Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ОЗМУНИ ШОҲНОМАХОНИИ ДАВРИ НОҲИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ дар ноҳияи Рашт озмуни шоҳномахонӣ дар сатҳи даври ноҳиявӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба забон ва адабиёти классикии тоҷик, инчунин арҷгузорӣ ба мероси безаволи устод Абулқосим Фирдавсӣ роҳандозӣ карда шуд. Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолона иштирок намуда, аз […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТИИ НАЗДИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ РАШТ ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

23 апрели соли 2026 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Рашт Шарифзода Ҳ.Ҳ. ҷаласаи навбатии кории Комиссия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни Комиссия аз ҳисоби мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МУЛОҚОТИ МУҲИМ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ РАШТ ДАР САМТИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ВА ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мулоқоти судманд ва пурмазмун бо иштироки намояндагони Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҷабзода Ҷаҳон Назар ва Ғаюрзода Меҳрубон Шукрулло баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ОҒОЗИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Бо фаро расидани фасли баҳор  дар ноҳияи Рашт мавсими кишти картошка  оғоз гардид. Ин иқдом дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ амалӣ карда мешавад. Кишоварзони ноҳия бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва тухмиҳои хушсифат, ба кишти картошка бо руҳияи баланд ва масъулияти ҷиддӣ шурӯъ намудаанд. […]

Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ВОХӮРӢ БО МАСЪУЛИНИ СОҲАИ МАОРИФ

Санаи 20 апрели соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт вохӯрии Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо бо масъулини соҳаи маориф баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ба ноҳияи Рашт сурат гирифта, он ба баррасии […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ТОМАКТАБИИ НОҲИЯИ РАШТ

Дар доираи сафари корӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ аз як қатор муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳияи Рашт боздид ба амал оварданд. Зимни боздид ҳолати фаъолияти муассисаҳои мазкур, шароити таълиму тарбия, сатҳи таъминот бо таҷҳизоти зарурӣ ва муҳити фароҳамгардида барои омӯзгорону кӯдакон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Сайёҳӣ Хабарҳо

ВОХӮРИИ СУДМАНД

    Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт  дар фазои созандаву ҳамдигарфаҳмӣ   баргузор гардид. Дар оғози мулоқот меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба маҳсули дастони ҳунармандони маҳаллӣ баҳои баланд доданд. Чорабинии мазкур бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ НАВРӮЗӢ

14 апрели соли ҷорӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Тоҷиддин, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва дигар меҳмонон аз намоишгоҳи бошукуҳи наврӯзӣ, ки ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил ва баргузор гардид, боздид ба амал […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА ПАҲЛАВОНОНИ ГӮШТИН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ифтихори миллӣ дар ноҳияи Рашт маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба паҳлавонони варзидаи гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Оғози мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рашт

Дар ноҳияи Рашт мусобиқаи гӯштини миллӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо расман оғоз гардид. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид гардид, ки гӯштини миллӣ ҳамчун яке аз намудҳои […]