Дар фазои тантанавӣ ва пуршукӯҳи чорабинии фарҳангиву варзишӣ, бо дастгирии ҳамешагии раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, маросими супоридани шоҳҷоизаҳо баргузор гардид.
Шоҳҷоизаҳои асосӣ ба ғолибони сазовор — Лоиқзода Муҳаммадин ва Махмарасул Давлатов тақдим карда шуданд. Мавсуфони номбурда бо нишон додани маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва омодагии хуб дар рақобати шадид сазовори ин мукофоти олӣ гардиданд.
Ин ташаббусҳо бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарияти ноҳия ба рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани рӯҳияи рақобатпазирӣ миёни ҷавонон мусоидат мекунанд.
Маросими ҷоизасупорӣ бо рӯҳияи болида ва кафкӯбиҳои гарму самимии ҳозирин анҷом ёфт.


