Дар доираи чорабиниҳои идона ва бо мақсади рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, дар Ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт мусобиқаи гӯштини байналмилалӣ бо дастгирии Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва соҳибкорони Ҷамоат баргузор гардид.
Дар чорабинӣ паҳлавонон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва меҳмонон иштирок намуда, маҳорати баланди варзишӣ, неруи ҷисмонӣ ва ҳунари касбии худро намоиш доданд. Мусобиқа дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рақобати солим баргузор шуда, таваҷҷуҳи зиёди мухлисонро ба худ ҷалб намуд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, барои паҳлавонони беҳтарин туҳфаҳои махсус, аз ҷумла автомобилҳо, тақдим карда шуданд.
Тавре ки қайд мешавад, чунин чорабиниҳои варзишӣ ба мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни халқҳо, баланд бардоштани обрӯи варзиши миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ мусоидат мекунанд. Баргузории мусобиқаи гӯштини байналмилалӣ дар Ҷамоати деҳоти Навдӣ боз як иқдоми муҳим дар роҳи рушди соҳаи варзиш ва муаррифии анъанаҳои неки миллӣ мебошад.

