Кишоварзӣ Хабарҳо

1 феврали соли 2020 таҷлили иди Сада дар ноҳияи Рашт

Иди Сада ҳамчун рамзи кишту кор, зиндашавии табиат, оғози кори деҳқон ҳамасола дар саросари кишварамон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Шукўҳу шаҳомати таҷлили имсолаи ин иди қадимаи тоҷикон то дергоҳ дар лавҳи хотирҳо нақш мебандад. Рӯзи 1 феврали соли 2020 дар маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм иди аҷдодии точикон яъне иди Сада ҷашн гирифта шуд.

Дар таҷлили ин ҷашни миллӣ Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, муовини прокурори ноҳияи Рашт, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон  ва  директорону   омўзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок дошта, аз дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дидан намуданд.

Сараввал муовини раиси ноҳия Идиева Зарина ҷамъомадро кушода эълон намуд.

Сипас раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизодда ба сухан баромада,  иштирокчиёнро  ба муносибати ин ҷашни аҷдоди табрику таҳният гуфт.

Ба ин гўшаи зебоманзар намояндагони кишоварзону аҳли фарҳангу зиё аз ҷамоатҳои шаҳраки ноҳия бо дастовезҳои зиёд, намунаҳои дастранҷи хеш, молу маҳсулот, шеъру суруду оҳангҳои тоза ҷамъ омаданд.

Ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳо дар ин ҷашн иштирок доштанд. Онҳо намоиши маҳсулотҳои қаноди, гўшту шир, мевагӣ, сабзавот, асал, мураббо ва афшураю нўшокиҳои ташнашиканро ба маърази тамошо  монданд, ки мақбули иштирокчиён гардид.

Дар фарҷом иди Садаро барномаи консертӣ, суруду навои дилошуби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия боз ҳам хушу дилписанд ва хотирмон гардонд.