МАЪЛУМОТИ  УМУМИ    ДАР БОРАИ ҶАМОАТИДЕҲОТИ  ҚАЛЪАНАК   ДАР СОЛИ  2026

Ҷамоати деҳоти Қалъанак дар соли 2026 дорои 5 деҳа, 1 567  хоҷагū ва 12313 нафар аҳолū мебошад,  аз ҷумла 6178- нафарро мардон ва 6135 – нафари дигарро занҳо ташкил медиҳанд.
Ба тобеияти он де
ҳаҳои Ялдамич, Белгӣ, Қалъанак, Шаҳринав ва Хуфак шомил шуда, дар ҳудуди он 5- мактаби таҳсилоти миёнаи умумū,   1 мактаби ибтидоū– таҷрибавū, 1 омўзишгоҳи касбӣ– техникӣ, 2 маркази саломатū, 3 бунгоҳи тиббū, 3 китобхона, 8 чойхонаи фароғатӣ, 7 масҷиди панҷвақта, 323 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва 15  нуқтаи соҳибкорӣ фаъолият доранд.
Масо
ҳати умумии Ҷамоат 9593,3 гектор мебошад.
Сўро
ғаи  Ҷамоати деҳоти Қалъанак: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Рашт, деҳаи Белгӣ.
Ҷамоати деҳоти Қалъанак дар ҳайати 16 деҳа дар байни солҳои 1936-1938 таъсис ёфтааст. Ба тобеияти он 12 деҳаи хурди дараи Хунич ва деҳаҳои Хуфаку Қалъанак, Белгию Ялдамич шомил мешуданд. Заминларзаи шадиде, ки соли 1949 дар водӣ ба вуқўъ пайваст баъди ноҳияи Ҳоит таъсираш беш аз ҳама ба  Ҷамоати мо расид. 12 деҳаи дараи Хуничро яксар аз байн бурд. Аҳолии зиндамондаи ин деҳаҳоро ба доманаи дара кўчонида, деҳаи Шаҳринавро ташкил намуданд. Номҳои маҳалҳо ва баъзеи ишороти маъхазҳои илмӣ шоҳид бар онанд, ки ин диёр таърихи қадима дошта, аз замони авастоиҳо маҳалҳои  он аҳолинишин буданд.  Дар асрҳои миёнагӣ ҳам инҷониб  бобоёни мо дар ҳамин ҷо зиндагū мекарданд. Инак, эзоҳи номҳои баъзеи маҳалҳо шоҳиди ин ақида шуда метавонанд.
Ҷамоати деҳоти Қалъанак  аз деҳаи Ялдамич оғоз мешавад, Ялдамич калимаи турки ба маънои оби паси тепа набуда,  балки калимаи авестоист. Шакли дурусташ Ялдимич мебошад. Дар ин ҷо «Ял» – маънояш паҳлавон, «Д» – шакли кўтоҳшудаи лаҳҹавии дия адабиаш деҳа. Маслан Навд мегўянд, яъне деҳаи нав. «Мич» маънои покиву тозагиро ифода мекунад. Ҳамаи калимаҳои авастоие, ки дар охирашон пасванди «ич» доранд, аз пок будани он далолат мекунанд. Масалан: Нимич, Ярхич, Шинглич, Хунич ва ғайра. Яъне, ки калимаи Ялдамич авастоӣ буда, маънои «Деҳаи паҳлавони пок»-ро дорад.
Деҳаи Белгӣ аз як ривояти таърихии ба ҳама маълум номгузорӣ шуда аст.
Калимаи Хуфак бошад, калимаи Су
ғдист, дар луғат маънои авалааш масдари сулфидан, маъмулан ҷои сулфа мебошад. Дуюм ба маънои хорӣ, сарафкандагӣ, ва сабурӣ омада аст. Дар ин ҷо аз беоб, хоки сафед доштан, ва зиёд будани гарду чанги ин манзар номи Хуфак шаҳодат медиҳад.
Деҳаи Қалъанак дар асрҳои миёнагū дар ҳамон даврҳои тоҷикнишин будани ин маҳал ташкил карда шудааст. «Қалъа»- калимаи арабū буда, шакли тоҷикиаш «Диж» мебошад «Нак» далолат ба хурдии ин маҳал мекунад.  Яъне «Қалъаи хурд» мебошад.
Деҳаи Шаҳринав таърихи қадима надошта, қаблан заминҳои ин деҳа ҳамчун заминҳои ғаллакории  мардуми дараи Хунич истифода мешуданд.
Хунич бошад, дар болои де
ҳаи Шаҳринави имрўза ҹой гирифта буд. Шакли қадимаи он Бунич буда, «Бун»  ба маънои таҳ, таг, зер дар луғат омада аст,  ва даруни дараро ҳам бун мегуфтанд.  Баъдтар ба маънои лаҳчавии буна, оила ва хона, омадааст, тавре дар боло гуфтем,  пасванди «Ин» аз тозагиву покии он далолат мекунад.
Мавриди зикр аст, ки баъди заминларзаи шадид соли 1950 боз аз сари нав Ҷамоати деҳоти Қалъанакро, дар ҳайати 5 деҳа ташкил намуданд, Аз баски деҳаи Қалъанак дар маркази ин деҳот мавқеъ дошт, идораи Ҷамоатро дар он ҷо сохта, номи Ҷамоати деҳотро низ Қалъанак номгузорӣ намуданд.  сохта, номи Ҷамоати деҳотро низ Қалъанак номгузорū намуданд.