Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх дар соли 2024 дорои 20 деҳа, 1993 хоҷагū ва 19175 нафар аҳолū мебошад, Аз ҷумла 9754- нафарро мардон ва 9403 – нафари дигарро занҳо ташкил медиҳанд.
Ба тобеияти он деҳаҳои Чорчароғ , Ланагар, Сайдон , Маҳла, Кулоба, Чугдабиён, Калъаи Сурх, Кадара .Лангарак, Шулонак, Сияхлояк, Оличахако, Д-амирбек, Навдонак. Истиклол, Баҳористон, Себистон, Нигова .Ниёзбегиён ва Шулхоб шомил шуда, дар ҳудуди он 12- мактаби таҳсилоти миёнаи умумū, 1 мактаби миёна , 1 маркази саломатū, 8 бунгоҳи тиббū, 5 китобхона, 28 чойхонаи фароғатū, 15 масҷиди панҷвақта, 520- хоҷагии деҳқонии инфиродū ва 13 нуқтаи соҳибкорū фаъолият доранд.
Масоҳати умумии Чамоат 1112 хазор гектор мебошад.
Сўроғаи Ҷамоати деҳоти Калъаи Сурх : Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Рашт, деҳаи Калъаи Сурх
М У Қ А Д И М А
Ҷамоати деҳоти Калъаи Сурх дар ҳайати 20 деҳа дар байни солҳои 1930—1931 таъсис ёфтааст. Ба тобеияти он 7 деҳаи Чорчарог , Ланагар, Сайдон , Махла, Чугдабиён, Шулхоб деҳаҳои хурд мебошанд. Деҳаи Навдонак таърихи буда, дар он калъаи таърихи мебошад ки ба номи Калаи духтар ва Калъаи писар ва Калъаи Бобурхон мебошад. Номҳои маҳалҳо ва баъзеи ишороти маъхазҳои илмū шоҳид бар онанд, ки ин диёр таърихи қадима дошта, аз замони авастоиҳо маҳалҳои он аҳолинишин буданд. Дар асрҳои миёнагū ҳам инҷониб бобоёни мо дар ҳамин ҷо зиндагū мекарданд. Инак, эзоҳи номҳои баъзеи маҳалҳо шоҳиди ин ақида шуда метавонанд.
Ҷамоати деҳоти Калъаи Сурх аз деҳаи Навдонак оғоз мешавад, Навдонак калимаи точики ба маънои Нов –мебошад, яъне нови об доштааст. Деҳаи Калъаи Сурх аз як ривояти таърихии ба ҳама маълум номгузорӣ шуда аст.
Калимаи Калъа бошад, яъне Калъа дар ин деҳа чойгир будааст.