МАЪЛУМОТИ УМУМИ ДАР БОРАИ ҶАМОАТИ
ДЕҲОТИ ҶАФР ДАР СОЛИ 2024
Ҷамоати деҳоти Ҷафр дар соли 2024 дорои 5 деҳа, 1310 хоҷагӣ ва 8770 нафар аҳолӣ мебошад, Аз ҷумла 4490- нафарро мардон ва 4280 – нафари дигарро занҳо ташкил медиҳанд.
Ба тобеияти он деҳаҳои Мулло Барот, Ҷафр, Нимичак, Нимич ва Ганҷдара шомил шуда, дар ҳудуди он 5- мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаби ибтидоӣ, 1 маркази саломатӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 2 китобхона, 8 чойхонаи фароғатӣ, 6 масҷиди панҷвақта, 4 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ, 109 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва 15 нуқтаи соҳибкорӣ фаъолият доранд.
Масоҳати умумии ҷамоат 74,82 мебошад.
Сӯроғаи Ҷамоати деҳоти Ҷафр: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Рашт, деҳаи Ҷафр.
Ҷамоати деҳоти Ҷафр дар ҳайати 5 деҳа дар байни солҳои 1929 таъсис ёфтааст. Ба тобеияти он деҳаи Ганҷдара, Нимич, Нимичак, Чафр, Мулло Барот шомил мешаванд.. Номҳои маҳалҳо ва баъзе ишороти маъхазҳо илмӣ шоҳид бар онанд, ки ин диёр таърихи қадима дошта, аз замони авастоиҳо маҳалҳои он аҳолинишин буданд. Дар асрҳои миёнагӣ ҳамин ҷониб бобоёни мо дар ҳаминҷо зиндагӣ мекарданд. Инак, эзоҳи номҳои баъзеи маҳалҳо шоҳиди ин ақида шудаметавонанд.
Ҷамоати деҳоти Ҷафр аздеҳаи Мулло Барот оғоз мешавад.
Деҳаи Ҷафр аз як ривояти таърихии ба ҳама маълум номгузорӣ шудааст.
Калимаи Ҷафр бошад, калимаи авастои буда, маънои авалааш байни дуоба мебошад. Деҳаи Ҷафр дар асрҳои миёнагӣ дар ҳамон даврҳои тоҷикнишин будани ин маҳал ташкил карда шудааст.
Деҳаи Нимич таърихи қадима дошта, қаблан заминҳои ин деҳа ҳамчун заминҳои ғаллакории мардум истифода мешуданд.
Нимичак, бад аз деҳаи Нимич имрўза ҷой гирифта шудааст. Шакли қадимаи он Нимичак буд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳайати 5 деҳа ташкил шудааст. Аз баски деҳаи Ҷафр дар маркази ин деҳот мавқеъ доша, идораи ҷамоатро дар он ҷо сохта, номи ҷамоати деҳотро низ Ҷафр номгузорӣ намуданд.