Хабарҳо

Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Мудири бахш Нуъмоншо Исматов

Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбарандаи сиёсати ҳифзи иҷтимоии давлатро дар ноҳия пеш мебарад. Бахусус дастгирии маъюбон, нафақахурон дар фаъолияти бахш самти асоси мебошад. Бахшро мудир ва мутахассиси пешбар идора менамоянд.

 

 

12.

(а)

Соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2019

12.7. Дар ноҳияи Рашт Маркази будубоши кўдакони имконияташон маҳдуди “Аниса” ва Шуъбаи хизматрасонии иҷтимои дар хонаи маrомоти иxроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт фаъолият менамоянд. 114-нафар бошандагони мувақкатӣ ва дар хона хизмат расонида мешавад. Барои соли  2018 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ  170594 сомонӣ барои ҳифзи иҷтимоӣ ҷудо гардидааст.

Дар ноҳия 1766 маъюб ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1 нафар шахси дар солҳои ҶБВ дар ақибгоҳ хизматкарда, 19 нафар маъюб — ҷанговари башардӯст, 6 нафар маъюби садамаи Чернобил, 323 нафар маъюби то 18 — сола,  21 нафар ятими кўл ва 1563 оилаҳои камбизоат мебошанд.

12.8. Вазъи пардохти нафақаҳо хуб ба роҳ монда шуда сари вақт нафақахурон маблағҳои худро бо воситаи корти плостикӣ дастрас менамоянд. 8332 нафар шахсон ба нафақа фаро гирифта шудаанд. Аз ин 5686 нафар гирандагони нафақаи меҳнатӣ, 612 нафақаҳои бесаробонмонда, 2646 гирандагони нафақаҳои иҷтимоӣ мебошанд.

12.9. Барои амалӣ гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014 таҳти №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кўмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат», дар ноҳия чораҳои зарурӣ андешида мешавад.   Аризаҳо аз ҷониби 14 ҷамоатҳои шаҳракию деҳотии ноҳия ба махзани ягона ворид шуда,  тавассути  барномаи  электронӣ  маълумотҳо  коркард  ва  ба 1563 нафар мувофиқи Методикаи амалкунандаи муайян намудани оилаҳо ва  шаҳрвандони  камбизоат  кўмаки  унвонии  иҷтимоӣ  таъин  гардид. Дар ин самт корҳо хуб ба роҳ монда шудааст.

 

12.10. Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии маrомоти иxроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мутобиқи  муқаррароти  санадҳои  меъёриву  ҳуқуқӣ  дар  самти хизматарасонии  иҷтимоӣ  ва  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  13 декабри  соли  2012,  №724  “Дар бораи тартиб  ва  ҳаҷми  пешниҳод  намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ ба эҳтиёҷмандон”фаъолияти муассисаҳои иҷтимоиро  ба  роҳ  монда,  сатҳу  сифати  хизматрасониҳои иҷтимоиро,  ки  ба   пиронсолону  маъюбони  яккаву танҳо,  оилаҳои  дар  шароити  душвори  зиндагӣ  қарордошта  ва  кўдакони имконияташон маҳдуд расонида мешаванд, ба низоми муайян даровардааст. Нафақахӯрон ва маъюбон қишри осебпазири аҳолӣ ба ҳисоб мераванд. Маблағе, ки аз буҷети ноҳия барои ҳифзи иҷтимоӣ ҷудо мешавад, асосан барои кўмакпулии яквақта ба шахсони дар садамаи Чернобил зарардида, иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорони меҳнат ва маъюбони модарзод сарф мегардад. Ҷиҳати  тавонбахшии  кўдакони  имконияташон  маҳдуд, ки ба роҳбаладӣ  ва  тавонбахшии  иҷтимоию  тиббӣ   ниёз  доранд,  Маркази  будубоши  рўзонаи «Аниса» барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта таъсис гардидааст. Ҳамчунин дар Мактаб — интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рашт 250 нафар кӯдаки ятиму бепарастор тарбия гирифта истодаанд.

Барои хизматрасонӣ ба кӯдакони маъюб ва шахсони яккаву танҳо дар манзили зисташон шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият менамояд.  Кормандони ин шуъба  114 нафар кӯдаки маъюб ва ятимро зери назорат гирифта, ба онҳо дар хонаҳояшон хизмат мерасонанд.

12.11. Маrомоти иxроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт  ба қишри осебпазиру ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд ва барои татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рўи барномаҳои қабулгардида  чораҳои зарурӣ меандешад.

12.12. Набудани Марказҳои истироҳатию табобатӣ  барои собиқадорони ҷангу меҳнат. Дар ноҳия иншоотҳои нимтаёр мавҷуд буда, дар мавзеҳои барои истироҳат ва табобат бекор хобидаанд.

 

 

12.6 Маълумот дар шакли матн ва замимаи 26

 

 

 

12.7 Маълумот дар шакли матн ва замимаи 27

 

Маълумот дар шакли матн

ДастгоҳиМИМҲД,

муассисаҳои иҷтимоӣ

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи 26

Нишондиҳандаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар нуҳмоҳаи соли 2019

 

Номгўи нишондиҳандаҳо Воҳиди ченак Дар давраи ҳисоботӣ Ба ҳамин давраи соли гузашта Фарқият

(+,)

1 Нишондиҳандаиафзоишиаҳолӣ (%) фоиз 129842 123876 +5966
2 Шумораи таваллуди кўдакон шумора 2373 1990 +383
3 Шумораи ақду никоҳва барпо намудани оила шумора 677 756 -79
4 Шумораи ҷудошавӣ шумора 85 86 -1
5 Шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ шумора 2 2 0
6 Аз ҷумла ташкилоти ҷамиятию хусусие,  ки дар асоси фармоиши иҷтимоӣ бо мақомотииҷроияи маҳаллии ҳокимиятидавлатӣҳамкорӣ  менамоянд ва ба аҳолӣ хизмат мерасонанд шумора 1 1 0
7 Шумораи бошандагоне (доимӣ ва муваққатӣ), ки дар муассисаҳомавҷуданд нафар 114 108 +6
8 Ҳаҷми маблағе, киазбуҷети маҳаллӣ барои ҳифзииҷтимоӣ пешбинӣ ва ҷудо шудааст Ҳазор сомонӣ 170594 147092 +23502
9 Шумораи маъюбоне (мард/зан), ки дар қайди мақомот мебошанд нафар 1766

 

1771 +5
10 Аз ҷумла шумораи кўдакони маъюби то синни 18-сола (писар/духтар) нафар 323 306 +1
11 Аз онҳо ба таълими фарогир дастрас мебошангд нафар 189 129 +60
12 Шумораи оилаҳои камбизоате, ки дар ҳолати зиндагии душвор қарор дошта, ба қайд гирифта шудаанд шумора 1563 1855 -292

 

 

Замимаи 27

Маълумот оид ба теъдод ва вазъи пардохти нафақаҳо

Нишондиҳандаҳо Воҳиди ченак Шумораи нафақахўрон Афзоиш/ коҳиш (нафар) Афзоиш/ коҳиш (%)
Ба ҳолати

1.01.соли 2018

Дар давраи ҳисоботӣ Дар ҳамин давраи соли гузашта Нисбат ба аввали сол Нисбат баҳамин давраи соли гузашта Нисбат ба аввали сол Нисбат баҳамин давраи соли гузашта
1 Шумораи умумии нафақахўрон ҳазор

нафар

  8332 8060 272 272 272 272
2 Нафақаҳои меҳнатӣ ҳазор

нафар

  5686 5648 38 38 38 38
3 Нафақаҳои бесарубонмонда нафар   612 628 16 16 16 16
4 Гирандагони

нафақаҳои иҷтимоӣ

нафар   2646 2412 234 234 234 234
5 Аз ҷумла бо сабаби маъюбӣ аз овони кўдакӣ нафар   323 313 10 10 10 10
6 Бинобар надоштанӣ собиқаи меҳнатӣ нафар   2646 2412 234 234 234 234
7 Ҳаҷми талаботи пардохти нафақаҳои як моҳа ҳазор сомонӣ   2337314,59 1964264,25 373050,34      
8 Маблағгузории пардохти нафақаҳо ҳазор сомонӣ   2337314,59 1964264,25 373050,34      
9 Мавҷудияти қарзи пардохти нафақаҳо ҳазор сомонӣ   _ _        
10 Ёрдампулӣ барои дафн   113263 96429 16834      
а Шумора шумора   127 96 31      
б Маблағи пардохтшуда ҳазор сомонӣ   2337314,59 1964264,25 373050,34