Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ДАР РӮЗИ КӮДАКОН 3  ИНШООТИ НАВИ ИҶТИМОӢ ДАРҲОЯШРО БА РӮИ СОКИНОН БОЗ КАРД

  Дар партави сиёсати бунёдкорона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Рашт боз 3 иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар Ҷамоати деҳоти Навдӣ Маркази ҷавонон дар деҳаи Надӣ, Муассисаи таҳсилоти томактабии 12 ва дар деҳаи Бедак Муассисаи таҳсилоти томактабии 6 бо иштироки масъулин ва сокинон ба баҳрабардорӣ супорида шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи иншоотҳои мазкур раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо  иштирок намуда, аз иқдоми наҷибу ватандӯстонаи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, ки дар рушди инфрасохтори иҷтимоии ноҳия саҳми арзанда мегузоранд, изҳори сипос карданд.
Қайд гардид, ки бунёди муассисаҳои томактабӣ ва маркази ҷавонон барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, рушди маънавию зеҳнии кӯдакон ва ташкили фароғати судманди ҷавонон аҳамияти калон дошта, дар татбиқи ҳадафҳои давлату Ҳукумат ҷиҳати дастгирии насли наврас нақши муҳим мебозад.
Сокинони ноҳия ифтитоҳи иншоотҳои навро ҳамчун туҳфаи арзанда ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон арзёбӣ намуда, онро нишонаи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф, тарбияи насли ояндасоз ва ободонии диёр медонанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани иншоотҳои мазкур боз як қадами устувор дар роҳи рушди иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва ободонии ноҳияи Рашт ба ҳисоб меравад.