Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

Табрикоти раиси  ноҳияи  Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба муносибати Соли нави мелодии 2020

Ҳамдиёрони азиз!

 

Ҳамаи Шумо ва мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2020 самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори ободу осуда ва хушбахтиву иқболи нек орзу менамоям.

Соли 2019 барои сокинони ноҳия аз бисёр ҷиҳат соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро мо ба дастоварду пешравиҳои муҳиму назаррас ноил гардидем.

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар тантанаи ҷашни 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сокинони ноҳия рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Дар соле, ки сипарӣ гардид корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи шоистаи 30-солагии ҷашни мубораку муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама гӯшаю канори ноҳия ривоҷу равнақ пайдо намуда, итминон дорам, ки дар соли 2020 низ амалҳои ватандӯстонаи мардуми шарифи ноҳия дар бунёди иншооти гуногун вусъати бештар гирифта, ба ин васила бисёр мушкилоти иҷтимоии дар шаҳраку деҳоти ноҳия ҷойдошта бартараф карда мешаванд.

Чуноне дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа  доштанд ин гуна иқдому ташаббусҳо, ки имрӯзҳо аз ҷониби садҳо нафар соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд амалӣ шуда истодаанд, ҳамеша қобили таҳсину дастгирӣ мебошанд.

Воқеан вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки ба хотири пешрафти минбаъдаи Тоқикистони азизамон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои сокинон саъю талош намоем.

Зеро, бунёди сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон зикр намуд, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2021 зиёда аз 274 иншооти муҳими хоҷагии халқи ноҳия таҳия гардида, 141 иншооти он дар солҳои 2018-2019 сохта мавриди истифода қарор гирифта, дар 8 иншооти дигар корҳои сохтмони босуръат идома доранд.

Қобили қайд аст, ки саҳми соҳибкорони ноҳия, дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, дар давоми соли 2019 аз чониби онҳо зиёда аз 22 киллометр роҳҳо асфалпӯш шуда, 5 майдончаи варзишии замонавӣ, 7 чоҳи амудӣ, 4 хати оби нӯшокӣ, 3 бинои нави таълимӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 лоиҳаи чароғонкунии кӯчаҳо ва 11 марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Аз Пайёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки соли оянда лаҳзаҳои фараҳбахшу хотирмон мардуми Тоҷикистонро интизор аст.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 сола, инчунин дигар маъюбоне, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷдошта, ба онҳо дар асоси Қонун “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёда шуда, андозаи он ба нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда мешавад.

Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирон аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешаванд.

 

Ҳозирини гиромӣ!

Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон дури даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва эътимод дорам, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд ҳам содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд.

Интихоботи дар пешистода ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як сокини ноҳия ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоишу таъмини рӯзгору зиндагии шоиста, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносиро тақозо менамояд.

Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихобот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар доираи талаботи қонун ба Комиссияи интихоботӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам месозад.

Мову Шумо бо андешаи солим бояд номзадии вакилонеро ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ пешниҳод намоем, ки шахсони донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обруманд ва ватандӯсту хештаншинос бошанд.

Бовар дорам, ки соли нави мелодии 2020 соли амалишавии орзуву мақсадҳои неки давлату миллати тоҷик мегардад ва мардуми шарифи ноҳияи Рашт дар рушду пешрафт ва ободиву бунёдкорӣ бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар сокинони ҳимматбаланду заҳматпеша ва саодатманду сарбаланди ноҳияро ба фарорасии Соли нави мелодии 2020 самимона табрик гуфта, ба яко-яки Шумо тансиҳатӣ, хонаи обод ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Сарбаланду саодатманд бошед!