Ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷамъомади тантанавии мо бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доранд муовини аввали директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдуллоев Соҳибҷон Салоҳуддинович ва ташрифи меҳмони азизро ба ноҳияи Рашт хушомадед мегуям.
Истиқлолияти мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хоса пайвастааст ва ҳамеша мекўшад, ки набзи давлату давлатдории худро ба набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд. Зери ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо маънӣ нуҳуфтааст.
Аз ин санаи муҳими таърихӣ 28 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, он лаҳзаи фараҳбахшу хотирмоне, ки Иҷлосияи дувоздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон истиқлолияти кишварамонро эълон намуд, аз назари дидаву шунаванда ҳаргиз зудуда намешавад ва ин рўзи гувороро кулли мардуми кишвари маҳбуб бо ҳиссу рўҳи баланди ватандорию садоқат истиқбол намуданд.
Пазируфтани соҳибистиқлолии ҳар як давлат ба узвияти Созмони Миллали Муттаҳид чандон кори саҳл нест, вале дар муддати мадиде, яъне баъди ҳафт моҳи эълони соҳибихтиёрӣ дуюми марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида, соли 28-ум аст, ки баҳри таъмини баробарҳуқуқӣ, сулҳу субот ва амнияти мардуми олам ҳамаҷониба мубориза мебарад. Имрўз ба ҳеҷ кас пўшида нест, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки саъю кўшиш доранд сайёраамонро ба олам беҷангу зўроварӣ ва ба олами меҳнату эҷод табдил диҳанд, мақому мартабаи арзандаро соҳиб гардидааст. Возеҳтар баён намоем, тақдири давлатдорию қисмати талхи миллати кўҳанбунёду соҳибтамадуни мо дар марҳилаи омода қарор гирифта буд, ки ҳастиаш дар гумону нестиаш аён мегашт. Дар ин лаҳзаҳои пуртаҳлука, аз ин садамаи бузурги таърихӣ, ки ба сари давлату миллатамон ногаҳон омада буд, душманони бадхоҳи мо чӣ дар дохил чӣ дар хориҷи кишвар барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии хеш тадбиру дасисаҳои нав меандешидаанду паҳн мекарданд.
Ҳамзамон масъулияти бузурге бар дўши давлати соҳибистиқлол ва сарвари хирадманди он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада буд, ки гузоштани пойдевори истиқлолияти сиёсӣ, хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ, баланд бардоштани иқтисодиёт ва боз ҳазору як кори дигар, ки ҳалли яке аз дигар заруратро тақозо менамуд.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба дастовардҳои бузурги давлату миллат таъкид намудаанд: “Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид”
Марҳалаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои ниҳоят пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгу ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт.
Дар зарфи 28-сол бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати софдилонаи халқи тоҷик, дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуд. Бисту ҳашт соли даврони истиқлолият дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик ва аз нигоҳи раванди бунёди давлати муосир фосилаи чандон тӯлонӣ нест.
Сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки дар ин муддат вуҷуд доштанд, миллати тоҷик тавонист дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад.
Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он, ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба душӣ ҳар як сокини кишвар масъулияти азимро низ мегузорад.
Яке аз омилҳои расидан ба ин неъмати бебаҳо ва ҳимояи он, дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан парваридани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз мо шоҳиди воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки бар асари шиддати бесобиқа пайдо кардани бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва хатарҳои нав, аз ҷумла торафт вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳои экстремистиву террористӣ, амнияту суботи баъзе давлатҳои як вақтҳо ороми сайёра аз байн рафтааст.
Бисёр муҳим аст, ки ҳар як сокини ноҳия қиммати озодиву соҳибихтиёриро амиқан дарк намояд, ба қадри имкониятҳое, ки Пешвои маҳбубамон барои мо фароҳам овардааст бирасад ва онҳоро пурсамар истифода барад.
Мутаассифона, ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки аз ин неъматҳои бузург шукргузорӣ накарда, бо дасисаҳои хоҷагони манфиатҷу ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ шомил мешаванд. Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ҷиҳати роҳ надодан ба фикру ақидаҳои ифротгароӣ дар байни ҷомеа, алалхусус ҷавонону наврасон ва пешгирӣ намудан аз шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундгаро фаъолияти ҳамешагии худро роҳандозӣ намоем.
Мо бояд доимо дар хотир дорем, ки танҳо бо давлати соҳибистиқлол, Ватани осуда, ваҳдату ягонагӣ ва ҷомеаи пешрафта метавонем дар дунёи мутамаддин мақоми арзанда дошта бошем.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Рашт аслан корҳои созандагию бунёдкорӣ баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ оғоз ёфтанд.
Пеш аз ҳама беҳтар намудани дараҷаи некӯаҳволии мардум сархати фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор гирифт. Пастравии истеҳсолот дар ноҳия боздошта шуд. Ба ташкил ва таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ идома дода шуда, шумораи хоҷагиҳои коллективӣ, деҳқонию инфиродӣ ва ёрирасон, ки то соли 2000-ум 93 ададро ташкил медоданд, имрӯз зиёда аз 2711 ададро ташкил медиҳанд.
Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг фаъолияти худро рӯз то рӯз беҳтар намуда, барои тарбияи ахлоқию маънавии мардум, алалхусус насли наврас ва ҳифзи сиҳатии омма хизмат намуда истодаанд.
Сохта ба истифода додани биноҳои Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт, маҷмааи варзишӣ, бунёди корхонаи ордбарорӣ, ки ба мардуми натанҳо ноҳия, балки минтақа хизмат мерасонад, бинои Коллеҷи тиббӣ, биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит, Ясман, Қалъанак, Қалъаи Сурх, Ҷафр, Нусратулло Махсум, Тагоба, 30 адад марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, бунёди 7 муассисаи нави таълимӣ, 78 бино ва 142 синфхонаҳои иловагӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳракҳои Ғарму Навобод, биноҳои маъмурии прокуратураи ноҳия, нозироти андоз, филиали ҶСК тоҷиксодиротбонк, тоҷиксуғурта, Тоҷикстандарт, ҳифзи табиат, пули мошингузари деҳаи Ҳиҷборак, ки орзуи деринаи мардуми ин маҳал буд ва даҳҳо иншооти дигар, аз дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон ба шумор мераванд, ки барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини шароитҳои мусоиди кору хизматрасонӣ амалӣ гардидаанд.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059, Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо қарори раиси ноҳия аз 01 июни соли 2018, №372 тасдиқ карда шудааст, ки иборат аз 255 банд буда, раванди амалигардонии онҳо идома доранд.
Бо ҷалби шахсони саховатпеша 42 киллометр роҳҳои мошингарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳудуди ноҳия мумфарш карда шуданд.
Ҳамдиёрони азиз!
Мову шумо бояд аз ин дастовардҳои даврони истиқлолият ва хизматҳои арзандаи, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ кӯшишу ғайрат намоем. Вазифаҳои ба дӯш дошта ва масъулияти ватандории худро дар назди давлату миллат софдилона иҷро намоем. Зеро истиқлолият барои мо бахту саодат, сари баланд ва зиндагии орому осуда ато намуд.
Дар ин лаҳзаҳои пуршукӯҳи идона, ҳозирини арҷманд ва мардуми шарифи ноҳияро ба ифтихори ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии орому осуда ва барору комёбиҳоро орзу менамоям.
Бигузор, сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша ҳукмфармо ва истиқлолияти давлати тоҷикон ҷовидону бегазанд бошад!
Бигузор, нури хуршеди истиқлолият то абад равшангари ҳаёти ҷомеаи мо гардад!
Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!