Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 490   нафар кам шудааст.

Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 1264,7 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 368,2  сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 41 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия  8712  нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда, маблағи нафақапулиҳо дар ин давра  ба пуррагӣ пардохт гардидааст. Нафақаи миёна дар ин давра 285,54 сомониро ташкил медиҳад.

Барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 19  маркази саломатии деҳотӣ, 51 хонаи саломатӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ  фаъолият бурда, дар онҳо 139  табиб ва 463  нафар  корманди миёнаи тиб  фаъолият менамояд. Инчунин,  диспансери байниноҳиявии бемориҳои рӯҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад.

Ҷиҳати пешгирӣ намудани  паҳншавии  бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, сил, гепатити С ва бемории сироятии коронавирус (Covid-19)  масъулини  соҳа дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия корҳои профилактикӣ ва ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондаанд.

Баҳри иҷрои Амри  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, № 1365 “Дар бораи пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори раиси ноҳия аз 30 марти соли 2020, №217  “Дар бораи пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ  ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар ноҳияи Рашт” ба тасвиб расида, гурӯҳҳои корӣ ва нақшаи чорабиниҳо дар ин самт тасдиқ карда шудаанд.

Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои  пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус (Covid-19) аз тарафи муассисаи давлатии Шуъбаи дизенфексияи профилактикии ноҳия то имрӯз  дар ташкилоту муассисаҳо, масҷиду фароғатгоҳҳо, мактабу боғчаҳо, бозору марказҳои савдову хизматрасонӣ ва манзилҳои истиқоматӣ дар масоҳати 469024 метри мураббаъ корҳои безарраргардонӣ гузаронда, ҷиҳати иҷро намудани корҳои зиддиэпидемикӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия дар ҳаҷми 36120 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки барои қабул ва табобати гирифторони бемории коронавирус 30 нафар табибони ботаҷриба ҷалб гардида, дар назди шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия ва беморхонаҳои минтақавии Навобод, Ҳоит ва Қалъаи Сурх ҳуҷраҳои махсус ташкил карда шуда, беморон дар онҳо ба табобат фаро гирифта  шуданд. Ба ҳолати 1 июли соли 2020 дар муассисаҳои госпиталии зикргардида 111 нафар беморон  бо нишонаҳои бемориҳои сироятӣ бистарӣ кунонда шуда, баъди сиҳат ёфтан ҷавоб дода шуданд. Дар маҳалҳо бошад, 1113 нафар шаҳрвандон ба табобати амбулаторӣ фаро гирифта шуда, 1052 нафар пурра сиҳат ёфтаанд ва 61 нафар таҳти назорат қарор доранд. Шумораи фавтидагон 3 нафарро ташкил медиҳад.

Хушбахтона, бо кумак ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони маҳаллӣ ва ташкилотҳои саҳмгузор вазъи беҳдоштӣ, пешгирӣ ва табобати сироятёфтагон тадриҷан беҳтар гардид.

Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат барои кормандону беморони муассисаҳои тиббии ноҳия зиёда аз 50 тонна маводҳои озуқавории талаботи аввалия ва доруворӣ ворид гардида, дастраси онҳо гардонда шуд.

Соҳибкорони саховатпешаи ноҳия низ, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ин давра кумакҳои беғаразона расондаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандони ӯ ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дар ҳаҷми зиёда аз 151 ҳазор сомонӣ кумакҳои молиявӣ расонда шуда, 300 адад либосҳои махсус ва 1000 дона ниқобҳои яккарата дастрас карда, шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказӣ барои иловатан қабул намудани 20 бемор бо рахтҳои хоб, яхдону ҷевон ва мизу курсиву дигар ҷиҳозу лавозимотҳои зарурӣ таъмин карда шуд.

Чунин кумакҳо аз ҷониби соҳибкорон Судуров Ғаюр ба маблағи зиёда аз 50 ҳазор сомонӣ маводҳои озуқаворӣ, доруворӣ ва дигар асбобу лавозимоти тиббӣ, соҳибкор Шеров Ҳамзаалӣ 6 адад асбобҳои нафасдиҳии оксигенератор аз Федератсияи Россия ва соҳибкор Қиёмов Қимом кумакҳои молиявӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ расонида шуданд.

Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд, ки дар ҳудуди ноҳия намояндагӣ доранд, ба муассисаҳои тиббӣ кумакҳои доруворӣ ва маводҳои безараргардонӣ дастрас карда шуданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия хона-вагон барои бо табобат фаро гирифтани 20 нафар беморон ворид карда шуда, насб ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маводу таҷҳизотҳои лозимӣ таъмин карда шуд.

Фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳия бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар ноҳия 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият доранд, ки дорои 386 кати бистарӣ мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ  2380  нафар дар муассисаҳои госпиталии ноҳия бистарӣ шуда, саломатии худро барқарор намуданд.

Аз ҷониби  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби маблағгузории бахши хусусӣ дар давоми соли 2020 сохтмони биноҳои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Рувоз ва Санги кари Ҷамоати деҳоти Б. Раҳимзода ва нуқтаҳои тиббӣ дар деҳаҳои Истиқлол ва Чуғдабиёни Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз мегарданд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд соли ҷорӣ сохтмони 2 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Кочони Ҷамоати деҳоти Навдӣ ва Зарифии Ҷамоати деҳоти Тагоба ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Шумораи  занон дар ноҳия 64 ҳазору 739 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 34  ҳазору 191  нафарашон қувваи қобили меҳнат мебошанд. Аз ин шумора дар соҳаи тандурустӣ 430  нафар, соҳаи маориф 380  нафар, соҳаи фарҳанг 60 нафар, рушди соҳибкории хурду миёна 71 нафар занон кору фаъолият доранд. Теъдоди мутахассисони роҳбарикунанда аз ҷумлаи занон ба 193  нафар расидааст. Дар корҳои мавсимӣ 32 ҳазору 797 нафар занон бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд. Инчунин, 17  нафар занон ҳамчун вакил дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳуқуқҳои интихобкунандагонро ҳимоя менамоянд.

Дар ноҳия 4  корхонаи дузандагӣ – корхонаи дӯзандагии  “Чевар-2014”, «Бону-2014», «Зуҳал-2014» ва “Субҳи Рашт”, ки дар арафаи  ҷашни 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид,  фаъолият доранд,  ки дар онҳо 48  нафар занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар ноҳия 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 28267  нафар хонанда, ки 13638   нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, фаъолият мекунанд. Ба хонандагон  1636   нафар омӯзгор, ки аз ин 380  нафарашон занон мебошанд, таълим медиҳанд. Ҳамзамон, дар ноҳия 1 мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим бо фарогирии 180  нафар тарбиятгирандагон, 1 интернати наздимактабӣ бо фарогирии 50  нафар тарбиятгиранда, 2 боғчаи бачагона бо фарогирии 160 нафар тифлакон ва 46 адад Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1026 нафар  амал карда истодаанд, ки нисбат ба соли гузашта 6 марказ ва 90 нафар кӯдакон зиёд мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар ноҳия сохтмони 2 бинои боғчаи бачагона идома дошта, инчунин аз ҳисоби собиқ биноҳои муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо биноҳои нав сохта шуданд, баъд аз таъмиру тармим бунёд ва ба кор оғоз намудани 2 боғчаи бачагона дар ҷамоатҳои деҳоти Н. Махсум ва Ҳоит ба нақша гирифта шуда, дар нимаи дуюми соли ҷорӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 820  компютер, 72 адад ноутбук,  191  принтер, 14  адад тахтаи электронӣ, 42  адад видиопроектор ва 71 генератор мавҷуд мебошанд,  ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 67 компютер, 22 проектор, 2  тахтаи электронӣ зиёд мебошад. Дар нимсолаи  якуми соли равон 185 нафар директорон, ҷойнишинони директор ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳри Душанбе ва курсҳои сайёри дар ноҳия ташкилкардашуда аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштаад, ки нисбат ба нақшаи дар нимсола пешбинишуда зиёд мебошад.

Чиҳати ҷалби хонандагон ба омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорону волидон бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ 5 бинои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои  таҳсилоти  умумии № 16 деҳаи Чашмаи Қозӣ дорои 5 синфхона ва 2 кабинет , № 20 деҳаи Нимичак дорои 4 синфхона ва 3 кабинет, № 26 деҳаи Ялдамич дорои 5 синфхона, хонаи омӯзгорон ва толори маҷлисгоҳ барои 80 ҷойи нишаст ва № 67 деҳаи Навдонак дорои 6 синфхона ва 2 кабинет ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40 деҳаи Ҳисорак дорои 4 синфхона ва 1 кабинет сохта ба истифода дода шуд, ки барои 1500 нафар хонандагон дар ду баст шароити хуби таълим муҳайё гардид.

Айни замон дар назди 6 муассисаи таълимӣ сохтмони биноҳои замонавӣ идома дорад.

Дар ноҳия 64 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 13 хонаи фарҳангӣ, 3 клуб, 40 китобхона, 1 мактаби мусиқӣ, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ,  театри халқӣ, 2 осорхона (Осорхонаи назди бахши фарҳанг ва осрхонаи хусусии «Кӯҳсори аҷам»), 2 ёдгории таърихии монументалӣ амал намуда истодаанд.

Иштироки кормандони бахш дар баргузории чорабиниҳои Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз назаррас мебошад. Айни замон дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳракҳои Ғарм ва Навобод корҳои ободонию  шинондани дарахтони ороишӣ ва гулгаштҳо бомаром идома дорад.

Ҷиҳати иҷрои нишондоди банди 14 Нақшаи  чорабиниҳои “Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020” даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2020” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо гузаронда шуда истодааст.

Аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони китобхонаҳо дар деҳаҳои Қазноқи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум,  Қалъаи Сурхи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх, Варзигони Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, деҳаи Мусофирони Ҷамоати деҳоти Ясман  ва Ҳиҷбораки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак идома дошта, дар 9  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмони китобхонаҳо  ба  нақша гирифта шудааст.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳо ташкил карда шудааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1335 дар бора озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ ….” дар ноҳия корҳои мушаххас ба анҷом расонда шуда, бо қарорҳои раиси ноҳия нақша-чорабиниҳо ва ҷадвали баргузории даври аввали озмунҳо тартиб дода шуда, барои ғолибони озмунҳо ҷоизаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ муайян карда шуда, ҳоло омодагиҳо ба баргузории даври аввали озмун дар сатҳи ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар ҷараён аст.

Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 285 адад сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда,  44   ақди никоҳ бекор карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 12 адад кам мебошад.

Айни замон дар ҳудуди ноҳия  93  ташкилотҳои динӣ, аз ҷумла 1 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 5 масҷиди ҷомеъ, 87 масҷиди панҷвақта фаъолият менамоянд.

Дар шашмоҳаи  якуми   соли 2020  дар ноҳия 205  маърака, аз ҷумла 159 маъракаи туйи домодию арусӣ, маросими чил ва 28 ва 18 маъракаи сол  ба қайд гирифта шудаанд.

Хароҷоти умумии дар баргузории маъракаҳои туйи домодию арусӣ сарфшуда  695 ҳазору 466  сомониро ташкил медиҳад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 391 ҳазору 406 сомонӣ кам мебошад.

Вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 3 ҳолат ба қайд гирифта шуда, нисбати вайронкунандагони талаботи қонуни мазкур протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар ҳаҷми  12760  сомонӣ ҷарима муқаррар ва ба фоидаи давлат рӯёнда шуд. Дар масъалаи аз кишварҳои хориҷӣ бозпас овардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таълим мегиранд, тадбирҳои саривақтӣ андешида шуд. 84 нафар сокинони ноҳия дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар  таълим мегирифтанд, ки аз ин 45 нафар то дастур ва 35  нафар баъд аз интишори дастури Сарвари давлат ба Ватан баргардонда шуданд. Аз ин шумора 5 нафарашон дар соли 2019 баргардонда шуда, барои баргардондани 4 нафари боқимонда ҳоло ҳам   тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар ноҳия 63 адад масҷидҳое, ки аз қайди давлатӣ гузаронда нашуда буданд, биноҳои онҳо бо қарорҳои раиси ноҳия ба тавозуни муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ  маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш гузаронда  шуданд.

Ҳунармандони ноҳия дар озмуни ҷумҳуриявии “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам” фаъолона иштирок намуда, дар минтақа сазовори ҷойи якум ва дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 39634   нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия 126   иншооти варзишӣ, 3  варзишгоҳ, 1 маҷмааи варзишӣ,  94 майдончаи варзишӣ, 23 толори варзишӣ, 5 ҳавзи шиноварӣ, 1 мактаби варзишӣ бо теъдоди 23 мураббӣ ва 690 машқварзон (50  нафар бонувон) фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ  2   мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, 12 мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ, 13 чорабинии варзишии марҳилавӣ ва 22  мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, ҷамъ 49 мусобиқаи варзишӣ гузаронда шуда, ҷавонони ноҳия дар сатҳи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ  7 медали тилло, 6   медали нуқра, 7   медали биринҷӣ ва дар сатҳи минтақа бо 36 медал сазовор гардиданд. Вобаста ба хурӯҷи бемории сироятии коронавирус КОВИД-19 дар ин давра мусобиқаҳои варзишӣ кам гузаронда шуданд.

Дар ноҳия сохтмони 4 толори варзишӣ дар деҳаҳои Кӯлобаи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх, Ҳоити Ҷамоати деҳоти Ҳоит, Воринг ва Мусофирони  Ҷамоати деҳоти Ясман, 5  майдончаи варзишии ҳозиразамон дар деҳаҳои  Ялдамичи Ҷамоати деҳоти Қалъанак, Ярхаби Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак,  Шулеи Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, Қазноқи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум ва Зарифии Ҷамоати деҳоти Тагоба идома дошта, дар деҳаи Руноби Ҷамоати деҳоти Аскалон майдончаи нави замонавӣ дар арафаи ҷашни 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шуд ва сохтмони 5 майдончаи варзишии замонавӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 24 вохӯрию мулоқот оид ба таблиғи муҳтавои пайёми Пешвои миллат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии нашъамандӣ, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19,  даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, 30 чорабинии аксияҳо дар мавзӯъҳои “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ”, “Танзим баракати зиндагӣ”, ”Ниқоби ман ҳифзи саломатии ман”, “Саломатии мо дар дасти худи мост”, “Худ ва дигаронро ҳифз намо”, инчунин  4 озмунҳои ноҳиявии “Математики беҳтарин”, “Таронаи сарбоз” ва “Расмкашӣ зидди терор” ва “Суруди алла” гузаронда шуд.

Ноҳияи Рашт дар қатори дигар гӯшаву канори Ватани азизамон дорои захираҳои бой барои рушди сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ мебошад. Дар ноҳия мавзеъҳои нодир хеле зиёданд. Дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Ҷафр, Ҳоит, Ясман, Қалъанак ва даҳҳо дигар манзараҳои дилфиреб ва обу  шаршараҳо табъи бинандаро болида мегардонанд. Бо мақсади муаррифии имкониятҳои соҳа дар ҳамкорӣ бо шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон  барномаи махсус (Сайёҳ) ва 5 ролику лавҳаҳои таблиғотӣ омода гардида, намоиши онҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шуда истодааст.

Инчунин, тавассути сомонаи сайёҳии ноҳия ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ (facebook, YouTube ва instagram) аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ расму наворҳо омода гардида, мунтазам пахш карда мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин давра дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як ролики сайёҳӣ вобаста ба муарифии ноҳия таҳия гардида, пешкаши ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳон гардонда шуд.

Санаи 24 феврали соли равон аз ҷониби бахш дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 “Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021” даври аввали озмуни Ҷумҳуриявии “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” дар сатҳи баланд баргузор гардида, ғолибони озмун бо туҳфаю ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз  гардонда шуданд.

22 марти соли равон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар маркази ноҳия шаҳраки Ғарм бо ташаббуси бахш дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия намоиши имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Ҳунармандони ноҳия дар ин рӯз намоиши ҳунарҳои табақтарошӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, гулдӯзӣ, қарамадузӣ ва дигар ҳунарҳои хоси мардуми ноҳияро пешкаши меҳмонону сайёҳон гардонданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бахш ҷиҳати рушди намудҳои алоҳидаи сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ноҳия ду хатсайри нави сайёҳӣ вобаста ба намуди агро – экосайёҳӣ таҳия гардида, пешниҳоди ширкати сайёҳии “Рӯшноӣ” гардонда шуд.

Дар маҷмуъ то имрӯз дар ноҳия 8 хатсайри сайёҳӣ таҳия гардидааст. Соли 2019 дар ноҳия 6 хатсайрҳои нави сайёҳӣ аз ҷумла, хатсайрҳои Душанбе – Рашт – дараҳои Ҷафр – Камароб,  Душанбе – Рашт – дараҳои Ҷафр – Ҳоит,  Рашт – дараҳои Камароб – Тагоба, Рашт – дараи Ҷафр, Рашт – дараи Ҳоит ва Рашт – ҳавзи Шамар таҳия гардида, бо мақсади таблиғу ташвиқ тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ маълумоти лозимӣ дода шуданд.

Хатсайрҳои таҳиягардида, хатсайрҳои экологӣ, фарҳангию таърихӣ, агро – экосайёҳӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳатӣ буда, амалӣ намудани онҳо аз моҳи апрел то моҳи октябр имконпазир мебошад.

Вобаста ба муҳаё намудани шароити фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ бо дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази ноҳия 3 меҳмонхона ва 1 хостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022 дар ноҳия боз сохтмони 4 меҳмонхона бо фарогирии 89 ҳуҷра ва 200 кати хоб ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Рушди минбаъдаи соҳа ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳия ба сифатнок иҷро гардидани нақша – чорабиниҳои Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2018-2020, ки бо қарори раиси ноҳия аз 1 июни соли 2018, № 365 тасдиқ гардидааст, вобастагии зиёд дорад.

Тибқи нақшаи пешбинишудаи татбиқи Барнома дар давоми се соли оянда аз ҷониби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 153 ҳазор сомонӣ ва аз манбаҳои ғайрибуҷетӣ бошад, 2 миллиону 398 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи Барномаи мазкур дар шафати роҳи байналмилалӣ воқеъ дар кӯчаи Сари Пули Ҷамоати шаҳраки Ғарм сохтмони меҳмонхона, ошхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири автомобилҳо,  дар деҳаи Ҷафри Ҷамоати деҳоти Ҷафр сохтмони осорхонаи хусусии «Кӯҳсори Аҷам» ва осоишгоҳ бо ҳамаи имкониятҳо барои сайёҳон дар дараи Камароб аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ идома доранд.

Инчунин, чиҳати иҷрои  банди 7-и  Нақшаи чорабиниҳои Барнома бо қарори раиси ноҳияи  аз  20 марти соли 2020, № 205 озмуни “Мақолаи беҳтарин” байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, коллеҷҳои тиббию омӯзгорӣ ва Литсейи касбӣ – техникии ноҳия эълон гардида, натиҷаи он моҳи сентябри соли равон эълон мегардад.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани чашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди силсила истгоҳҳои замонавӣ бо нуқтаҳои хизматрасонии тиҷоратӣ ба нақшаи гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин самт оғоз гардидаанд.

Дар заминаи истгоҳҳои мазркур ташкили нуқтаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ва марказҳои иттилоотии сайёҳӣ дар назар дошта шудааст.

Бо мақсади иҷрои банди 30 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2019, № 4 оид ба насб намудани муҷассамаву нимпайкараҳо, амсилаи ҳайвонот ва парандагони нодири кишвар, бо тарзи назаррабо аз сангҳои табиии ба боду ҳаво тобовар дар хиёбону кӯчаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ,  дар ноҳия 16 адад амсилаи ҳайвонот ва парандагони нодири Тоҷикистон, 4 адад намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва 1 кати истироҳатӣ бунёд шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Айни ҳол дар ноҳия 2 осорхона (Осорхонаи назди бахши фарҳанг ва осрхонаи хусусии «Кӯҳсори аҷам»), 2 боғи фарҳангӣ фароғатӣ, 1 боғи ботаникӣ – фарҳангӣ, 3 меҳмонхона, 1 гестҳавз (меҳмонхонаи хурд), 5 ҳомстей, 3 адад тарабхона, 18 адад ошхона, 8 адад нуқтаҳои хӯроки тезтайёр, 1 маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғонҳои миллӣ, 1 маркази иттилоотии сайёҳӣ ва растаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар бозори марказии ноҳия фаъолият доранд.

Дар шаш моҳи соли равон ба ноҳия 732 нафар сайёҳон аз ҷумла, 709 нафар сайёҳони дохилӣ ва 23 нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд.

________________________________________________________________________________

ИҶРОИ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО БА  ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ноҳия ҷиҳати иҷрои  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 № АП-1059 оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 июни соли 2018, № 372 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021  таҳия ва тасдиқ карда шуда, бо қарорҳои раиси ноҳия аз 1 июли соли 2019, № 264 ва аз 10 апрели соли 2020, № 243 ба он тағйироту иловаҳо гардиданд ва ҳоло корҳои ободонию созандагӣ дар ин самт бомаром идома дорад.

Гуфта мешавад, ки Нақша-чорабиниҳои таҳиягардида аз 334 банд иборат буда, аз ин 19 банд ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва 315  банд ба бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун мутааллиқанд. Дар давоми солҳои 2018 ва 2019  аз ин шумора  160  иншоот ва дар арафаи Ҷашни 23 солагии “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” 18 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуда,  ба ҳолати 1 июли соли 2020 дар 87 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозӣ идома дорад.

Аз шумораи  315 иншооти ба нақша гирифташуда, 52  иншоот ба соҳаи маориф, 41 иншоот ба соҳаи варзиш, 41 иншоот оид ба таъмир, барқарорсозӣ ва ободонию чарғонкунии роҳу  кӯчаҳо, 24 иншоот ба сохтмони биноҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ, 30 хатҳои оби нӯшокӣ ва чоҳҳои амудӣ, 42 биноҳои маркази савдо, меҳмонхона, таваққуфгоҳ, ҳаммом,  нуқтаҳои хизматрасонии техникию фурӯши сӯзишворӣ, 14 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ, 19 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 14 иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 34 иншоот ба соҳаи иҷтимоӣ ва беҳгардонии шароити зист ва 4 лоиҳа ба соҳаи барқтаъминкунӣ тааллуқ доранд.

Тибқи Нақша-чорабинии мазкур бо ҷалби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ (12 иншоот), буҷети маҳаллӣ (10 иншоот), маблағгузории якҷоя аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳмгузории бахши хусусӣ (36 иншоот), шарикони рушд (21 иншоот) ва бештар ҷалб намудани маблағҳо аз ҳисоби бахши хусусӣ ва соҳибкорон (236 иншоот) пешбинӣ  шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, дар давоми солҳои 2018-2019  аз ҷониби онҳо зиёда аз 63 км роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия асфалтпӯш карда шуданд. Инчунин, дар давоми соли 2019 аз ҷониби соҳибкорон ва саҳмгузории бахши хусусӣ  8 адад майдончаҳои варзишии замонавӣ, 7 адад чоҳҳои амудӣ ва 4 хати оби нӯшокӣ, 3 бинои нави таълимӣ, 1 беморхонаи хусусӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 лоиҳаи чароғонкунии кӯчаҳо ва кашидани хати барқ ва 11 адад марказҳои савдову хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Инчунин, аз 18 иншооте, ки дар арафаи “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ба истифода супорида шуданд, 6 иншоот ба соҳаи маориф (4 бинои нави таълимӣ ва 6 синфхонаи иловагӣ), 1 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 5 иншоот ба соҳаи обтаъминкунӣ, 1 майдончаи варзишӣ, 1 корхонаи истеҳсолӣ, 1 лоиҳаи сохтмону барқарорсозии роҳҳо ва 2 маркази савдову хизматрасонӣ мебошанд. Сарчашмаҳои маблағгузории иншоотҳои зикргардида чунин мебошанд:

1 бинои хона-вагони дорои 20 кати хоб барои шуъбаи сироятии Беморхонаи марказӣ аз ҳисоби маблағҳои Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 бинои таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, 4 бинои таълимӣ ва 6 синфхонаҳои иловагӣ аз ҳисоби маблағгузории якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми аҳолӣ ва 11 иншооти дигар аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон ва аҳолӣ бунёд гардидаанд.

Хаҷми умумии корҳои сохтмонии дар давраи ҳисоботӣ  иҷрошуда  8 млн. 779,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

       Бо мақсади ба роҳ мондани риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозию сохтмон ва истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ дар таҳияи нақшаи бунёди иншоотҳо дар шаҳраку деҳоти ноҳия, дар ҳамкорӣ бо масъулин ва сохторҳои Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, бо истифода аз фаъолияти Корхонаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Рашт  лоиҳаи иншоотҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, тибқи он амалӣ карда мешаванд.