Ҳозирини гиромӣ!
Қаблан мехоҳам ҳамаи Шумоёнро ба 25-умин солгарди Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, таманнои онро мекунам, ки зиндагиномаи ҳар яки мову Шумо дар доираи Қонуни асосии танзимкунанда ва пешбарандаи сиёсати имрўзаву ояндаи Ватани азизамон бобаракату пурсамар бошад.
Бисту панҷ сол қабл, яъне 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ яке аз санадҳои сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишони ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.
Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад”
Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.
Истилоҳи «Конститутсия» ҳанўз дар замонҳои пеш дар Рими қадим пайдо гардида, дар он давра ба давра баъзе санадҳои сиёсӣ-ҳуқуқии шоҳон дарҷ карда мешуданд.
Конститутсия дар шаклу мазмуни ҳозира бори нахуст соли 1787 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабул гардида, соли 1789 мавриди амал қарор гирифт.
Баъдан дар соли 1791 давлатҳои Полша ва Франсия Конститутсияҳои нахустини худро қабул намуданд ва ҳамин тавр раванди гузаштан ба низоми идораи Конститутсионӣ инкишоф ёфта, дар асри 19 аксарияти давлатҳои Аврупо ва баъзе давлатҳои Осиё раванди гузаришро ба охир расониданд.
Давраи дуюми инкишофи Конститутсионӣ ду давраи ҷанги ҷаҳониро дар бар мегирад, яъне аз оѓози ҷанги якуми ҷаҳон то ба охир расидани ҷанги дуюми ҷаҳон. Хусусияти хоси ин давра дар он аст, ки ѓалабаи Револютсияи Октябр асоси пайдоиши сохти нави давлатдории Сотсиалистӣ гардид ва дар баробари ин соли 1918 дар Россия Конститутсияи типпи нави Сотсиалистӣ қабул карда шуд, ки ин самти пешрафт ба Конститутсияҳои он давра як такони ҷиддӣ бахшид.
Пайдоиши Ҳукумати Шуравӣ ва қабули Конститутсияҳои солҳои 1924 ва соли 1936 дар модули Конститутсионии давраи дуюм таѓйироти куллӣ ба вуҷуд овард. Дар Конститутсияҳои нави собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ масъалаҳои муҳим, аз ҷумла соҳибихтиёрии миллӣ, инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ѓайраҳо ифодаи худро ёфтанд.
Вобаста ба нақши Конститутсия дар такоммули давлатдории Тоҷикистон мавриди зикр аст, ки тибқи Қонуни асосӣ эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мақсади Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки ин шакли эътирофшуда ва мутамаддини ҷаҳонӣ мебошад. Чунин интихоб ба пазируфтани мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуда, эътирофи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намуд.
Дар маҷмуъ зарурияти қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз дигаргуниҳо ва гузариш аз як сохти давлатӣ, шакли идоракунӣ ва реҷаи сиёсӣ ба шакл ё сохти давлати муосир вобастагӣ дорад, яъне ба бунёди давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона иртибот дорад.
Бо дарназардошти таъмин намудани рушди бемайлони устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стартегии мамлакат солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия таѓйироти зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму тақвият пайдо карданд.
Бисту панҷ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.
Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрўз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандўстӣ ба ободиву созандагии давлати соҳибистиқлоли худ машѓул аст.
Имрўз сокинони кишвари мо ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, Конститутсияи ҷавобгў ба орзуҳои мардумӣ доранд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.
Зарурат ва муҳимияти қабули Конститутсияи кишварро дар бунёди давлатдории миллӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда, аз ҷумла иброз доштанд: «Асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил дода, барои бунёди давлати нав-давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст»
Зеро ҳама ба хубӣ дарк менамоянд, ки қабули Конститутсияи нави кишвар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор рафта, пешрафти ҷомеа ва ташкили нави ҳокимияти давлатӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва муайян кардани ҳадафҳои пешгирифтаи давлат маҳз дар заминаи Конститутсия имконпазир мебошад.
Дар замони истиқлолият қабули Конститутсияи соли 1994 ба таҳияи санадҳои қонунгузории нави ҷавобгўи талаботу меъёрҳои байналмилалӣ ва дар амал самаранок татбиқ шудани чунин санадҳо мусоидат намуд. Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рўйдоди муҳим ва мондагори таърихӣ гардид.
Ҳоло кишвари азизи мо Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи рушди сифатан нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва созандаву бунёдкорӣ қарор дорад.
Иҷрои нақшаҳои дарпешистода аз ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ватандўсту ватанпараст тақозо менамояд, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ содиқонаву софдилона хизмат намоем ва тамоми кўшишу ѓайрати худро баҳри пешрафти давлати мустақили тоҷикон, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созем.
Дар баробари ин, ҳар як инсони равшанзамир бояд дар хотир дошта бошад, ки эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда вазифаи ҷониву виҷдонӣ ва амали ҳаррўзаи онҳо мебошад. Зеро давлати соҳибихтиёр бе Конститутсия вуҷуд дошта наметавонад ва дар навбати худ Конститутсия ҳамчун санади олӣ истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда, муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеаро инъикос менамояд. Ба қавли дигар Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол, гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва муайянсозандаи низоми давлатдорӣ мебошад.
Танҳо дар сурати иҷрои тамоми талабот ва риояи меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи давлати соҳибистиқлоламон, ба ҳадафи асосӣ-бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ метавонем ноил шавем.
Бешубҳа метавон гуфт, ки сокинони ноҳияи Рашт чун мардуми дигар манотиқи кишвар бо дарки ин ҳақиқат дар таъмини волоияти Қонун ва рушди минбаъдаи ноҳия ва Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро мегузоранд.
Дар охир қайд карданиам, ки маҳз бо шарофати Конститутсия ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҷаласаи навбатии худ 25 октябри соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”–ро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст қабул намуд.
Аз ҷазои ҷиноятӣ озод шудани зиёда аз 20 ҳазор нафароне, ки дар маҳбас ва ё ҷиноят содир намудаанд бори дигар садоқати Пешвои муаззамро ба миллату давлати хеш нишон медиҳад.
Бо ҳама нияту орзуҳои нек бори дигар мардуми шарифи ноҳияро ба 25-умин солгарди Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Бахтномаи миллат аст, табрику таҳният гуфта, ба яко-яки Шумо хушбахтию саодат ва рўзгори ободу осударо таманно менамоям.
Сарбаланду хонаобод бошед!