Сайёҳӣ

ХАТСАЙРИ  Рашт – дараи  Ҷафр

БАХШИ РУШДИ САЙЁҲИИ НОҲИЯИ РАШТ

ХАТСАЙРИ  Рашт – дараи  Ҷафр  (2-рўза)

Рўзи якум

Боздид аз боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, осорхонаи «Кўҳсори аҷам» ва маркази ҳунармандӣ дар деҳаи Ҷафр (аз маркази ноҳияи Рашт дар масофаи 18км).

Хўроки шом ва шаб дар меҳмонхонаи хусусӣ дар деҳаи Ҷафр сипарӣ карда мешавад.

Рўзӣ дуюм

Субҳонаро дар деҳаи Ҷафр хўрда, то бегоҳ дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Ҷафр, махсусан парки себ, ки аз маркази деҳа дар масофаи 3 км баландар ҷойгир аст, сайёҳат анҷом дода мешавад.

ТАВСИЯҲО: сайёҳон бояд бо худ  либоси гарм, пойафзоли варзишӣ, кўлоҳ, корд, фонарик ва доруҳои лизимии ёрии аввалияро дошта бошанд.