Хабарҳо

30 СЕНТЯБР ГУСЕЛИ БЕШ АЗ 100 НАВАСКАР ДАР ЯК ВАҚТ АЗ НОҲИЯИ РАШТ  

Маъракаи гусели наваскарон, ин даъват ба сафи Артиши миллӣ бори дигар собит сохт, ки ҷавонони ноҳияи мо аз сиёсати ватанпарваронаи Роҳбари давлат сидқан ҷонибдорӣ намуда, барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳамеша омодаанд. Дар назди майдони марказии ноҳия рузи 30 сентябр пиру барно барои гусели наваскарон дар ин маърака ҷамъ омада буданд.

Дар оғоз ба ин муносибат роҳпаймоӣ сурат гирифт. Чорабинии тантанавиро Зарина Идиева, муовини раиси ноҳия кушода эълон намуд.

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода раиси ноҳия ба сухан баромада, пиромуни ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ба тарбияи ватандўстии ҷавонон изҳори назар кард. Зимнан иброз дошт, ки боиси қаноатмандист, ҷавонони ноҳия пеш аз ҳама, дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатамонро ба хубӣ дарк намуда, сиёсати хирадмандонаю созандаашро эҳсос менамоянд. Ҳамчунин ў зикр кард, ки ҳаёти сарбозии имрўза аз ҳама гуна замонҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Имрўз ҷавонони  мо дар қисмҳои низомии кишвар танҳо ба хотири ҳимояи марзу бумамон, бақои давлатӣ миллӣ ва пойдории ваҳдату истиқлолияти давлатӣ хизмат мекунанд. Дар он ҷо ҳама чун фарзандони як модаранд. Камбудию норасоие  дар ҳаёти сарбозӣ ба чашм намерасад. Ҳамаи шароитҳои моддию маънавӣ барои сарбозон муҳайёст. Ҷавонони мо набояд фаромўш кунанд, ки дар кадом қисми низомие, ки хизматро адо менамоянд, дўстдори ватану сарзамини биҳиштосои худ бошанд.  Ба ҳар яки онҳо андарзи падарона медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, худшиносу худогоҳ бошанд. Фирефтаи суханҳои ҳар нохалафе нашаванд.  Ҳар қазияро на сарсариву бидуни андеша, балки аз зовияи ақлу хирад ва дурандешӣ кор бигиранд. Зеро танҳо андешаи солим, дўст доштани ватану миллат ва дўст доштани ҳар зарра хоки Тоҷикистони азиз ҷавонони миллатро ба манзили мақсуд мерасонад.

Пас аз суханронии раиси ноҳия прокурони ноҳияи Рашт Шоҳин Талбакзода,  собиқадорони меҳнат Ҷангӣ Абдуллоев ва Салтанат Одинаева, инчунин даъватшавандагон Усмоналӣ Давлатов ва Бурҳониддин Каримов  ба сухан баромада, дар хусуси ҳиссу ҳувияти миллӣ ва дўст доштани ватану ҳимояи марзу буми он ҳарф заданд.

Дар фароварди чорабинӣ  сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ва дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши ҳаводорон намуданд.