Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

    Дар замони муосир, коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ маҳсуб ёфта, муносибати махсусро талаб менамояд. Бе шубҳа таъсири омилиҳои номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизотӣ, кам гардидани боварии шаҳрвандон ба институтҳои давлатӣ ва демократӣ таъсир манфӣ мегузорад.
Истило
ҳи коррупсияин кирдори (ҳаракат ва беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробаркардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имконияти онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани  неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари дар қонунҳо  пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ва беҳаракатӣба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд. Аз ин ҷост, ки мубориза бо коррупсия  иродаи қатъии роҳбарияти сиёсии мамлакат бо мақсади расидан ба тавофуқи байни ҳамаи қувваҳои солимфикри ҷамъият, вусъати ботадриҷ ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати мубориза бо коррупсия мебошад.
Дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми мақомоти давлатӣ ва махсусан Президенти мамлакат барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешидаандНахуст, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахўрӣ)» ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт. Сипас, дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»«Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хусусигардонӣ», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа», кодексҳои гумрук, андоз, меҳнат, маданӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Инчунин чораҳои таъмини шаффофият ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ қабул гардид ва уҳдадории ҳар як хизматчии давлатӣ барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амвол муқаррар гардид.
Дар баробарин ин, бо ма
қсади амали сохтани асоси институтсионалии мубориза бо коррупсия  соли 2004   дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори махсуси мубориза бо коррупсия ташкил шуд. Дар охири соли 2006 ислоҳоти мақомоти идораи давлатӣ баргузор гардид. Дар доираи ин ислоҳот миқдори вазорату идораҳо кам карда шуданд. Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кўшишҳои зиддикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони тиҷорат ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин бартараф намудани такрори  вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ барои муқобилият бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 143 «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор сохтани ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидои, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин гузаронидани назорати давлатии молиявӣ иборат мебошад. Айни замон, асосҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти ин мақомот ташкил ва тақвият меёбад.
Шоистаи таъкид аст, ки
ҳоло дар кишвар Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул шудааст, ки қисми ҷудонашавандаи барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 буда, ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар заминаи ин, нақшаи чорабиниҳои амалисозии  Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки тамоми вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои бандҳои нақшаи чорабинии мазкур тибқи тартиби муқарраргардида мунтазам тадбирҳо андешида истодаанд.