Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ҚАДРДОНӢ

Охири ҳафтаи сипаришуда дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст, ҷавонону наврасони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бахшида ба 32 – солагии бароварда шудани Қувваҳои маҳдуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Зарина Идизода, муовини якуми раиси ноҳияи Рашт, ифтитоҳ бахшид.

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, собиқадорони ҷангу меҳнат, бахусус ҷанговарони башардӯстро самимона табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки истиқлолияти комил ва рушди ҳар давлату миллат аз сулҳу ваҳдат ва оромӣ сарчашма мегирад.

Ҳамчунин, ӯ  аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони ҷангу меҳнат ёдовар шуда, хотирнишон кард, ки хизматҳои содиқонаи ҷанговарон дар сангарҳои мубориза баҳри адои қарзи башардӯстона дар давлати Афғонистон ва дигар кишварҳои собиқи сотсиалистӣ, барқароркунии сохти конститутсионӣ ва таҳкими истиқлолият дар Тоҷикистон аз хотираҳо зудуда нахоҳанд шуд. Сокинони ноҳияи Рашт номи ҷавонмардони бошараф, ҳамсафон ва сарбозони ҳалокшуда дар набардҳоро ёдоварӣ намуда, ҳамеша гиромӣ медоранд.

Файзулло Эшонҷонов ва Сунатулло Бедимоғов – ҷанговарони башардӯст, ба сухан баромада, аз қадрдониҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимяти давлатӣ, ки аз роҳи сиёсати инсонгароёнаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад, изҳори сипос намуданд.

Раиси ноҳия дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи ҷанговарони башардӯст, ки 53 нафарро ташкил медоданд, кумаки молиявӣ расонда, онҳоро ба тановули нисфирӯзӣ ба ошхонаи Болои оби маркази ноҳия даъват кард.