27 марти соли равон бо ҳузури 2163 нафар вакили интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуда, аз ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ 25 нафар ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Тибқи тасдиқи сабти хаттии рафти ҷаласаҳои панҷ ҳавзаи бисёрмандатии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Аҳли зиё, фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҳайати эҷодии рӯзномаи “Оинаи Рашт” Муқимӣ Раҳимҷон Набизодаро ба муносибати интихоб гардиданаш ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ӯ дар масири фаъолияти ояндаи роҳбарӣ дар ноҳия ва қонунигориаш дар кишвар, инчунин роҳандозии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навоҳии тобеъи мамлакат барору комёбиҳои беназир таманно менамоянд.