Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТАГОБА

Дар доираи таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз, тантанаҳои идона дар Ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Рашт бо шукӯҳу шаҳомати хос идома ёфтанд.
Дар чорабинии идона муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Шарифзода Ҳамдулло иштирок намуда, сокинону меҳмононро ба муносибати фарорасии Наврӯзи аҷам табрик гуфт. Зимни суханронии худ номбурда таъкид намуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати мардум мебошад ва таҷлили он дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аҳамияти бузург дорад.
Барномаи фарҳангии идона бо иштироки ҳунармандон, хонандагон ва сокинони маҳаллӣ хеле ҷолибу рангин баргузор гардида, аз суруду мусиқӣ, рақсу саҳначаҳои тарбиявӣ ва намоиши расму ойинҳои миллӣ иборат буд. Ҳамзамон, дастовардҳои сокинон, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Тантанаҳои Наврӯзӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ифтихори миллӣ баргузор гардида, бозгӯи эҳтироми амиқи мардум ба фарҳангу анъанаҳои бостонӣ мебошад.