21 май бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии омӯзгорон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Маориф ва тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рашт иштирок намуда, муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва дигар масъалаҳои мубрами замони муосир мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки соҳаи маориф дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самти афзалиятноки рушди ҷомеа эътироф гардида, дар тарбияи насли ҷавон, ватандӯст ва муқовимат ба коррупсия нақши муҳим дорад.


