Суханрониҳои раиси ноҳия

Табрикоти раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

Муҳтарам ҳомиёни низому тартибот,

Ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барҳақ таъкид намудаанд, ки: «Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақш ва мавқеи хоса доранд. Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солхои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.»

Воқеан ҳам, вақте ба саҳифаҳои рангини ҳаёти мамлакатамон назар меафканем, мебинем, ки мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯзхои аввали ба фаъолият оғоз намудан барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои хилофи қонун дар сафи пеши муборизаҳо қарор дошт.

Дарки баланди масъулият, самимият ба касби пешакарда ва далерию мардонагӣ дар солҳое, ки вазниниву мушкилиҳо пешорӯи кормандони милитсия буданд, натавонист азму иродаи онҳоро шиканад. Ба ҳама ин душвориҳо нигоҳ накарда, кормандони милитсия масъулияти  баланди касбиро бо сарбаландӣ ба ҷо меоварданд.

Таърихи мақомоти корҳои дохилӣ дар он давра пур аз саҳифаҳои корнамоӣ ва шуҷоату далерӣ мебошад, ки аз содиқ будани хизматчиёни он ба савганди касбии худ гувоҳӣ медиҳад. Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ безарар ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Метавон садҳо нафар кормандони  ба касби хеш содиқро ёдовар шуд, ки ба хотири таъмини ҳаёти  осоиштаи мардуми кишвар ҷони  худро нисор кардаанд. Давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти кишвар, посдори сулҳу субот ва ба яке аз фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гардида, дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, қочоқчиёни маводи нашъаовар обутоб ёфта, таҷрибаи баланди касбӣ пайдо намуданд.

Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад. Иҷрои ин вазифаҳои муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст. Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноятӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшон ва зиндагии орому осудаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон талошҳои зиёд намуданд.

Тантанаи Рӯзи милитсия тантанаи тамоми мардуми кишварамон мебошад, зеро кормандони он бо кирдору рафтори ватандӯстонаи худ дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтаанд. Беҳуда нест, ки дар байни мардуми кишварамон ибораи «милитсияи ман-ҳимоятгари ман» хеле маъмуласт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти қудратӣ андешаҳояшро нисбати милитсия чунин иброз дошта буд:

«Ман аз кормандони милитсия миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халқи худ адо менамоянд. Милитсия ҳомии низому тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон, посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардумаст».

Саҳми милитсияи тоҷик дар таърихи амнияти давлату манфиатҳои ҳуқуқии халқамон дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ, хосса дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзанда буда, аз санҷишҳои таърихӣ гузаштааст.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сол то сол заминаи мусоиди моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ фароҳам оварда мешавад. Ҳамасола таҷлил гардидани Рӯзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ин ниҳоди муҳими давлатӣ мебошад.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ин ниҳод, ки барои халқу Ватан хизматҳои содиқона карда истодаанд, ҳамасола тадбирҳои судмандро роҳандозӣ мекунад. Дар арафаи таҷлили Рӯзи милитсия ҳавасманд намудани собиқадорону оилаҳои  кормандоне, ки дар адои вазифаи хизматӣ ба ҳалокат расидаанд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ расонидани кӯмак ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт имрӯзҳо бо сарбаландӣ аз уҳдаи вазифаи хеш баромада истодаанд. Натиҷаи кордонӣ ва истеъдоди баланди касбии онҳост, ки дар минтақа ва ноҳияи Рашт оромӣ ва сулҳу субот пойдор буда, сокинони маҳал бо дилпурӣ барои таъмини зиндагии шоиста заҳмат мекашанд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Раштро ба Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфта, саломативу сарбаландӣ ва дар фаъолияти хизматиашон барору комёбиҳо орзумандам!