Сайёҳӣ

ХАТСАЙРИ Душанбе – Рашт – дараҳои– Ҷафр – Ҳоит

БАХШИ РУШДИ САЙЁҲИИ НОҲИЯИ РАШТ

ХАТСАЙРИ ДушанбеРаштдараҳоиҶафрҲоит (6-рўза)

Рўзи якум

Қабули сайёҳон аз Фурудгоҳи байналмилаии шаҳри Душанбе.

Субҳона дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Душанбе. Боздид аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи пачами миллӣ, Боғи Рўдакӣ ва Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе.

Хўроки нисфирўзӣ дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Душанбе.

Баъд аз нисфирўзӣ тавассути автомашина ба самти ноҳияи Рашт (аз шаҳри Душанбе дар масофаи 180км) ба роҳ баромадан. Хўроки шом дар тарабхонаи «Рўҳафзо»-и ноҳияи Рашт

Шабро дар меҳмонхонаи «Соҳили Сурхоб» сипарӣ менамоянд.

 Рўзӣ дуюм

Субҳона дар тарабхонаи «Рўҳафзо». Баъд субҳона тавассути автомашина ба самти деҳаи Ҷафр (аз маркази ноҳия дар масофаи 18км) ба

 

роҳ баромада, то бегоҳ аз боғӣ ботаникӣ-фарҳангӣ, маркази ҳунармандӣ ва осорхонаи «Кўҳсори Аҷам» дидан менамоянд.

Хўроки нисфирўзӣ ва хўроки шомро дар меҳмонхонаи хусусӣ тановул намуда, шабро дар он ҷой сипарӣ менамоянд.

Бегоҳ ба маркази деҳаи Ҷафр баргашта, хўроки шом хурда шабро дар меҳмонхонаи хусусӣ сипарӣ менамоянд.

Рўзи сеюм

Баъд аз субҳона тавассути автомашина ва асп ба паки себ, ки аз маркази деҳаи Ҷафр дар масофаи 3 км баландтар воќеъ мебошад, ба роҳ баромада, то бегоҳ аз табиати зебои дараи Ҷафр дидан менамоянд.

Рўзи чорум

Баъд аз субҳона тавассути автомашина ба самти деҳаи Ҳоит (аз маркази ноҳия дар масофаи 50 км) ба роҳ баромада, то бегоҳ аз мавзеъи заминларзаи соли 1949 ва мавзеъҳои дигари таърихӣ, табиати зебои маркази деҳаи Ҳоит дидан менамоянд. Хўроки нисфирўзӣ ва хўроки шомро дар меҳмонхонаи хусусӣ хурда, шабро дар он ҷой мегузаронанд.

Рўзи панҷум

Баъд аз субҳона тавассути автомашина ва асп ба самти яке аз дараҳои зебоманзари Ҳоит дараи Шавр (аз маркази деҳаи Ҳоит 8 км) ба роҳ баромада, давоми рўзро дар он

ҷой сипарў намуда, хўроки нисфирўзӣ ва шомро дар ҳавои кўшод хурда, шабро дар он ҷой дар хайма сипарӣ менамоянд.

Рўзи шашум

Баъд субҳона сайёҳон то бегоҳ дар табиати рангини дараи Шавр сайру гашт намуда, бегоҳ ба маркази Ҳоит баргашта, шабро дар меҳмонхонаи хусусӣ сипарӣ менамоянд.

ТАВСИЯҲО: сайёҳон бояд бо худ  либоси гарм, пойафзоли варзишӣ, кўлоҳ, корд, фонарик ва доруҳои лизимии ёрии аввалияро дошта бошанд