Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат намудан дар маъракаҳои интихоботии соли 2020 гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Рашт суҳбати доманадоре доир намуданд.
Вохӯриро раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ифтитоҳ кард ва баъди хайрамақдам гуфтани меҳмонон суханашро идома дода гуфт:
“Мақсад аз дидори имрӯза доир намудани суҳбату вохӯриҳо бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия, хусусан занону ҷавонон вобаста ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад”.
Намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Миралиев дар суханрониаш гуфт, ки соли 2020 ду маъракаи муҳим дар пеш аст – интихоботи вакилони Маҷлиси Олии кишвар, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқу ҷамоатҳо ва охири соли оянда интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Шарифов, намояндаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҳимов, муовини сардори РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт С. Сафаров ва прокурори ноҳияи Рашт Шоҳин Талбакзода сухан карданд.