Хабарҳо

МУҚИМӢ РАҲИМҶОН НАБИЗОДА: ” ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ ТОЗАИ РУШДИ НОҲИЯИ РАШТ”

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани рушди соҳаҳои иқтисодӣ,  аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ба сатҳи рушди он вобаста аст, дар ноҳияи Рашт тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегирад.

Тавре Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат иброз дошт,  таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия гувоҳи он аст, ки сокинони ин диёр дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати рушд ёфтани соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дастҷамъона саъю талош меварзанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар семоҳаи якуми  соли 2020 ҳаҷми умумии  истеҳсоли маҳсулот 65  миллиону 703,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он дар қиёси соли гузашта ба миқдори 124,8 ҳазор  сомонӣ афзудааст. Гардиши чаканаи мол низ дар ин давра ба  27  миллиону  728,8 ҳазор сомонӣ баробар гардид.

Барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби шуъбаҳои бонкии дар ноҳия амалкунанда ба маблағи  2   миллиону 502,9 ҳазор сомонӣ қарз дода шуда, 71 субъектҳои соҳибкории нав фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуд.

Бояд гуфт, ки  ҳоло дар ноҳия 2935 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ  фаъолият менамояд.  Имсол бунёди  69   гектар боғҳои нав ва  барқарор кардани 74  гектар боғҳои куҳна ба нақша гирифта шуда, дар семоҳаи якуми соли равон 46 гектар боғҳои нав бунёд карда шуда, 24 гектар боғҳои куҳна барқарор гардиданд. Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 353   кишти  зиротҳои  гузаронида шуд, ки нисбат  соли гузашта 353  гектар зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 18   миллиону 346,7  ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта  584,6  ҳазор  сомонӣ  зиёд ва суръати афзоиш 103,3  фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда як қатор корҳо ба анҷом расонида мешавад. Аз ҷумла, дар мавзеи «Дашти беоб»-и Ҷамоати  деҳоти Ҳоит 1,2 км қубурҳо хобонда шуданд, ки   маблағи корҳои  баанҷомрасондашуда 1 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил  медиҳад.

Бо дастгирии  обистифодабарандагон корҳои  таъмиру барқарорсозӣ дар масофаи 8 км дар канали “Намуна”-и  Ҷамоати деҳоти Ҳоит  корҳо оғоз  гардиданд.

Бо ҷалби маблағҳоисоҳибкорон ва саҳми аҳолӣ марҳилаи якуми сохтмони канали “Мардумӣ” дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх идома дошта, бо ба истифода супоридани он зиёда аз 100 гектар заминҳо обёрӣ карда мешаванд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 77706  сар, моли майда 172429 сар, асп 1498 сар, мурғ 117967 сар ва оилаи замбури асал 21762 оиларо ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди соли гузашта чорвои калони шохдор 3448 сар, моли майда 9223 сар, асп 28сар, мурғ 2957сарва оилаи замбури асал 191 оила зиёд шудааст.

Истеҳсоли гўшт ба 272,8  тонна, шир ба 65,6 тонна,  тухм ба 796,2  ҳазор дона расонда шуд, ки  мутаносибан нисбат ба  соли гузашта  гўшт 12,0  тонна, шир  43,9 тонна, тухм 1,5 ҳазор дона зиёд  мебошад.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия 6  миллиону  021,4  ҳазор   сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта 3   миллиону 351,6  ҳазор сомонӣ ё  35,8  фоиз кам  мебошад.

Сабаби кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 859 тонна кам гардидани истеҳсоли маҳсулот дар Корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм  мебошад. Агар корхонаи мазкур дар семоҳаи аввали соли гузашта ба маблағи 4 миллиону 85 ҳазор сомонӣ  маҳсулот истеҳсол карда бошад, ин нишондод дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1 миллиону 481,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 2 миллиону 603,5 ҳазор сомонӣ ё 63,8  фоиз кам гардидааст.

Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки  тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва сармояи хориҷӣ бунёди 12 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, ташкил ва ба кор оғоз намудани корхонаи мебелбарорӣ,  корхонаҳои истеҳсоли хишти пухта, масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал), истеҳсоли макарон ва хуроки чорво ва корхонаи дўзандагӣ нақшабандӣ шуда, корҳои бақайдгирӣ ва барасмиятдарории фаъолият  дар  корхонаҳои истеҳсоли хишт, масолеҳи сохтмонӣ ва дӯзандагӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи  Рашт  зиёда аз 780   нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки аз ин 466   нафар ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, 133   нафар, аз ҷумла 36  нафар духтарон  ба филиали Муассисаи давлатии «Маркази  таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт ба курсҳои кўтоҳмуддати дўзандагӣ, омўзиши компютер, устои автомобил, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ равона карда шуда,  125   нафар дар соҳаҳои гуногун  ба кор таъмин гардидаанд.

Аз ҷониби филиали Муассисаи давлатии «Маркази  таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт 6 гурўҳҳои омўзишӣ бо фарогирии 133 нафар касбомўзон, аз он 30 нафар занон тариқи худмаблағгузорӣ  ба омўзиш ҷалб гардиданд. Дар ин давра 62   нафар, аз ин 15  нафар занон ба шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта  шудаанд.

Ҷиҳати пешгирӣ намудани  паҳншавии  бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, сил, гепатити С ва бемории сироятии коронавирус (Covid-19)  масъулини соҳа дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия корҳои профилактикӣ ва ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондаанд.

Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои  пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус (Covid-19) аз тарафи муассисаи давлатии Шуъбаи дизенфексияи профилактикии ноҳия то имрўз  дар ташкилоту муассисаҳо, масҷиду фароғатгоҳҳо, мактабу боғчаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ дар масоҳати 58534 метри мураббаъ корҳи безарраргардонӣ гузаронда, ҷиҳати иҷро намудани корҳои зиддиэпидемикӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия дар ҳаҷми 7000 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рў ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар ноҳия 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият дорад, ки ҳамаи онҳо дорои 366 кати бистарӣ мебошанд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва  шарикони рушд дар соли ҷорӣ сохтмони 2 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Кочони Ҷамоати деҳоти Навдӣ ва Зарифии Ҷамоати деҳоти Тагоба ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳия  4  корхонаи дузандагӣ, аз қабили  корхонаи дўзандагии  “Чевар-2014”, «Бону-2014», «Зуҳал-2014» ва “Субҳи Рашт”, ки дар арафаи  ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид,  фаъолият доранд,  ки дар онҳо 48  нафар занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар ноҳия 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 28267  нафар хонанда, ки 13638   нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, фаъолият мекунанд. Ба хонандагон  1636   нафар омўзгор, ки аз ин 380  нафарашон занон мебошанд, таълим медиҳанд. Ҳамзамон, дар ноҳия 1 мактаб интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятим бо фарогирии 180  нафар тарбиятгирандагон, 1 интернати наздимактабӣ бо фарогирии 50  нафар тарбиятгиранда, 2 боғчаи бачагона бо фарогирии 160 нафар тифлакон ва 46 адад Маркази инкишофи кўдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1026 нафар  амал карда истодаанд, ки нисбат ба соли гузашта 6 марказ ва 90 нафар кӯдакон зиёд мебошад.

Ҳоло дар ноҳия сохтмони 2 бинои боғчаи бачагона идома дошта, инчунин аз ҳисоби собиқ биноҳои муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо биноҳои нав сохта шуданд, баъд аз таъмиру тармим бунёд ва ба кор оғоз намудани 2 боғчаи бачагона дар ҷамоатҳои деҳоти Нусратулло Махсум ва Ҳоит ба нақша гирифта шуда, дар нимаи дуюми соли ҷорӣ амалӣ карда мешаванд.

Чиҳати ҷалби хонандагон ба омўзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст.

Айни ҳол дар назди 9 муассисаи таълимӣ сохтмони биноҳои замонавӣ идома дошта, то ҷашни Рўзи ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешаванд, ки дар натиҷа 1800 ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии ноҳия зиёд мегардад. Инчунин дар давоми соли ҷорӣ сохтмони 3 бинои таълимии дигар ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳия 64 муассисаи фарҳангӣ, азҷумла 13 хонаи фарҳангӣ, 3 клуб, 40 китобхона, 1 мактаби мусиқӣ, 2 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ,  театри халқӣ, осорхонаи назди бахши фарҳанг, 2 ёдгории таърихии монументалӣ амал намуда истодаанд.

Иштироки кормандони бахш дар баргузории чорабиниҳои Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврўз назаррас мебошад . Айни замон дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳракҳои Ғарм ва Навобод корҳои ободонию  шинондани дарахтони ороишӣ ва гулгаштҳо бомаром идома дорад.

Аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони китобхонаҳо дар деҳаҳои Қазноқи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум,  Қалъаи Сурхи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх, Варзигони Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва  деҳаи Мусофирони Ҷамоати деҳоти Ясман  идома дошта, дар 10 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмони китобхонаҳо  ба  нақша гирифта шудааст.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳо ташкил карда шудааст.

Дар семоҳаи якуми   соли 2020  дар ноҳия 159    маърака, аз ҷумла 132  маъракаи туйи домодию арусӣ, маросими чил 18 ва 9  маъракаи сол  ба қайд гирифта шудааст. Вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  3 ҳолат ба қайд гирифта шуда, нисбати вайронкунандагони талаботи қонуни мазкур протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар ҳаҷми  11600  сомонӣ ҷарима муқаррар ва ба фоидаи давлат руёнида шуд.

Дар ҳудуди ноҳия 125   иншооти варзишӣ, 3  варзишгоҳ, 1 маҷмааи варзишӣ,  93  майдончаи варзишӣ, 23 толори варзишӣ, 5 ҳавзи шиноварӣ, 1 мактаби варзишӣ бо теъдоди 21  нафар мураббӣ ва 525  нафар машқварзон (25 нафар бонувон) фаъолият доранд. Ҳоло сохтмони 3 толори варзишӣ дар деҳаи Кулобаи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурҳ, деҳаи Ҳоити Ҷамоати деҳоти Ҳоит, деҳаи Воринги Ҷамоати деҳоти Ясман, 3  майдончаҳои варзишии ҳозиразамон дар деҳаҳои  Ялдамичи Ҷамоати деҳоти Қалъанак, Руноби Ҷамоати деҳоти Аскалон, Шулеи Ҷамоати деҳоти Боқӣ  Раҳимзода  идома дошта, сохтмони 4 майдончаи варзишии ҳозиразамони варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ноҳияи Рашт дар қатори дигар гўшаву канори Ватани азизамон дорои захираҳои бой барои рушди сайёҳӣ,  хусусан сайёҳии экологӣ мебошад. Бо мақсади муаррифӣ ва таблиғи имкониятҳои соҳа тавассути сомонаи сайёҳии ноҳия ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ маводҳои гуногун ба пайваста нашр карда мешаванд.

Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад ролики сайёҳӣ вобаста ба муарифии имкониятҳои сайёҳии ноҳия таҳия гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бахш ду хатсайри нави сайёҳӣ вобаста ба самти агро-экосайёҳӣ таҳия гардида, пешниҳоди ширкати сайёҳии “Рўшноӣ” гардонида шуд.

Дар маҷмўъ то имрўз дар ноҳия 8 хатсайри сайёҳӣ таҳия гардидааст. Соли 2019 дар ноҳия 6 хатсайрҳои нави сайёҳӣ аз ҷумла, хатсайрҳои Душанбе – Рашт – дараҳои Ҷафр – Камароб,  Душанбе – Рашт – дараҳои Ҷафр – Ҳоит,  Рашт – дараҳои Камароб – Тагоба,  Рашт – дараи Ҷафр, Рашт – дараи Ҳоит ва Рашт – ҳавзи Шамар таҳия гардида, бо мақсади таблиғу ташвиқ тавассути рўзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ маълумоти лозимӣ дода шуданд.

Хатсайрҳои таҳиягардида, хатсайрҳои экологӣ, фарҳангию таърихӣ, агро-экосайёҳӣ, кўҳнавардӣ ва истироҳатӣ буда, амалӣ намудани онҳо аз моҳи апрел то моҳи октябр имконпазир мебошад.

Вобаста ба муҳайё намудани шароити фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ бо дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша дар маркази ноҳия 4 меҳмонхона бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022 дар ноҳияи Рашт боз сохтмони 4 меҳмонхона бо фарогирии 89 ҳуҷра ва 200  кати хоб ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд.

Дар шафати роҳи байналмилалӣ воқеъ дар кўчаи Сари Пули Ҷамоати шаҳраки Ғарм сохтмони меҳмонхона, ошхона, нуқтаи фурўши сўзишворӣ ва таъмири автомобилҳо ва дар деҳаи Ҷафри  Ҷамоати деҳоти Ҷафр сохтмони осорхонаи хусусии «Кӯҳсори Аҷам» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди силсила истгоҳҳои замонавӣ бо нуқтаҳои хизматрасонии тиҷоратӣ ба нақшаи гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин самт бо маром идома доранд.

Бо мақсади иҷрои банди 30 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2019, №4 оид ба насб намудани муҷассамаву нимпайкараҳо, амсилаи ҳайвонот ва парандагони нодири кишвар, бо тарзи назаррабо аз сангҳои табиии ба боду ҳаво тобовар дар хиёбону кўчаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ,  дар ноҳия бунёди 22 адад амсилаи ҳайвонот ва парандагони нодири Тоҷикистон, 5 адад намунаи ҳунарҳои мардумӣ, 1 адад фавора ва 11 катҳои истироҳатӣ ба нақша гирифта шуда, то охори моҳи апрел дар дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия ва мавзеъҳои муайянгардида насб карда мешаванд.

Айни ҳол дар ноҳия 2 осорхона (Осорхонаи назди бахши фарҳанг ва осорхонаи хусусии «Кўҳсори аҷам»), 2 боғи фарҳангӣ фароғатӣ, 1 боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, 3 меҳмонхона, 5 Ҳомстей, 1 гестҳавз (меҳмонхонаи хурд), 3 адад тарабхона, 17 адад ошхона, 8 адад нуқтаҳои хўроки тезтайёр, 1 маркази ҳунармандӣ ва маркази фурўши армуғонҳои миллӣ, 1 маркази иттилоотии сайёҳӣ ва растаи фурўши ҳунарҳои мардумӣ дар бозори марказии ноҳия фаъолият доранд.

Тибқи маълумотҳои дастрасгардида ба ноҳия 217 нафар сайёҳон аз ҷумла, 207 нафар сайёҳони дохилӣ ва 10 нафар сайёҳони хориҷӣ ворид гардидаанд.

Ҷиҳати иҷрои  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 №АП-1059 оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 01 июни соли 2018, № 372 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021  таҳия ва тасдиқ карда шуда, бо қарори раиси ноҳия аз 1 июли соли 2019, №264 ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд ва корҳои ободонию созандагӣ дар ин самт бомаром идома доранд.

Нақша-чорабиниҳои таҳиягардида аз 274 банд, аз ин 19 банд чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва 255  банд бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун иборат аст, ки дар давоми солҳои 2018 ва 2019  аз ин шумора  160- иншоот мавриди истифода қарор дода шуда,  ба ҳолати 01 апрели соли 2020 дар 55 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозӣ идома доранд.

Аз шумораи  255 иншоотҳои ба нақша гирифташуда, 52  иншоот ба соҳаи маориф, 28 иншоот ба соҳаи варзиш, 36 иншоот оиди таъмир, барқарорсозӣ ва ободонию чарғонкунии роҳу  кӯчаҳо, 19 иншоот сохтмони биноҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ,     22 хатҳои оби нўшокӣ ва чоҳҳои амудӣ, 32 биноҳои маркази савдо, меҳмонхона, таваққуфгоҳ, нуқтаҳои хизматрасонии техникию фурўши сўзишворӣ, 12 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ, 14 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 10 иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 26 иншоот ба соҳаи иҷтимоӣ ва беҳгардонии шароити зист ва 4 лоиҳа ба соҳаи барқтаъминкунӣ тааллуқ доранд.

Тибқи  Нақша-чорабинии мазкур ҷалби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ (12 иншоот), буҷети маҳаллӣ (10 иншоот), маблағгузории якҷоя аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳмгузории бахши хусусӣ (36 иншоот), шарикони рушд (21 иншоот) ва бештар ҷалб намудани маблағҳо аз ҳисоби бахши хусусӣ ва соҳибкорон (176 иншоот) пешбинӣ  шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳоиободонию созандагӣ назаррас буда, дардавоми солҳои 2018-2019  аз ҷониби онҳо зиёда аз 63 км роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия асфалтпӯш карда шуданд. Инчунин, дар давоми соли 2019 аз ҷониби соҳибкорон ва саҳмгузории бахши хусусӣ  8 адад майдончаҳои варзишии замонавӣ, 7 адад чоҳҳои амудӣ ва 4 хати обинӯшокӣ, 3 бинои нави таълимӣ, 1 беморхонаи хусусӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ,     8 лоиҳаи чароғонкунии кӯчаҳо ва кашидани хати барқ ва 11 адад марказҳои савдову хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳоло корҳои сохтмонии биноҳои 2 муассисаи томактабӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 2 китобхона, 2 бунгоҳи тиббӣ, 3 толори варзишӣ, 6 майдончаи варзишӣ, 2 дорухона, 3 меҳмонхона, 2 сартарошхона, 9 марказҳои савдову хизматрасонӣ, 5 чоҳҳои амудӣ, 2 таъмиру барқарорсозии роҳҳо, 3 чароғонкунии кўчаҳо ва  5 адад  дигар биноҳои маъмуриву хизматрасонӣ идома дошта, қисми зиёди онҳо дар арафаи ҷашнҳои  23  солагии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  29 солагии Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Аз ҷониби масъулин ва мутахассисон корҳои баҳисобгириии ншоотҳои иловагӣ ҷиҳати ворид намудан ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии  корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

Бо мақсади ба роҳ мондани риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозию сохтмон ва истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ дар таҳияи нақшаи бунёди иншоотҳо дар шаҳраку деҳоти ноҳия, дар ҳамкорӣ бо масъулин ва сохторҳои Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, бо истифода аз фаъолияти Корхонаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Рашт  лоиҳаи иншоотҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, тибқи он амалӣ карда мешаванд.