Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ПАЁМ РОҲНАМОСОЗИ ЗИНДАГИИ МО

Баррасии шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат, бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт баргузор карда шуд.

Санаи  18 январи соли 2024, дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх  бо иштироки  ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон  дар ноҳияи Рашт Раҷабзода Маҳмадёр, Ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия Давлатов Ҷамолддин ва масъулони ноҳия, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯри доир гардид.

Зимни вохурӣ нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат шарҳ дода шуда, ҳамзамон вобаста ба масъалаи мубрами рӯз, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ аз тарафи наврасону ҷавонон, ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва роҳандозии корҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.