Хабарҳо

РАШТИ КУҲАН ҲУСНИ НАВИН МЕГИРАД

Дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъати тоза касб доранд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар низ 10 иншооти таъйиноти гуногун бо иштироки Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Зикр мешавад, ки сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10, дар деҳаи Тагобаи Ҷамоати деҳоти Тагоба аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба маблағи 2500 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5, дар деҳаи Шаҳрисабзи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3, дар деҳаи Қазноқи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба маблағи 1450 ҳазор сомонӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Амирбеки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх аз тарафи соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Варзигони Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода аз тарафи соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ, сохтмони 3 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои маъюб дар шаҳраки Навобод ва Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода аз тарафи соҳибкори саховатпеша Муҳиб Бобоҷонов, сохтмони майдончаи варзишӣ дар кӯчаи Эмом Муҳиддинови Ҷамоати шаҳраки Ғарм аз тарафи Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Шулонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх аз тарафи соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ аз ҷумлаи иншоотҳоеянд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои мутазаккира бо сифати баланд сохта шуда, ба муносибати ҳамин санаи тақдирсоз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ки баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 № АП-1059 оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён доранд.

 

Нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида дар ин самт аз 274 банд иборат буда, аз ин 19 банд ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, 255  банд ба бунёди сохтмони иншоотҳо мутааллиқ аст. То ҳол 148  иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар 54 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

 

Аз шумораи  255 иншооти ба нақша гирифташуда, 52 иншоот ба соҳаи маориф, 27 иншоот ба соҳаи варзиш, 36 иншоот оид ба таъмир ва барқарорсозии роҳҳо, 19 иншоот ба сохтмони биноҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ, 22 иншоот ба хатҳои оби нўшокӣ ва чоҳҳои амудӣ, 44 иншоот ба биноҳои маркази савдо, меҳмонхона, таваққуфгоҳ, нуқтаҳои хизматрасонии техникию фурўши сўзишворӣ, аз ҷумла 12 адад ба корхонаҳои нави истеҳсолӣ, 14 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 10 иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 26 иншоот соҳаи иҷтимоӣ ва 4 лоиҳа ба соҳаи барқтаъминкунӣ тааллуқ доранд.

 

      Ба гуфтаи манбаъ, аз шумораи умумии иншоотҳо 58 адад дар соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 83 адади дигар имсол ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, дар рўзҳои ҷашни 22 солагии Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супоридани 6 иншооти таъйиноти гуногун ва гузоштани санги асос барои 2 иншоот воқеаи хотирмон дар ҳаёти ҳар як шаҳрванди ноҳия буда, аз мардуми ноҳия боз ҳам масъулияти

баландро барои бештар саҳмгузорӣ намудан дар раванди корҳои ободонию созандагӣ талаб менамояд.