Ҳафтаи сипаришуда Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф, сармуҳаррири Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба водии Рашт сафари корӣ дошт.
Қурбоналӣ Раҳмонзода зимни сафари кориаш пас аз боздиди дастовардҳо дар шаҳри Роғун дар маркази ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, Ҳамидулло Маҳмадшозода, Баротзода Файзулло Раҷаб, Дӯстзода Ҳасан Тақдир ва Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат вохӯрӣ гузаронд.
Мавсуф зимни вохӯрӣ аз раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт барои ҳамкориҳои судманду бисёрсола изҳори сипос кард. Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” омодааст дар оянда ҳамкориҳои судмандро байни навоҳии водии Рашт бештар ба роҳ монад.
Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, Ҳамидулло Маҳмадшозода, Баротзода Файзулло Раҷаб, Дӯстзода Ҳасан Тақдир ва Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат изҳор доштанд, ки баҳри боз ҳам бештар гардондани муштариёни рӯзнома тадбирҳои иловагӣ меандешанд.
Дар фароварди вохӯрӣ мавсуф аз тарафи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба раисони ноҳияҳои водӣ сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ эҳдо кард.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Рашт муштариён тибқи нақша ба 700 нусха рӯзномаи “Ҷумҳурият” обуна гардида, дар назар аст, ки боз ба 50 нусхаи дигар обуна мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бобати сари вақт иҷро намудани нақшаи обуна дар ноҳияи Рашт бо сипосномаи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз ҷониби ин нашрияи 1-и кишвар сарфароз гардонида шуд.