Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

Табрикоти раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба ҷашни Сада

     Ҳамдиёрони азиз!

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ ба ҳисоб рафта, мову шумо вазифадорем, ки ба он эҳтиром гузошта, ба саҳифаҳои расму оини миллиамон назар андўхта, онро ҳамчун асоси ғояи ватандўстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Ҷашни Сада дар қатори ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон аз даврони қадим ҳамчун яке аз идҳои маъмули мардумони мо ба шумор мерафт.

Ин аст, ки бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои таҷлили ҷашнҳои суннатии ниёгонамон Наврўзу Меҳргон ва Сада рўзҳои муайян расман тасдиқ шудааст. Ҷашни Садаро мо акнун бо дар назардошти арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ баргузор менамоем.

Ниёгони мо моҳияти ҷашни Садаро пирўзии рўшноӣ бар торикӣ, гармо ба сармо ва некӣ бар бадӣ арзёбӣ намуда, мардум онро бо афрўхтани гулханҳои бузург гиромӣ медоштанд.

Сада ҳамасола дар рўзи 10-уми баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардад, ки баробар  ба 30 январи солшумории мелодист. Ҷашни Садаро, азбаски дар меҳвари он оташ меистод «ҷашни оташ» ҳам номидаанд.

Гузаштагони мо баъди ҷашнгирии Сада ба корҳои кишоварзию боғдорӣ шуруъ мекарданд. Деҳқонон хокистари гулхани Садаро ҷамъ оварда, ба заминҳои худ бурда, бо орзую нияти баракату фаровонӣ мепошиданд. Боғдорон ба шинонидани ниҳол ва шохчабурии  дарахтон сар мекарданд.

Дар рўзҳои таҷлили ин ҷашн намоиш ва фурўши дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ, тухмиҳои ҳар гуна зироатҳоро  ба роҳ мемонданд.

Инчунин, бояд қайд кард, ки оид ба пайдоиш ва моҳияти Ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихӣ  ривоятҳои зиёде омадааст, ки калимаи Сада марбут ба рақами 100 мебошад.  Ва боз овардаанд, ки миёни Сада ва Наврўз 50 шабонарўз, яъне 50-рўз ва 50-шаб буда, аз ин сабаб ҷашнро Сада ном ниҳодаанд. Фирдавсии бузург оғози ҷашни Садаро рўзи кашфи оташ донистааст, чунки оташ яке аз муҳимтарин унсури ҳаётофар дар радифи об, ҳаво ва хок меистад.

Бо гузашти замон ва кўшиши гурўҳҳои  иртиҷоию динӣ  ин ҷашни миллии мо ба гушаи фаромўшӣ рафт. Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон ҳамчун ҷашни миллӣ аз нав эҳё гардид. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзиш ва қиммати ин ҷашни миллии аҷдодӣ баҳои баланд дода гуфтаанд: «Сада ба монанди Наврўз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир анъанаву расму оинҳо  ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрўз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ  барои инсоният хизмат менамояд».

Чуноне ки дида мешавад, нишонаҳои ҷашни Сада дар пояи ҳаёти иҷтимоии  аждоди гузаштаи мо ба чашм мерасад ва аз ин рў, мо ҳуқуқи маънавӣ дорем, ки онро баробари Наврўзи хуҷастапай ҳамчун омодагӣ ба кишту кори баҳории кишоварзон чун сунати дерини ниёгонамон ҷашн гирем.

Боиси қаноатмандист, ки  дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана  ва ҳунарҳои мардумӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қатори дигар ҷашну маросим ҷашни Сада низ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ  бо шукўҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад.

Бо истифода аз ин фурсат ҳамаи шумоёнро ба ҷашни Сада, ки аз таърихӣ гузаштаи ниёгонамон дарак медиҳад самимона муборакбод гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро бароятон таманно менамоям.

 

Сарбаланду саодатманд бошед!