Дар доираи тадбирҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар маркази шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт карнавали идона бо иштироки васеи омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар оғози тантанаҳои наврӯзӣ Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва дигар меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаи маориф, хони наврӯзи ва ҳунарҳои мардуми дидан намуданд.
Чорабинии мазкур дар фазои тантанавӣ сурат гирифта, иштирокчиён бо рӯҳияи баланди идона, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар фаъолона ширкат варзиданд. Омӯзгорону хонандагон бо либосҳои миллӣ, рамзҳои наврӯзӣ ва барномаҳои рангини фарҳангӣ дар ин карнавали бошукӯҳ саҳм гузошта, фазои идонаро боз ҳам шукуфон гардониданд.
Зимни баргузории карнавал, намоиши анъана ва суннатҳои қадимаи миллӣ, аз ҷумла оростани дастархони наврӯзӣ бо ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманак, пешниҳоди ҳунарҳои мардумӣ, инчунин суруду рақсу саҳначаҳои тарбиявӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки бозгӯкунандаи фарҳанги ғанӣ ва таърихи куҳани миллати тоҷик мебошанд.
Қайд гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, оғози корҳои саҳроӣ ва кишоварзӣ буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва гиромидошти анъанаҳои ниёгон нақши муассир дорад.
Дар ҷараёни чорабинӣ Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирокчиёни ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба омӯзгорону хонандагон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо сулҳу оромӣ, рӯзгори обод, файзу баракат ва дастовардҳои нав орзу намуданд.
Дар охири аз ҷониби омӯзгоруну хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт барномаи фарҳанги саршор аз меҳру муҳаббат ба ватани азиз ва Наврӯзӣ байналмилали пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

