Дастгирии қишри осебпазири ҷомеа амали хайру савоб буда, яке аз анъанаҳои неки ниёгонамон маҳсуб мешавад.
Имрӯзҳо ин амали хайр дар асоси дастуру супоришҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар доираи ҳамин тадбирҳо 3 декабри соли равон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ба зиёда аз 85 оилаи маъюб дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонда шуд.
Ҳамдулло Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Рашт, зимини суҳбат иттилоъ дод, ки барои дастгирии оилҳаи эҳтиёҷманд як хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 3 хонаи дигар идома дорад. Ҳамчунин, ба 50 нафар кӯдакони ятиму бепарастор либосҳои зимистона тақдим гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ ба маъюбон кумак расонда шудааст. Илова ба ин, 20 аробачаи маъюбӣ, 20 асобағал ва 30 асо ба пирону маъюбони барҷомонда дастрас гардидааст.